Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи сарбозоне, ки мехостанд Эрдуғонро "гаравгон" гиранд


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Дар Туркия мурофиаи додгоҳии сарбозоне, ки дар кӯшиши табаддулоти моҳи июни соли 2016 иштирок доштанд, оғоз шуд. Ба иттилои Reuters, ин сарбозон дар сӯиқасд ба ҷони президент Раҷаб Эрдуғон гумонбаранд.

Дар доираи парвандаи мазкур 47 нафар айбдор шуда, бештари онҳо сарбозонеанд, ки шаби 15 ба 16 июни соли 2016 хостанд меҳмонсароеро дар шаҳри Мармариси Туркия ғасб кунанд. Он замон дар ин меҳмонсаро Эрдуғон ҳузур дошт.

Яке аз айбдоршавандаҳо гуфт, ҳадаф гаравгонгирии Раҷаб Эрдуғон буд, на қатли ӯ. Вай афзуд, ки мехостанд, президенти Туркияро ба пойгоҳи ҳавоии "Акинҷӣ", маҳалли иштирокдорони табаддулот интиқол диҳанд. Ба айбдоршавандаҳо ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Фатҳуллоҳ Гюлен, рӯҳонии фирори муқими ИМА низ яке аз гумонбарони аслии кӯшиши табаддулот аст. Мақомоти Туркия ӯро раҳбари идеологии табаддулот меноманд. Гюлен ҳамчунин дар ҳамдастӣ бо гуруҳи террористие айбдор аст, ки гӯиё онро раҳбарӣ мекунад.

Табаддулоти нокоми давлатӣ шаби 15 ба 16 июни соли 2016 дар Туркия сурат гирифт. Дар ин кишвар вазъи фавқулода эълон ва иҷрои Конвенсияи ҳуқуқи инсони Аврупо манъ шуд.

Баррасии парвандаи нахустин дар робита ба кӯшиши табаддулот охирҳои моҳи декабри соли гузашта оғоз ва моҳи январи соли равон ҳукми аввалин гумонбарони он - ду сарбоз содир гашт, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд.

Мақомоти Туркия ҷамъан бо гумони даст доштан дар табаддулоти 15 июн 40 ҳазор одамро дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG