Биналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия эълон кард, ки дар раъйпурсии рӯзи 16-уми апрел аксарияти мардум ба тарафдории ислоҳи Қонуни асосӣ раъй додаанд, ки низоми идораи Туркияро ба аз порлумонӣ ба президентӣ тағйир медиҳад.
Бо шумориши бештар аз 99 дар сади раъйи мардум, мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки 51. 3 дар сади раъйдиҳандагон ба тарафдории ислоҳот дар Қонуни асосӣ раъй додаанд.
Дар умум 18 тағйиру ислоҳот ба Конститутсия пешниҳод шуда буд, ки салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро васеъ мекунад ва ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон имкон медиҳад, то соли 2029 дар қудрат бимонад.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон шоми 16-уми апрел ба муттафиқони миллатгарояш занг зада ва онҳоро бо натиҷаҳои раъйпурсӣ табрик гуфтааст.
Ҳизби асосии мухолифи давлат Ҳизби Халқии Демократии Туркия талаб дорад, 60 дар сади оро аз нав ҳисоб карда шавад. Ба гуфтаи мақомоти интихоботии Туркия 48 дар сади мардум мухолифи ислоҳот раъй додаанд ва дар маҷмӯъ дар раъйпурсӣ 86 дар сади афроди бархурдор аз ҳаққи раъй ширкат кардаанд.
Панҷоҳу панҷ миллион нафар дар Туркия ҳаққи раъй доранд ва дар кишвар 167 ҳазор қитъаи раъйдиҳӣ боз карданд. Туркҳое, ки дар хориҷ иқомат доранд, ҳафтаи гузашта овоз доданд.
Бар асоси 18 тағйиру иловаҳои воридшуда, салоҳиятҳои порлумон кам мешавад, мақоми нахуствазир аз байн меравад ва салоҳиятҳои раиси ҷумҳур меафзояд.
Сарнавишти ҳамкориҳои ояндаи Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам дар миён аст, чун ба ақидаи таҳлилгарон пирӯзии Раҷаб Тайиб Эрдуғон метавонад, то ба қатъи комили ҳамкориҳо байни ду тараф бирасонад.
Назарсанҷиҳо дар остонаи раъйпурсӣ нишон додаанд, ки андаке бештар аз нисфи мардум дар Туркия тарафдори ислоҳи Қонуни асосӣ будаанд. Дар сурати ҳукми иҷро гирифтани ислоҳот, дар низоми идораи Туркия тағйире ба амал меояд, ки аз замони таъсиси ин кишвар дар соли 1923 дида нашудааст.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Ҳизби Адолат ва Тавсиаи ӯ далел меоварданд, ки ошӯбҳои мудавоми ҷудоиталабони курд, табаддулоти нофарҷоми моҳи июли соли гузашта, вуруди беш аз 2 миллион паноҳанда аз Сурияи ҷангзада, зарурати низоми идораи қавии президентиро ба вуҷуд овард, ки метавонад, тасмимгириҳо ва ҳалли ин мушкилоти кишварро соддатар кунад.
Ҳамлаи нави лафзӣ ба Аврупо
Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи 15-уми апрел ва рӯзе пеш аз раъйпурсӣ дар шаҳри Истанбул бо муроҷиат ба мардуми кишвараш гуфт, тарафдории онҳо аз ислоҳот, “кореро ба поён мерасонад, ки мо рӯзи 15-уми июл шурӯъ кардем.” Манзур аз 15-уми июл, ишора ба табаддулоти нофарҷоми давлатӣ дар соли гузашта аст.
Раҳбарони ҳизби мухолифи Ҳаракати Миллии Туркия, ки бо Ҳизби Адолат ва Тавсиа муомилаи пинҳоние кардаанд, аз тарафдоронашон хостанд, ки ба тарафдории ислоҳот ба Конститутсия раъй бидиҳанд.
Айни замон панҷ вакили ҳизб дар порлумон ба зидди қабули ислоҳот ташвиқот бурдаанд ва назарсанҷиҳо нишон додаанд, ки аз се ду ҳиссаи тарафдорони Ҳаракати Миллии Туркия мухолифи ислоҳ ва тағйирот дар Қонуни асосӣ будаанд.
Ҳизби Ҷумҳурияти Халқ, дуввумин ҳизби бузурги Туркия ҳам мухолифи қабули тағйиру иловаҳо ташвиқот бурдааст, ки дар сурати қабул соли 2019 ҳукми иҷро мегиранд.
Силина Доган, вакили ҳизб гуфтааст, ислоҳот ба низоми худкома дар Туркия роҳ мекушояд ва умеди кишвар барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро аз байн мебарад.
Ҳизби Халқии Демократӣ, як ҳизби тарафдори курдҳо дар Туркия ҳам мухолифи ислоҳи Қонуни асосӣ аст, зеро ба гуфтаи он, тағйирот ғайридемократӣ аст ва истиқлоли додгоҳҳоро зери суол мебарад.
