Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаи таҳсил - шонси ҷавонҳои тоҷик барои тадрис дар хориҷа. ВИДЕО


Дар Душанбе “Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ” бо ҳадафи кӯмак ба ҷавонҳои тоҷик дар пайдо кардани имконияти тадрис дар хориҷа ифтитоҳ шуд. Шаҳобиддин Расулов дар гузашта дар чунин намошгоҳҳо зиёд иштирок кардааст ва дар бораи имкониятҳои омӯзиш дар берун аз кишвар маълумоти кофӣ ҳам дорад. Аммо ин бор ӯ ба намоишгоҳ ба хотире омадааст, ки дар бораи имкониятҳои ройгони таҳсил дар хориҷа маълумот гирад.

Шаҳобиддин Расулов
Шаҳобиддин Расулов

Ҳафтаи таҳсил дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе бо иштироки садҳо донишҷӯён ва толибилмон баргузор мешавад. ташаббускорони ин маърака мегӯянд, ки ба фарқ аз гузаштаҳо ҳоло савияи забондонии ҷавонҳои муддаии таҳсил дар хориҷа боло рафта бархе аз онҳо ҳадафмандона, на таваккал меоянд. Онҳо медонанд, ки дар куҷо, аз рӯи кадом ихтисос ва ба хорити чӣ мехоҳанд таҳсил кунанд.

Қосимҷон Саидов, намояндаи маркази фарҳангии “Бохтар”, яке аз ташкилкунандагони ин барнома гуфт, ки барои аксари донишомӯзон мисли Шаҳобиддин Расулов, масъалаи грант ё маблағи пардохти таҳсил калидӣ аст. “Барои грантгирӣ бояд сатҳи забондонӣ баланд бошад”, гуфт ӯ.

Аз рӯи омори мақомоти Тоҷикистон, бештарин шумори донишомӯзони тоҷик - на камтар аз 5000 нафар дар муассисаҳои таълимии Русия мехонанд. Дар кишварҳои Аврупову Амрико низ шумори донишҷӯёни тоҷик кам нест. Аксари онҳо аз роҳҳои хусусӣ ва ё тавассути барномаҳои таълимии грантӣ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

“Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ" рӯзи 14-уми ноябр оғоз гардида, давоми 4 рӯз ба ҷавонони тоҷик имкон дода мешавад, то бо барномаву квотаҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимии Амрико, Аврупо ва Олмону дигар давлатҳо ошно шаванд. Дар пешниҳоди таҳсил барои ҷавонони тоҷик Шўрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Маркази фарҳангии Бактрия, Барномаи Эрасмус+ , Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Бунёди Оғо Хон, MBO Professional ва Маркази Таълимии “Мултикид” ҷалб шудаанд.

Шонси ҷавонҳои тоҷик барои таҳсил дар хориҷа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

XS
SM
MD
LG