То 17 500 сомонӣ – Пули муштариёни ду бонки бастаро бармегардонанд

Мақомот гуфтанд, ки ба пардохти пул ё пасандози муштариёни "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" оғоз кардаанд. Вале дар Бунёди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ рӯзи 16 март гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир ба соҳибони пасандозҳо ҳамагӣ то 17 500 сомонӣ, муодили тақрибан ду ҳазор доллар, пул пардохта хоҳад шуд.

Вале бо гузашти тақрибан як моҳ раҳбарияти ин бонкҳои ҳамакнун баста дар бораи тасмими Бонки Миллӣ гап назада ва вазъиятро шарҳ надодаанд.

Як намояндаи бунёд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "агар аз ин миқдор зиёд пасандоз дошта бошанд, бояд муштариён бо мудирияти муваққатии бонкҳо сӯҳбат кунанд. Вале агар пулашон то 17 500 сомонӣ бошад, бе мушкил метавонанд, ки пулҳояшонро бигиранд. Аллакай маблағ ҷудо шудааст ва дар минтақаҳо низ дастрас аст."

Ин намояндаи бунёди суғуртаи пасандозҳо гуфт, ки хадамот барои бозпас додани амонатҳои муштариён тавассути шӯъбаҳои "Амонатбонк" ва "Ориёнбонк" дар чаҳор ноҳияи пойтахт ва минтақаҳои дигари кишвар расонда мешавад.

"Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” – ду бонки дар гузашта дучори мушкил – охири моҳи феврали имсол баста шуданд. Мақомот дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ин тасмим аз тарафи "Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон бар асоси сабабҳои асоснок гирифта шудааст" ва таъкид карданд, ки дар сурати аз ҳабдаҳуним ҳазор сомонӣ зиёд будани пасандози муштариён, "боқимондаи маблағ замони ба фурӯш рафтани тамоми амволи бонк пардохт мегардад".

Дар Бонки Миллӣ бо зикри онки шумораи амонатгузорон дар ин бонк “хеле кам аст”, аз гуфтани шумораи дақиқи онҳо худдорӣ варзиданд. Аммо аудити мустақили “Тоҷпромбонк”, ки давраи то аввали соли 2015-ро дар бар мегирад, нишон медиҳад, амонат ва ё депозити муштариёни ин бонк 154 миллион сомонӣ буда, ин бонк баръакс ба муштариён 239 миллион сомонӣ қарз додааст. Дороиҳои “Фононбонк” дар маҷмӯъ 100 миллион сомонӣ тахмин зада мешавад.

"Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" дар қатори "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" тайи тақрибан ду соли охир ба буҳрон дучор шуда, пардохтпазирии худро аз даст дода буданд. Ҳукумати Тоҷикистон охири соли гузашта барои наҷоти ин чаҳор бонк дар маҷмӯъ 3 миллиард сомонӣ баробар ба 500 миллион доллари амрикоӣ кумак кард. "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк", ки мардум аз банкоматҳояшон ба сахтӣ пул мегирифтанд, баъди дарёфти кумак ба фаъолияташон идома доданд.

Вале бо гузашти тақрибан як моҳ раҳбарияти ин бонкҳои ҳамакнун баста дар бораи тасмими Бонки Миллӣ гап назада ва вазъиятро шарҳ надодаанд.