Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: Иқтисоди Тоҷикистон аз офати табиӣ $600 млн. зарар дид


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳамоиши об, ки рӯзи 28 ноябр дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) – шаҳри Будапешт шурӯъ шуд, аҳли сайёраро ба мудирияти ҳамоҳангшуда ва сармоягузории бештар дар умури об даъват кард. Вай гуфт, бо афзоиши аҳолии сайёра ва камшавии захираҳои об хафви сар задани бӯҳронҳои обӣ бештар мешавад.

Масъалаи камбуди об ва таъмини аҳолӣ бо ин захираи муҳими табиӣ барои Тоҷикистон хеле доғ аст, чун аз рӯи арзёбиҳои Созмони Милали Муттаҳид дар ин кишвар 40 дар сади аҳолӣ аз дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ маҳруманд. Дар давоми солҳои истиқлолият, таъмини сокинон бо оби поки ошомиданӣ яке аз масъалаҳои доғ шудааст. Тоҷикистон то кунун даҳсолаи об барои ҳаётро баргузор карда, як даҳсолаи дигари "Об барои рушди устувор"-ро ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст.

Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дошта бошад ҳам, дар фасли зимистон ҳамасола бо камбуди нерӯи барқ дучор мешавад.

Аммо соҳибназарон мегӯянд, бо вуҷуди баргузории даҳҳо ҳамоиш дастрасии сокинон дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ ҳамоно мушкил аст ва сокинон аз садҳо метр бо хару ароба об мекашонанд. Камбуди об ба вазъи сиҳҳативу тозагӣ, мубориза бо бемориҳои сироятӣ ва мушкилоти дигар таъсири мустақим мегузорад.

"Танҳо 3-4 %-и иқтидори энержии Тоҷикистон истифода мешавад"

"Тахмин меравад, то охири даҳсолаи ҷорӣ ҳудудан 2 миллиард аҳолии кураи замин ба мушкили камбуди мутлақи об дучор мешавад", - гуфт Раҳмон дар суханронии худ, ки дар нимаи аввали рӯзи 28 ноябр дар Millenáris Park Theater-и шаҳри Будапешт садо дод. Президент дар изҳороташ, ки ба забони тоҷикӣ ҷараён гирифт, гуфт, дар шароити камбуди об "шарикиву ҳамкорӣ як тақозои замон аст".

Дар бархе деҳоти Тоҷикистон кӯдакон барои кашонидани об аз масофаҳои дур истифода мешаванд
Дар бархе деҳоти Тоҷикистон кӯдакон барои кашонидани об аз масофаҳои дур истифода мешаванд

Вай таъкид кард, дар қаламрави кишвар 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад ва дар давоми 10 соли охир, ба гуфтаи ӯ, ҳукумат ба соҳаи об 1 миллиарду 700 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст. Ба қавли ӯ, дар ин муддат, таъминоти беш аз 1,5 миллион аҳолии Тоҷикистон бо об беҳтар шуд.

"Ҳамзамон, як қисмати аҳолӣ, махсусан дар деҳот, ба шароити беҳтар, бахусус дар арсаи беҳдошт ва дастрасӣ ба манбаъҳои тозаи оби нӯшокӣ ниёзманд аст. Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дошта бошад ҳам, дар фасли зимистон ҳамасола бо камбуди нерӯи барқ дучор мешавад, ки дар навбати худ, боиси мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ мешавад. Аз 527 миллиард киловатт-соат иқтидори солонаи кишвар, имрӯз танҳо 3-4 фоизи он истифода мешавад."

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, гармшавии иқлими сайёра ва офатҳои табиӣ вазъи дастрасӣ ба обро дучанд печидатар мекунад. Ба гуфтаи ӯ, бар асари тағйироти иқлим дар давоми 20 соли охир, "аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, зиёда аз 1 ҳазор пирях об шуда аз байн рафт". Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти соли 2015, ба гуфтаи ӯ, ба иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расидааст.

