Дар пайи ҳамла ва тирандозӣ дар клуби шабонаи Reina-и Истанбул 39 нафар, аз ҷумла 16 шаҳрванди хориҷӣ кушта шуда, даҳҳо тани дигар ба бемористон интиқол ёфтанд. Сулаймон Сойлу – вазири умури дохилии Туркия – рӯзи 1 январ гуфт, аз кадом кишварҳо будани шаҳрвандони хориҷӣ дақиқ карда мешавад. Ӯ афзуд, ҳамла дар ҳоле сурат гирифта, ки аз 500 то 700 нафар барои таҷлил аз Соли нави милодӣ дар клуб ҷамъ омада буданд. Туркия ин ҳамлаи пурқурбониро террористӣ унвон кард.
Гузориши видеоӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Туркия дар соли гузашта маркази вуқӯи чанд ҳамлаи маргбор, бомбгузорӣ, тирандозӣ ва даргирии мусаллаҳона буд.
Васип Шоҳин, шаҳрдори Истанбул, гуфт, "тақрибан соати 1:15-и бомдод террорист ба клуби шабона омадааст. Вай аввал маъмури пулисро, ки дар даромадгоҳ меистод, кушта, сипас, афроди мулкиро паррондааст. Баъдан ба дохил даромадааст. Вай бисёр бераҳмона одамони бегуноҳро, ки дар онҷо фақат ба хотири таҷлил аз Соли нав ва хуш гузарондани вақт ҷамъ шуда буданд, куштааст. Ин ҳамлаи террористӣ аст."
Хабаргузории Ройтерс ҳамлагарро як нафар гуфтааст, ки дар тан либоси Бобои Барфӣ ба клуб ҳамла намудааст. Вай тавонистааст, баъди ҳамла фирор кунад ва ҳоло амалиёти ҷустуҷӯ ва боздошти ӯ ҷараён дорад. Яке аз шоҳидони ҳодиса низ мегӯяд, "ман аз поям тир хӯрдам, мард!.. Ман намедонам. Ман танҳо як нафарро дидам."
Клуби Reina дар минтақаи Ортакой дар соҳили гулӯгоҳи Босфор қарор дорад. Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни тирандозӣ, шуморе аз ҳозирон дар клуб барои наҷоти ҷонашон худро ба дохили об партофтаанд. Reina аз клубҳои машҳури Истанбул ба шумор меравад ва маъмулан ҳам шаҳрвандони Туркия ва ҳам сайёҳон дар он ҳузур доранд.
Рӯзномаи “Ҳуррият” навишт, Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия тавассути шаҳрдори Истанбул аз ҷараёни ҳамла огоҳ шудааст. Боқир Боздоғ, вазири адлияи Туркия, гуфтааст, ки “ҳеҷ ҳамлаи террористӣ ҳамбастагӣ ва бародарии миллати моро аз байн намебарад.”
Барак Обама, президенти Амрико, бо ибрози ҳамдардӣ ва таслият гуфтааст, кишвараш кумакҳои лозимро ба мақомҳои Туркия ироа хоҳад кард. Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, дар Твиттери худ ба ин рухдод вокуниш нишон дода ва онро маҳкум кардааст. Могаренӣ гуфт, соли 2017 бо ҳамлае дар Истанбул оғоз шуд. Дабири кулли НАТО низ ин ҳамларо маҳкум кардааст.
Ҳанӯз мушаххас нест, кӣ ё киҳо даст ба тирандозӣ задаанд. Туркия дар соли гузашта маркази вуқӯи чандин ҳамлаи маргбор, бомбгузорӣ, тирандозӣ ва даргирии мусаллаҳона буд. Шуморе аз ин ҳамлаҳо ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва шибҳанизомиёни Ҳизби коргарони Курдистон нисбат дода шуда ё ин ду гурӯҳ масъулияти онро пазируфтаанд.