Ҷавонони Норин аз донишҷӯёни УЦА узр пурсиданд

Бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Норин

Як гурӯҳ аз ҷавонони шаҳри Норини Қирғизистон аз донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷики ин муассиса, барои талаби ба зону задани онҳо узр хостаанд. Ин ҷавонон рӯзи 9-уми июн ба омӯзгорони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ кӯлоҳ ва китоби “Манас”-ро ҳам тақдим карда ва гуфтаанд, ки дар ҳодисаи рӯзи панҷшанбе ба “эҳсосот” дода шуданд. Диана Фауна, устоди донишгоҳ ҳам гуфт, ки аз ин сулҳ хушҳол аст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар робита ба ҳодисаи Норин, ки як гурӯҳ ҷавонони маҳаллӣ донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла донишомӯзони тоҷик ва устодони онҳоро “барои муноқиша дар бозии баскетбол” ба зону задан маҷбур кардаанд, парванда боз намуд. Мақомоти Қирғизистон рӯзи 9-уми июн гуфтанд, ки омилони ҳодиса ба “авбошӣ” муттаҳам мешаванд. Таҳқиқи қазияро Идораи пулиси вилояти Норин бар уҳда дорад.

Дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин 71 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон, Қазоқистон ва Афғонистону Покистон таҳсил доранд.

Наргис Нурова – консули Тоҷикистон дар Бишкек – рӯзи 9-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳодиса огоҳанд ва қазияро таҳқиқ мекунанд.

Рӯзи 8-уми июн як гурӯҳи, ба иттилои мақомоти Қирғизистон, саднафарии ҷавонони шаҳри Норин дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ё УЦА ҷамъ шуда, талаб кардаанд, ки донишҷӯёни тоҷик “барои муноқиша” дар бозии баскетбол ба зону зананд ва аз онҳо узр пурсанд. Гуфта мешавад, ки дар бозии рӯзи 27-уми май дар толори варзиши Донишгоҳи Осиёи Марказӣ гӯё миёни ҷавонони маҳаллӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик, низоъ сар задааст.

Дар як навори видеоӣ, ки рӯзи 8-уми июн нашр шуд, дида мешавад, ки бо вуҷуди даъвати раиси вилояти Норин Амонбой Кайипов ва ҳузури кормандони пулис ҷавонони маҳаллӣ донишҷӯёнро маҷбур карданд, ки ба зонӯ нишинданд. Дар ниҳоят як устоди донишгоҳ ва чанд донишҷӯ дар пеши онҳо ба зону зананд.

Ин видео бо мавҷи вокунишҳои асосан манфӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯ ба рӯ шуд. Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон рафтори ҷавонони Норинро танқид карда, ғайри қобили қабул донистанд.

Донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мегӯянд, дар бозии баскетбол миёни онҳо ва ҷавонони Норин ягон низои ҷиддӣ ё муноқишаи гурӯҳӣ сурат нагирифта буд. Онҳо мегӯянд, он вақт як нофаҳмие ба миён омад ва дар ҷояш ҳал шуд.

Худоназар Имомёрбеков, донишҷӯи тоҷик мегӯяд, аммо вақте ӯву чанд ҳамсабақаш рӯзи 8-уми июн ба шаҳр баромаданд, баъзе аз ҷавонони маҳаллӣ бо ҳар баҳона ба онҳо ҳамла кардаанд. “Милисаҳо омада, моро бурданд ва мардуми зиёд ҳам аз қафои мо ба милисахона омаданд. Дар онҷо ба ин хулоса омаданд, ки бояд аз ду гурӯҳ 15-нафарӣ ҷамъ шуда, дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо ҳам созиш намоем. Аммо ба ин вохӯрӣ на 15, балки беш аз 150 нафар сокини Норин омад”, - нақл кард ӯ.

Вохӯрии донишҷӯён бо сокинон дар маркази забономӯзии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ сурат гирифтааст. Хурсанд Шарипов, донишҷӯи дигари тоҷик, гуфт, вақте барои мулоқот бо 15 узви тими баскетболбозони Норин омаданд, издиҳоми одамонро диданд, «бо забони қирғизӣ чизе мегуфтанд. Ба мо гапи онҳоро тарҷума намекарданд. Талоши декани мо ҳам, ки мехост сухан кунад, беҳуда буд, ӯро гӯш намекарданд. Ба тарафаш курсӣ партофтанду ноҳурматӣ карданд ва ӯ ҳам хомӯш монд.”

Ба гуфтаи ин донишҷӯ, мардуми ҷамъомада 8 шарт доштанд, ки яке аз онҳо ба зону зада узр хостани донишҷӯён буд. Донишҷӯён дар аввал ба ин розӣ нашудаанд. Баъдан як масъули хориҷии Донишгоҳ ба зону нишастааст, аммо онҳо ба ин розӣ нашуда, талаб кардаанд, ки бояд худи донишҷӯён таъзим кунанд. Худоназар Имомёрбеков мегӯяд, «онҳо моро иҳота карда ва аз милисаҳое, ки онҷо буданд хостанд, ки дар наздашон ба зону нишста, узр пурсем. Мо розӣ нашудем, ман ба назди онҳо рафта ва гуфтам, ки мо ҳама мусамонем ва фақат назди Худо таъзим мекунем. Онҳо якбора ба шӯр омада, ба мо наздиктар шуданд.”

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки бештар бо номи Донишгоҳи Оғохон ҳам маъруф аст, соли гузашта дар шаҳри Норин мавриди истифода қарор гирифт. Феълан дар ин донишгоҳ 71 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон, Қазоқистон ва Афғонистону Покистон таҳсил доранд.

Феълан дар шаҳри Хоруғ сохтмони бинои ин донишгоҳ идома дорад ва мақомот гуфтаанд, ба эҳтимоли зиёд Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз соли оянда ба қабули довталабон шуруъ хоҳад кард.