1400 оила дар Тоҷикистон бояд кӯч банданд. ВИДЕО

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон нақша ё харитаи минтақаҳои хатарнок барои зисти сокинони кишварро таҳия кардааст. Дар назар аст, бар асоси ин нақша дар зарфи се соли оянда 1 ҳазору 400 хонавода аз минтақаҳои хавфнок ба маҳалҳои амн кӯч дода шаванд. 93 дар сади қаламрави Тоҷикистон кӯҳистон аст. Қаламрави маҳдуд барои зиндагии мардум ва хатари офатҳои табиӣ, ки танҳо имсол ҷони 21 нафарро гирифт, то рафт аз мушкилоти доғи Тоҷикистон мешавад.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар панҷ соли ахир дар Тоҷикистон 603 ҳодисаи табиӣ сабт шудааст, ки бар асари онҳо 127 нафар ҷон бохтаанд

Мақомот мегӯянд, дар чаҳорчӯби барномаи кӯч додани аҳолӣ мехоҳанд, барои сокинон шароити беҳтари зистро фароҳам оваранд. Вале иҷрои чунин барномаҳо дар гузашта аксаран дучори мушкил ва камбуди маблағи сокинон монеи идомаи зиндагии мардуми кӯчдодашуда дар маконҳои нав шудааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

1400 оила дар Тоҷикистон бояд ба куҷо кӯчанд?

Нақшаи минтақаҳои хавфноки Тоҷикистон

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, барои аввалин бор нақша ё харитаи комили минтақаҳои барои зисти сокинон хавфноки кишвар таҳия шудааст. Шӯҳрат Дилшодов, раиси бахши кӯчдиҳӣ ва нақлиёти ин кумита, рӯзи 1 март ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдор тамоми ноҳияву деҳаҳои кишварро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода ва харитаи мазкурро омода кардаанд.

Ӯ гуфт, “тибқи харита 381 минтақаи махсусан хавфнок ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 10 ҳазору 783 хонавода ба сар мебаранд. Дар солҳои 2017-2020 бояд беш аз 1400 хонавода аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯч дода шаванд. Ба онҳо кумакҳои якдафъаинаи молӣ ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ дода шуда ва қарзҳои имтиёзнок низ ҷудо хоҳад шуд”.

Дар шаш соли ахир дар Тоҷикистон ду барномаи миёнамуҳлати кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2010-2013 ва 2014-2016 қабул шуда ва дар ин муддат бояд 1650 хонавода аз минтақаҳои барои зист хатарзо ба маҳалҳои амн кӯчонда мешудаанд. Дар бораи иҷрои номукаммали ин барнома рӯзи 11 феврал Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам бо масъулини Кумитаи ҳолатҳои фақулода сӯҳбат кард ва гуфт, ки ин барнома ба таври комил иҷро нашуда, теъдоди хонаводаҳои кӯчондашуда аз рақами пешбинишуда 200 адад камтар будааст.

Оқои Раҳмон иллати ин амрро ба таъмин нашудани муҳоҷирони экологӣ бо қитъаҳои замин ва ба суратҳисобҳои “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳо сари вақт интиқол нашудани маблағҳо рабт дода, ба масъулони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дастур дод, то ин камбудҳоро ислоҳ кунанд.

“Мо аз ин ҷо намеравем”

Эмомалӣ Раҳмон

Маҳаллаи Чашмасори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар рӯ ба рӯи Боғи Айнии шаҳри Душанбе воқеъ буда ва аз канори он наҳри кӯчаке ҷорӣ аст. Ба гуфтаи сокинон, дар фасли баҳору мавсими боришот мизони оби ин наҳр боло рафта ва ба талу теппаҳои соҳили чап осеб мерасонад. Дар натиҷа, қисматҳое аз теппаҳо фурӯ рафта ва хатари чаппа шудани теппаҳо ба 6 манзили сокинони маҳалла таҳдид мекунад. Бо ин вуҷуд, сокинони ин манзилҳо аз тарки ин минтақаи хавфнок ва кӯчидан ба минтақаҳои амн намешитобанд.

Музаффара Шукурова, зани 76-сола, ки хонааш дар канори ҷар воқеъ буда ва зери хатари фурӯравӣ қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ маҳалли зисташро тарк нахоҳад кард. “57 сол боз дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем. Соли 1975 аз ҳукумат омада, ин ҷоро садамавӣ гуфта буданд. Аммо хусурам аз кӯчидан ба минтақаи дигар сарпечӣ кард. Ба мо дар баландошёнаҳо хона пешниҳод карда буданд. 6 хонавода розӣ шуда ва аз ин ҷо рафтанд”, - гуфт ӯ.