Низоми президентӣ ва ё диктатураи интихобӣ
Мунтақидони ҳукумат дар Туркия гуфтаанд, низоми идории нав, як навъ “диктатураи интихобшуда” бидуни тақсими шохаҳои қудрат аст, ки ҳаққи қонунгузорӣ аз порлумонро мегирад ва имкон намедиҳад, раиси ҷумҳурро барои хатокориҳояш дар назди ҷомеа посухгӯ бошад.
Мунтақидон дар Ғарб ҳам гуфтаанд, ки дар сурати ислоҳи Қонуни асосӣ, раиси ҷумҳури Туркия салоҳиятҳои беш аз ҳад хоҳад дошт. Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вотч гуфтааст, ислоҳоти пешниҳодӣ дар сурати қабул “қудрати беназорат” -ро ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон медиҳад ва хатари бузурге барои ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар Туркия аст.
Шӯрои Аврупо ҳам гуфтааст, аз он нигарон аст, ки ислоҳот дар Қонуни асосии Туркия, тақсими шохаҳои қудрат, назорати муносиб шохаҳо бар якдигар, истиқлоли додгоҳҳоро замонат намедиҳад, ки мавҷудияти ҳамаи инҳо барои “ҷомеаҳои демократӣ шарт аст.”
Нилс Музниекс, масъули умури ҳуқуқи инсон дар Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 12-уми апрел бо нашри гузорише аз он изҳори “нигаронии амиқ” кард , ки ислоҳот дар Қонуни асосии Туркия, мустақилияти то кунун заифшудаи додгоҳҳоро камтар мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, ислоҳот ҳамчунин “камбудиҳои ҷиддӣ” дар масоили ҳуқуқи инсон ва озодии баён дар Конститутсияи Туркияро нодида гирифтааст.
Аз ин пештар дар моҳи апрел, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон зимни сафараш ба Анкара гуфт, ислоҳот дар Қонуни асосии Туркия баробар бо “дигаргунии бузурги сиёсӣ” аст.
Ӯ гуфт, ки Туркия бояд “ҳамакорро кунад, то кафолати тақсими шохаҳои қудрат ва гуногунандешӣ дода шавад.”
Корзори олуда ба қонуншиканӣ
Худи корзори тарғиботии раъйпурсии рӯзи 16-уми апрел ҳам бо баҳсу ҷанҷол олуда шуд. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзи 7-уми апрел бо нашри гузорише гуфтанд, ки раъйдиҳӣ дар замоне сурат мегирад, ки дар кишвар вазъи фавқуллода аст. Дар ин вазъ, ки баъди табаддулоти нофарҷоми моҳи июл эълон шуд, озодиҳои мардумро маҳдуд кардаанд ва ҳазорон нафар аз кормандони давлатро аз кор ронданд, ё боздошт карданд, аз ҷумла хабарнигорону додрасҳо ва аъзои аҳзоби мухолифи давлатро ҳам.
Мо шоҳиди низоми идорие мешавем, ки дар ягон ҷойи ҷаҳони ғарбӣ дида намешавад. Системаи президентии қавӣ, ки тавозун ва назорат надорад.
Мухолифони ислоҳот мегуфтанд, ки зери фишор ҳастанд ва тарафдорон бо истифода аз матбуоту муассисаҳои давлатӣ ташвиқот мебаранд. Талошҳои бенатиҷаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва муттаҳидонаш барои баргузории раҳпаймоиҳо дар байни турктаборон дар кишварҳои аврупоӣ ба мисли Олмон, Ҳолланд, Дания ва Швейтсария бо ҷанҷолҳои дипломатӣ байни тарафҳо анҷомид.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 13-уми апрел зимни суханроние Аврупоро як “қораи пӯсидае” номид, ки ба гуфтаи вай, “дигар на маркази демократия, ҳуқуқи инсон ва озодӣ, балки маркази ситаму, хушунат ва фашизм аст.”
Марк Пиерини, сафири собиқи Иттиҳодияи Аврупо дар Анкара, ки ҳоло таҳлилгар дар Маркази аврупоии Карнеги аст, мегӯяд, чунин баёнияҳои Раҷаб Тайиб Эрдуғон раҳбарони Иттиҳодияи Аврупоро ба хашм овард ва бешубҳа ба муносибатҳои шахсӣ байни тарафҳо зарбаи сахт зад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Марк Пиерини ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати қабули ислоҳот дар раъйпурсӣ, қатъи муносибот байни Анкара ва Брюссел ногузир ба назар мерасад.
“Мо шоҳиди низоми идорие мешавем, ки дар ягон ҷойи ҷаҳони ғарбӣ дида намешавад. Системаи президентии қавӣ, ки тавозун ва назорат надорад. Ин як системаи идории як нафар ва мухолиф ба меъёрҳои Иттиҳодияи Аврупо аст” – мегӯяд, ӯ.
Дигар таҳлилгарони аврупоӣ дар робита ба муносиботи Туркия ва Иттиҳодияи Аврупо назари хушбинона ҳам доранд ва мегӯянд, дар сурати рад шудани ислоҳот, ё бо раъйи андак ҳам қабул шудани он, Раҷаб Тайиб Эрдуғон сари шеваи рафтори эҳсосотиаш бо иттиҳодия меандешад ва саъй мекунад, муносиботро беҳтар созад.