Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Раббонӣ ба Душанбе ва баҳси "Толибон"


Салоҳуддин Раббонӣ аз ин пештар дар Маскав буд.
Салоҳуддин Раббонӣ аз ин пештар дар Маскав буд.

Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон ҳафтаи оянда ба шаҳри Душанбе сафар мекунад ва қарор аст, дар ҷараёни мулоқоти ӯ бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба ва аз ҷумла баҳсҳои ахир байни ду кишварро баррасӣ кунад.

Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе рӯзи 12-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафари Салоҳуддин Раббонӣ бо даъвати вазири умури хориҷии Тоҷикистон сурат мегирад. “Ҳамкориҳо дар арсаҳои амниятӣ, тиҷоратӣ ва транзит, тарҳҳои зербиноии иқтисодии минтақаӣ аз мавзӯҳои мулоқоти ду тараф мешавад."

Ҳамкориҳо дар арсаҳои амниятӣ, тиҷоратӣ ва транзит аз мавзӯҳои мулоқоти ду тараф мешавад.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, даъватномаи расмӣ ба вазири афғонро моҳи гузашта Шарофиддин Имом ба Салоҳуддин Раббонӣ супурд.

Қарор аст, Салоҳуддин Раббонӣ бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва дигар мақомоти олирутбаи кишвар дидору гуфтӯгу дошта бошад. Вазорати умури хориҷӣ гуфт, ки рӯзи 15-уми феврал вориди Душанбе мешавад ва рӯзи 18-уми феврал дар Тоҷикистон мемонад.

Ҷузъиёти дигари мулоқотҳои вазири афғонро ошкор накардаанд, вале дидори Салоҳуддин Раббонӣ расо як моҳ баъд аз он сурат мегирад, ки раиси пешини вилояти Кундуз иддао кард, ки тонку тӯп ва баъзе аз аслиҳаи вазнин гурӯҳи Толибонро “ муҳандисони рус дар хоки Тоҷикистон таъмир мекунанд.”

Ба гуфтаи ӯ, Толибон ду дафъа, ки дар Кундуз аслиҳаи нерӯҳои давлатиро ғанимат гирифтаанд, барои таъмир ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Баъди такрори чунин иддаоҳо, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар баёнияи расмие гуфт, ки чунин изҳороти “кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблӣ мешавад ва муносиботи дуҷонибаро, ки дар асоси муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек ба бор омадаанд, халалдор мекунанд."

Баҳси ҳузури ҷангҷӯён дар марз

Давлати Тоҷикистон дар гузашта аз нерӯҳои мухолифи гурӯҳи Толибон ҳимоят кардааст ва аз паноҳгоҳҳои асосии фармондеҳони Ҷабҳаи Шимол, буд, ки ба зидди Толибон меҷангиданд. Аз ҷумла паноҳгоҳи Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон ва падари Салоҳуддин Раббонӣ, вазири феълӣ. Бурҳониддин Раббониро соли 2011 як фиристодаи Толибон кушт.

Зоҳиран дар баробари баррасии масъалаи Толибон ҳамчунин амният дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон яке аз дигар мавзӯҳои баҳси ду тараф мешавад. Мақомоти Афғонистон пайваста мегӯянд, ки аъзои гурӯҳҳои ифротие ба мисли Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷамъ шудаанд ва дар ҳамин минтақаҳо тамрини ҷангӣ ва омодагӣ мегиранд.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи бештар аз 1300 километрӣ дорад, ки посбонии бисёре аз минтақаҳои он сахт аст ва харҷи зиёд металабад. Ин марзи тӯлонӣ яке аз роҳҳои қочоқчи маводи мухаддир аст ва солона дар он даҳҳо кӯшиши убури ғайриқонунӣ ва даргирӣ байни марзбонони тоҷику қочоқбарон ба қайд гирифта мешавад.

XS
SM
MD
LG