Лағви қарор бо қарор. Баҳси замини 700 хонавода дар Ҳисор. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти шаҳри Ҳисор дар як иқдоми бесобиқа қарори қаблан содиршудаи тақсими қитъаи замин ба беш аз 700 сокини ниёзманди ин ноҳияро бекор карданд. Соҳибони қитъаҳо, ки баъди солҳо интизорӣ тобистони имсол тавонистанд дар ҳудуди деҳаи Боғистон соҳиби як порча замин шаванд, дубора ноумед шуданд. Баҳси замин ва дастрасӣ ба манзил яке аз доғтарин масъалаҳо дар Тоҷикистон аст, ки 93 дар сади қаламраваш кӯҳистон аст.

Замин аллакай тақсим шуда буд ва бисёриҳо ба хотири оғози сохтмони хона сангу шағалро ба маҳалли сохтмон бурданд. Аммо мақомот якбора хабар доданд, ки қарорҳои қаблӣ бекор шудааст.

Бекор шудани тасмими тақсими замин барои 700 сокини ниёзманди он дар Ҳисор баҳсу ҷанҷоли лафзии шадидро дар маҷлиси ноҳияи Ҳисор барангехт. Бархе аз вакилон тасмими раиси нави ноҳияро нодуруст шумурда гуфтаанд, мардум солиёни дароз дар навбат буданд ва баъди як фурсати кӯтоҳи хушҳолӣ якбора ноумед шуданд. Вале раиси амалкунанда Шарифҷон Ҷумъазода, ки қарорҳои раҳбари пешин Усмон Сабзовро бекор кард, дар ҷаласаи рӯзи 15 декабри соли гузашта бо таъкид ба инки қарори мазкур ғайриқонунӣ будааст, аз мавқеаш ҳимоят кард.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қарори тақсими замин ба 700 оила дар Ҳисор бекор шуд

Дар ҷамоати Сомони ноҳияи Ҳисор, ки деҳаи Боғистон ба ҳудуди он шомил мешавад, аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд. Аммо як нафар аз мақомоти марбут ба замини ноҳияи Ҳисор, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 11 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, қарорҳои раёсати қаблии ноҳия бо дастури раиси нав - Шарифҷон Ҷумъазода бинобар нуқсон дар ҳуҷҷатгузорӣ бекор шудаанд.

Ин мақоми Ҳисор гуфт, пас аз тафтиш ва таъсиси комиссия, ки ҷанбаи қонунии тақсимоти ин заминҳоро дубора санҷид, эҳтимол ҳаққи 200 соҳиби замин барқарор шуда, санадҳои боқимонда пурра бекор мешавад. Яке аз мақомоти собиқ гуфт, ки дар асл баҳс на сари қонунмандии қарори тақсими замин, балки шахсиятҳои масъул буд.

Усмон Сабзов (байн) дар лаҳзаҳои омодагӣ ба ҷашни 3-ҳазорсолагии Ҳисор

Усмон Сабзов баъди ду соли кор дар вазифаи раиси Ҳисор аз ин мақом сабукдӯш ва ба ҷои ӯ соли 2016 Шарифҷон Ҷумъазода, раҳбари котиботи сарвазир Қоҳир Расулзода таъин шуд.

Вале барои бархе сокинони маҳрум аз замин ин баҳс ба маънои ноумедӣ шудааст. Ҳабибулло Ғафуров, сокини деҳаи Обшорони ҷамоати Сомони ноҳия Ҳисор, ки ним сол шаҳди шодии соҳиби замин шуданашро дар Боғистон чашид, мегӯяд, аз ин ҳама вазъият хеле хаставу ноумед шудааст. Ӯ гуфт, “хонаводаи мо аз 5 оила иборат аст. Ҳамаамон дар як хона зиндагӣ мекунем, ки аз 5 сотих иборат аст. Аз камбуди хонаву замин сахт танқисӣ мекашем”.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, солҳост барои гирифтани як порча замин талош мекард ва ба ин хотир ба дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур низ мактуб навишта, посух гирифта буд. Баъд аз ин талошҳо тобистони имсол масъулони ҷамоат билохира ба оилаи Ғафуровҳо аз ҷудо шудани қитъаи замин мужда расонданд.

Тобистони имсол қитъаи замини иборат аз 6 сотих дар канори деҳаи Боғистон (собиқ деҳаи Тула) ба оилаи Ғафуровҳо ва тақрибан 700 нафари дигар дода шуд. Илҳом Мирзоев, як сокини дигар низ аз қабили нафарони хуштолеъ буд, ки аз заминҳои канори деҳаи Боғистон соҳиби замин шуда буд. Аммо ӯ мегӯяд, “мақомот ба мо талонҳои махсус дода буданд, ки тибқи он ба мо замин ҷудо шуда буд. Заминҳо аллакай тақсим шуда буданд ва бисёриҳо ба хотири оғози сохтмони хона сангу шағалро ба маҳалли сохтмон бурданд. Аммо мақомот яку якбора хабар доданд, ки қарорҳои қаблӣ бекор шудааст. Ҳоло ҷойи заминҳои ба мо тақсимкардаро ҷуфт карда, гандум коштаанд”.

Мирзоев мегӯяд, ҳоло ҳама аз ин иқдоми ахири мақомот нигаронанд ва намедонанд ба куҷо арз кунанд.

Баҳс бар сари замин ва тақсими ноодилонаи он яке аз даъвоҳои маъмулии додгоҳҳои Тоҷикистон мебошад. Садҳо ҳазор нафар бо умеди беҳтар шудани шароити зисти худ дар навбати замин меистанд ва ин навбатпоиҳо гоҳо даҳсола давом мекунад. Гоҳо мақомот аз муҷозоти заминфурӯшони тақаллубӣ гузоришҳо медиҳанд ва ё аз хонасозиҳо дар заминҳои кишт нигаронӣ мекунанд.

Дар як қазияи соли 2016 дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд як мансабдори идораи замини ҳукумати ин шаҳр ва як миёнаравро барои “обу лой” кардани ним миллион доллари сокинон айбдор дониста, аввалиро ҷарима ва дувумиро ба 12,5 соли зиндон маҳкум намуд. Дар ин қазия 24 нафар ба ҳайси ҷабрдида дар додгоҳ посух дод.

Коршиносон мегӯянд, маҳдуд будани замин барои бунёди хона ва гарон будани қимати хона шиддати масъалаи дастрасӣ ба манзилро дар оянда ҳам бештар мекунад, чун пешбинӣ мешавад, ки то соли 2018 аҳолии Тоҷикистон аз 8,5 миллион аҳолии имрӯзааш то ба 10 миллион ҷамъият афзоиш ёбад.