Боздошти бе шарҳи чандин мансабдори собиқи Оҷонсии зиддифасод

Боздошти беш аз 10 мақоми собиқ ва кунунии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ду ҳафтаи ахир сарусадо ва суолҳои зиёдро ба вуҷуд овардааст. Аммо то ҳол мақомот дар бораи ин боздоштҳо ва айби ин афрод расман хабар надоданд.

Айб: Қаллобӣ ва суистифода аз мақом

Ин боздоштҳо баъди чаҳор моҳи аз мақоми раиси Оҷонсии зиддифасод рафтани Рустами Эмомалӣ ва як тағйироти кадрӣ дар феврали имсол сурат мегирад.

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 25 апрел боздошти ҳадди ақал ce нафар аз кормандони Оҷонсии зиддифасодро тасдиқ карда, гуфтанд, ки Додситонии кулл алайҳи онҳо бар пояи моддаи “қаллобӣ” ва “суистифода аз мақом” айб эълон намудааст. Ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ин афрод аз сӯи мақомоти амниятӣ дастгир шуда, феълан дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Аз Хайрзод то Ниёзбадалов

Давлатбек Хайрзода

Аз ҷумлаи боздоштшудаҳо Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раис, Ҷамолиддин Муҳаммадзода – сардори раёсати ташкиливу нозиротӣ ва Фирӯз Холмуродзода – муфаттишони Оҷонсии зиддифасод ҳастанд. Хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манбаъҳои худ гуфт, ки муфаттиши собиқ Фирдавс Ниёзбадалов боздошт шуда, корманди дигари ин ниҳод Умед Камолов таҳти пайгард қарор гирифтааст. Ин хабаргузорӣ дар маҷмуъ аз боздошти 17 нафар хабар дода, вале ному мақоми ҳамаи онҳоро зикр накардааст.

Оҷонсӣ: Холмуродзода ба "қаллобӣ" муттаҳам аст

Фирӯз Холмуродзода

Дар Оҷонсии зиддифасод дар суҳбат бо Радиои Озодӣ боздошти Фирӯз Холмуродзодаро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ӯ барои “қаллобӣ” ва “суистифода аз мақом” муттаҳам аст. Холмуродзода сардори гурӯҳи тафтишотии қазияҳои соҳибкори зиндонӣ - Зайд Саидов буд ва аз аввал то лаҳзаи боздошташ ин вазифаро иҷро мекард. Вале дар Оҷонсӣ аз боздоштҳои дигар изҳори бехабарӣ карда, гуфтанд, ки афроди зикршуда қаблан аз кор ронда шудаанд.

Боздошт пеш аз сафар ба хориҷ?

Манобеи Радиои Озодӣ дар Додситонии кулл гуфтанд, ки Давлатбек Хайрзода – муовини собиқи раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон – чаҳор рӯз пеш дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, пеш аз парвоз ба Русия, боздошт шудааст. Давлатбек Хайрзода моҳи марти соли 2015 муовини раиси Оҷонсии зиддифасод таъин шуда, бино ба иттилои як ҳамсуҳбати мо дар Оҷонсии зидди коррупсия, як моҳ пештар ба нафақа баромада буд.

Зайд Саидов

Ҷамолиддин Муҳамамадзода, ки манобеъ боздошташро тасдиқ карданд, қаблан дар мақоми раиси Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Хатлон кор мекард ва моҳи декабри соли гузашта сардори раёсати ташкиливу нозиротӣ дар дафтари марказии Оҷонсӣ таъин шуд. Вай дар соли 2013, замоне ки Оҷонсӣ алайҳи соҳибкори шинохта Зайд Саидов парванда боз карда буд, раёсати тафтишотии ин ниҳодро бар ӯҳда дошт.

