Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Толибон бояд дар "гуфтугӯҳои созанда" ширкат кунанд


Русия гуфтааст, ки Ҷунбиши Толибон бояд дар "гуфтугӯҳои созанда" барои барқарории сулҳу субот дар Афғонистон, ширкат дошта бошад. Ин матлабро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 7 феврал пас аз мулоқот бо ҳамтои афғонаш Салоҳиддин Раббонӣ дар Маскав баён доштааст.

Вазири умури хориҷии Русия аз ҷумла гуфтааст, ки "мо мавзеи ҳамдигарро таъйид кардем, ки ҷунбиши Толибон бояд дар музокироти созанда ҳузур дошта бошад. Дар ҳамон ҳадде, ки дар қатъномаи СММ таъкид шудааст ва он аз ҷониби давлати Афғонистон пуштибонӣ мешавад."

Вазири умури хориҷии Русия дар ин нишасти хабарӣ ҳамзамон ба пуштибонии кишвараш аз ҳукумати Афғонистон таъкид кард ва гуфт, ки Маскав ба Кобул итминон дод, ки дар тармими техникаи низомӣ мусоидат мекунад: "Мо дар ин замина ҳам имконот ва ҳам созишнома дорем. Мо дар тарбияи кадрҳои ҳам низомӣ ва ҳам ғайринизомӣ ба Давлати исломии Афғонистон кӯмак мекунем."

Сергей Лавров.
Сергей Лавров.

Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон гуфтааст, ки Афғонистон ва Русия аз таҳдидҳои печидаи амниятӣ, терроризм, ифротгароӣ, тавлиди маводи мухаддир, қочоқ ва ҷурму ҷиноят нигарон ҳастанд ва ҳар ду кишвар бояд алайҳи таҳдидҳои муштарак мубориза баранд. Салоҳиддин Раббонӣ афзуд, ки бо ҳамтои русаш, ҳамкориҳои техникӣ миёни Афғонистон ва Русия, аз ҷумла дар соҳаи низомиро баррасӣ карданд.

Вазири умури хориҷии Афғонистон ҳамзамон гуфтааст, кишварҳое, ки ба терроризм паноҳ медиҳанд ва аз ин гурӯҳ ба унвони сиёсати хориҷиашон кор мегиранд, бояд бидонанд, ки ин кор барои онҳо низ хатарофарин аст: “Кишварҳое, ки ба терроризм паноҳ медиҳанд ва ин гурӯҳро тарбият мекунанд ва аз он ба унвони сиёсати хориҷиашон кор мегиранд, бояд аз ин корашон ҷиддан ҷилавгирӣ кунанд."

Салоҳиддин Раббонӣ рӯзи якшанбеи 5 феврал ба Русия сафар кард ва ҳадаф аз дидори вай аз Маскав, гуфтугӯҳо дар бораи ба густариши робитаҳо ва чигунагии муборизаи муштарак бо терроризм, гуфта шудааст.

Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон.
Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон.

Таъкиди Сергей Лавров ба зарурати мушорикати Толибон дар "гуфтугӯҳои созанда" дар ҳолест, ки дар зарфи як соли охир музокироту ҳамкориҳои Русия бо гурӯҳи Толибони Афғонистон борҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, нашрияи бритониёии The Sunday Times дар шумораи рӯзи 27 декабри соли 2015 аз қавли як фармондеҳи ҷангии Толибон дар бораи як мулоқоти махфии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо раҳбари вақти ҷунбиши Толибони Афғонистон Мулло Ахтар Мансур хабар дода буд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов пас аз як рӯзи чопи ин матлаб дар The Sunday Times дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе гуфт, "дар миёни Толибон як гурӯҳ толибҳои ба истилоҳ нармтар ҳастанд, ки мехоҳанд бо Русия гуфтушунид кунанд. Бо миёнравии чанде аз давлатҳо баъзе гуфтушунидҳо сурат гирифтанд, аммо то ҳол ягон натиҷаи мушаххас ба даст наомадааст.”

Дар авохири соли гузашта намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки тамоси Маскав бо Толибон танҳо ба хотири муҳофизати шаҳрвандони Русия дар Афғонистон аст, то онҳо ба кору фаъолияти худ идома диҳанд ва осеб набинанд.

Дар ду соли ахир Толибон ду дафъа Кундузро барои чанд рӯз тасарруф карданд.
Дар ду соли ахир Толибон ду дафъа Кундузро барои чанд рӯз тасарруф карданд.

Аз сӯи дигар Маскав рӯзи 27 декабри соли гузашта мизбони нишасти сеҷонибаи Русия, Чин ва Покистон дар мавриди вазъияти Афғонистон буд. Ин нишасти бидуни шрикати Афғонистон баргузор шуд ва хашми Кобули расмиро ба бор овард. Аҳмад Шикейб Мустағнӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон он замон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин нишастҳо бидуни ширкати намояндаҳои ҳукумати Кобул, суолбарангез аст ва норӯшанӣ дар ин гуна нишастҳо барои Афғонистон нигаронкунанда мебошад.

Парлумони Афғонистон низ он замон нишасти Маскавро як мудохилаи ошкор дар умури дохилии он кишвар донист ва Абдурауф Иброҳимӣ, раиси парлумон дар нишасти умумии Маҷлиси намояндагон аз ҳукумати он кишвар хост, то дар ин маврид мавқифашро рӯшан намояд.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳои зиёде ноил шудааст.

XS
SM
MD
LG