Сел дар ноҳияи Рӯдакӣ

Ин зан мегӯяд, бо шавҳари пир, фарзандону наберагон дар ин хона ба сар бурда ва фикри ба минтақаи дигар кӯчиданро надоранд. “Хости Худост. Ҳар чӣ пеш ояд, бо амри Худо мешавад. Ман тарсе надорам”, - афзуд ӯ. Дар ин лаҳзаҳо фарзандону наберагон бо ишораи тасдиқ дар паси ҳарфҳои ӯ сар меҷунбонданд.

Маҳмадулло Салимов, раиси маҳаллаи Чашмасор мегӯяд, ду сол қабл як манзили зист фурӯ рафта буд ва ба дунболи он аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз имкони такрори фурӯрезии теппаҳо ба мардум ҳушдор доданд, вале баъди ин ҳам ҳеч касе хоҳиши кӯчиданро накард. “Баъд аз Додситонии кулл ва ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ намояндаҳо омада ин ҷоро тафтиш карданд. Аз натиҷаи тафтиш хабар надорам. Ҳамаи хонаҳои маҳалла қонунӣ ва бо қарори кумитаи иҷроияи ноҳия бунёд шудаанд. Дар солҳои ахир ҳукумат барои кӯчидан пешниҳод накардааст”, - шарҳ дод ӯ.

Вале аксари онҳое, ки аз тарки манзилҳои худ даст мекашанд, дар сӯҳбати бидуни микрофон мегӯянд, ба инки барояшон манзилҳои муносиб ва ё ҳавлӣ пешинҳод мешавад, бовар надоранд ва аз ҳамин хотир намехоҳанд ба истилоҳ ҷои гарми худро хунук кунанд. Бархе аз сокинон гутфанд, маъмулан пас аз ҳодисаҳои нохуши табиӣ ва ҳалокати мардум ҳукумат масъалаи ба минтақаи амн кӯч додани хонаводаҳоро матраҳ мекунад. Ба гуфтаи онҳо, бо назардошти боришоти зиёди соли ҷорӣ мумкин аст бахше аз теппаҳои соҳили наҳр фурӯ рехта ва 6 манзили маҳаллаи Чашмасор хароб шавад.

Бештари минтақаҳои кӯҳистон хатарзо ҳастанд

Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонӣ буда ва танҳо 7 дарсади ҳудуди онро ҳамвориҳо ташкил медиҳад. Бархе аз минтақаҳои кӯҳӣ ва наздик ба соҳили дарёҳо, ҳамчунин, мавзеъҳои зери ағбаҳо аз минтақаҳои хатарзо дониста шудаанд. Агар ин ё он мавзеъ зери таҳдиди ошкорои офати табиӣ қарор дошта бошад, тасмим гирифта мешавад, ки аҳолӣ аз онҷо кӯчонда шавад. Ин дар ҳолест, ки бахши муайяни аҳолӣ дар чунин минтақаҳо ба сар мебарад, вале кӯч додани он ба маҳалли амн аксаран пас аз сар задани фалокат иттифоқ меафтад.

Маҳз ба дунболи ҷорӣ шудани сел дар моҳи июли соли 2015 деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнони Бадахшон хароб шуда баъди ин дар саҳрои Питовдашти ин ноҳия барои 84 оила қитъаҳои замин барои бунёди манзил ҷудо шуд. Бо мусоидати давлати Тоҷикистон дар муддати беш аз ду моҳ барои сокинон манзилҳои зист бунёд шуда ва мардум ба ифтихори раиси ҷумҳури Тоҷикистон деҳаи навбунёдро Раҳмонобод ном гузоштанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар панҷ соли ахир дар кишвар 603 ҳодисаи табиӣ сабт шудааст, ки бар асари онҳо 127 нафар ҷон бохта ва ба иқтисоди мамлакат 600 миллион доллар хисорот ворид гаштааст. Мақомот Тоҷикистон мегӯянд, наметавонад ба танҳоӣ оқибатҳои ҳодисаҳои табииро рафъ ва манотиқи осебдидаро бозсозӣ ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли ин мушкилот дархости кумак кардаанд.

Айнан чунин як даъват оғози моҳи феврали соли ҷорӣ ҳам аз ҷониби Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон пахш шуд ва баъди ин ҳукуматҳои Амрико ва Русия ба ин кишвар кумакҳои башарӣ ворид карданд.