Ҷамолиддин Муҳаммадзода

Боздоштҳо баъди... тағйироти кадрӣ

Ин боздоштҳо баъди чор моҳи аз мақоми раиси Оҷонсии зиддифасод рафтани Рустами Эмомалӣ ва як тағйироти кадрӣ дар феврали имсол сурат мегирад. Ба сабаби онки мақомот расман дар бораи ин боздоштҳо суҳбат накардаанд, сарусадоҳо ва суолҳои зиёде халқ шудааст. Аз ҷумла, боздошти як гуруҳи бузурги кормандони Оҷонсӣ баёнгари чист? Оё инҳо ҳалқаи як занҷиранд? Ба чӣ муттаҳам мешаванд? Оё дар сурати таъйиди иттиҳом парвандаҳои таҳти назорати онҳо дубора баррсӣ хоҳанд шуд ё не?

Айб дар система?

Дар ҳоле ки мақомот ба ин суолҳо посух нагуфтаанд, хабари боздошти гуруҳи мансабдорони собиқу феълии Оҷонсӣ вокунишҳои зиёди мардумро ба бор овардааст. Аксари назарнависон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин боздоштҳо ба хотири муборизаи воқеӣ бо фасод истиқбол карда, ё айбро дар система дидаанд ё даъват кардаанд, ки Оҷонсӣ пурра барҳам дода шавад. ​Инчунин, фарзияҳое садо медиҳанд, ки силсилаи боздоштҳо ба ҷараёни бунёди маҷмааи тандурустии "Истиқлол" дар Душанбе рабт дорад. Иттилое, ки то ҳол расман таъйид нашудааст. Ҳафтаи гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе раиси собиқи раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе маъруф ё УКС Саидшариф Анваровро ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Фасод ё зиддфасод?

Тоҷикистон дар соли 2006 Шӯрои муқовимат бо коррупсия ва ба дунболи он Оҷонсии мубориза бо фасодро таъсис дод. Ҳарчанд мақомоти расмии кишвар натиҷаи муборизаи худро муассир нишон медиҳанд, вале ба навиштаи созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон натавонистааст дар ин амр пешрафти чашмгир кунад.

Шерхон Салимзода ва Абдуфаттоҳи Ғоиб

Дар оғоз ин Оҷонсиро Шерхон Салимзода ва баъдан Абдуфаттоҳи Ғоиб раҳбарӣ карданд. Дар соли 2015 ба раёсати ин ниҳод Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, омад ва каме бештар аз як сол дар ин ниҳод машғули кор буд. Рустами Эмомалӣ моҳи январи имсол аз ин мақом озод ва шаҳрдори Душанбе таъин шуд. Ҳоло раёсати ин ниҳодро Сулаймон Султонзода, додситони пешини пойтахт бар уҳда дорад.

“Оҷонсиро худам таъсис додам ва худам барҳам медиҳам”

Коршиносон мегӯянд, боздошти якбораи беш аз мансабдори Оҷонсии зиддфиасод ҳодисаи бесобиқа аст. Танҳо дар соли 2012 дар пайи интиқоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ниҳоди додситониву Оҷонсии зиддифасод се муовини раиси ин ниҳод аз мақомҳои худ барканор шуда, аммо баъд аз чанд муддати “бекорӣ” ду нафарашон дар порлумону Додситонии кулл ҷо ёфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар. 17 феврали 2015

Президент дар ин ҷаласаи ду соли пеш дар Шӯрои амният ҷиддан аз фаъолияти Оҷонсии зидди коррупсия изҳори ноқаноатмандӣ карда, ҳушдор дода буд, ки агар ин ниҳод бо ҳамин мизони камранг фаъолияташро идома диҳад, барҳамаш хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба раиси онвақтаи Оҷонсӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, дар ҷиноятҳои коррупсионӣ вақте кормандони худи Оҷонсии зидди фасод ба даст меафтанд, ин ниҳод барои кишвар чӣ зарурат дорад? Ӯ афзуд, “Оҷонсиро худам таъсис додам ва худам барҳам медиҳам.”

Қабл аз ин як масъули Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам гуфта буд, ки кормандони Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар бархе ҳолатҳо худ даст ба фасод мезананд ва шояд танҳо 5 дар сади онҳо вазифаи худро содиқона анҷом диҳанд. Ин изҳорот боис ба вокуниши тунди Оҷонсӣ шуда буд.