Чунин вазъ, ба гуфтаи ӯ, ба зарурати андешидани чораҳои фавриву муассир ва мутобиқ гардондани низоми истифодаи об ба шароиту чолишҳои имрӯзаро тақозо мекунад. Раҳмон гуфт, ба хотири ҳалли ин мушкилот ҳукумати Тоҷикистон дар барномаи ислоҳоти бахши обии кишвар дар солҳои 2016-2025 ҳадафҳои муайянро дар заминаи расидан ба ҳамгироӣ дар масъалаи захираву истифодаи об дар назар гирифтааст.

Коршинос: Масъалаи об ранги сиёсӣ гирифтааст

Коршиносон мегӯянд, мушкили аслии об ва дастрасӣ ба он дар танзим нашудани масъалаи тақсими об дар минтақа марбут медонанд. Зеро дар замони шӯравӣ ин корро як комиссиюни вижаи ҳукуматӣ дар Маскав назорат мекард, вале солҳои истиқлолият, ҳар як ҷумҳурии ОМ ба хотири таъмини аҳолӣ ва заминҳои кишташ бо об бо ҳамсояҳои худ вориди ихтилоф шуд.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари масоили минтақа дар сӯҳбаташ моҳи август ба Радиои Озодӣ дар ин мавзӯъ гуфт, ҳоло дар Осиёи Марказӣ аксари дарёҳо асосан аз Тоҷикистону Қирғизистон сарчашма мегиранд ва ин кишварҳо дорои захираи оби минтақа ҳастанд. Ба ин далел, ба таъкиди Мирсаидов ин ду кишвар ҳақ доранд захираҳои обиву барқии худро самаранок истифода кунанд. Аммо ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, кишварҳои поёноб, аз ҷумла Ӯзбакистону Туркманистон бо ҳар баҳона эътироз мекунанд ва бо баҳонаи он ки гӯё заминҳои онҳо беоб мемонад, ба амалӣ гаштани нақшаҳои ин ду кишвар монеъ мешаванд. ​

Неъмат Мирсаидов
Неъмат Мирсаидов

Ба гуфтаи Мирсаидов, баҳонаи дигари ин кишварҳо хушк шудани баҳри Арал аст, ки он ба Тоҷикистон рабт намегирад. Ҷаноби Мирсаидов бар ин назар аст, ки мавзӯи тақсими об дар минтақа ангезаи сиёсӣ дорад, зеро “барои бархе кишварҳо истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон писанд нест”.

Дар ҳар сурат, коршиносон бар ин боваранд, ки танҳо иродаи сиёсии раҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зарур аст, ки захираҳои обӣ миёни ин кишварҳо ба таври оқилона ва мунсифона тақсим шавад. Ба гуфтаи ин коршиносон, раҳбарони минтақаро лозим аст, то ин масъаларо ба нафъи мардум истифода кунанд, на барои худхоҳӣ ва иродаи худ.

3 рӯзи ҳамоиши об дар Будапешт

Ҳамоиши марбут ба об дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) аз 28 то 30 ноябр идома мекунад ва дар баробари президенти Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш Бан Ки Мун, дабири кулли СММ тавассути Интернет аз Ню-Йорк, ​Янош Адер, президенти Маҷористон ва дигар мақомоти баландпояи кишварҳои хориҷӣ суханронӣ карданд. Дар ин нишаст дар баробари ҳайатҳои ҳукуматии бархе кишварҳо, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва матбуот иштирок мекунанд.

Ҳайати Тоҷикистон дар Будапешт

Барои иштирок дар нишасти об дар баробари президенти Тоҷикистон, мақомоти дигари баландпояи ҳукумати кишвар, аз ҷумла, вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, додситони кулл Юсуф Раҳмон ва дигарон дар Будапешт қарор доранд. Дар нимаи дуюми рӯзи 28 ноябр дар вазорати умури хориҷаи Маҷористон мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои венгерии ӯ Петер Сийярто ҳам баргузор мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG