Русия аз Толибон хостааст, ҷангро бас кунанд

Нерӯҳои пулис дар Ҳилманд ба зидди Толибон меҷанганд. Январи соли 2017

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, давлати Русия аз аъзои гурӯҳи Толибон хостааст, то барои таъмини сулҳ робитаашонро бо гурӯҳҳои террористӣ қатъ кунанд ва силоҳҳояшонро ба замин бигзоранд.

Тавоб Ғурзанг, сухангӯи дафтари матбуоти шӯро рӯзи 18-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Русия дар дидор бо Муҳаммадҳанифи Атмар, мушовири умури амнияти миллии раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамчунин таъкид кардаанд, ки ҷангҷӯёни Толиб бояд аз амалҳои террористӣ даст бикашанд, ба Қонуни асосии Афғонистон эҳтиром бигузоранд ва барои барқарории оромӣ бо ҳукумат вориди гуфтӯгу шаванд.

Тавоб Ғурзанг

Тавоб Ғурзанг афзуд: “Русҳо тавзеҳ карданд, ки робитаашон бо гурӯҳи Толибон барои ташвиқи онҳо ба пайвастан ба раванди сулҳ дар Афғонистон аст. Ин як возеҳ кардани бисёр муҳим буд ва мо аз ин мавқеъгири ҷадиди давлати Русия истиқбол мекунем. “

Муҳаммадҳанифи Атмар, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳур дар сафараш ба Русия, ки рӯзҳои 16 ва 17-уми март сурат гирифт, бо ҳамтои русиаш ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфтӯгу кард. Сергей Лавров дар ин мулоқот гуфт, кишвараш барои “мусолиҳа дар Афғонистон чанд ташаббус нишон дод ва қасд дорад, барои ҳимоят аз ин раванд, ҳимояти ҷомеаи байналмилалиро ба даст биёрад.”

Хабаргузории ИТАР ТАСС ҳам навишт, раиси ҷумҳур Владимир Путин, гуфтааст, кишвараш аз таъмини сулҳ дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад ва ҳамкориҳои Маскав бо Кобул барои мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир идома хоҳад ёфт.

Муҳаммадҳанифи Атмар

Пештар аз ин вазорати умури хориҷии Афғонистон ҳам аз эъломи тозаи Русия истиқбол кард, ки гуфт, ҳадафи тамосҳояш бо гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи ҳукумати Афғонистон таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва минтақа аст.

Як моҳ пеш Маскав як нишасти шашҷонибаи кишварҳои минтақа ба шумули Афғонистонро мизбонӣ кард, ки дар он роҷеъ ба талошҳои сулҳ бо Толибон сӯҳбат шуд. Ду моҳ пештар Русия нишасти сеҷонибаеро бо иштироки Чин ва Покистон мизбонӣ кард, ки дар он Афғонистон ҳузур надошт.

Даъват нашудани Кобул ба нишаст ва баёнияҳои мақомоти русӣ аз равобити кишварашон бо Толибон, мақомоти Афғонистонро нигарон кард, аммо ҳоло ҳукумат мегӯяд, ки шубҳаву гумон дар бораи амалкарди Русия рӯшан шудааст ва Кобул умедвор аст, талошҳои Русия барои таҳкими сулҳ дар Афғонистон ба натиҷа бирасад.

Талошҳо самар медиҳанд?

Русҳо тавзеҳ карданд, ки робитаашон бо гурӯҳи Толибон барои ташвиқи онҳо ба пайвастан ба раванди сулҳ дар Афғонистон аст.

Оё талошҳои Русия барои ташвиқи Толибон ба раванди сулҳ дар Афғонистон ва баргаштани оромӣ самар медиҳад? Исҳоқ Атмар як коршиноси масоили сиёсӣ ва амниятӣ дар Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин талошҳо дар сурати метавонанд, самар бидиҳанд, ки мухолифи аҳдофи Амрикову НАТО, ки ҳамкорони стротегии Афғонистон набошанд.

“Ин ҳамкориҳо агар байни Афғонистону Русияву Толибон ва кишварҳои минтақа эҷод шавад, масъалаи хубе хоҳад буд. Ва агар Амрикову НАТО ба ин музокирот хушбин набошад, гуфтӯгуҳо натиҷа намедиҳанд.

Раҳбарони Толибон дар гузашта пайваста гуфтаанд, ки танҳо дар сурате ба музокироти сулҳ дар Афғонистон мепайванданд, ки нерӯҳои хориҷӣ кишварро тарк кунанд. Вале ҳукумат мегӯяд, ин хостаи онҳо ғайриқобили қабул аст.