Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия бояд "коргардонҳои" қатли Карловро ёбад. ВИДЕО


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – қатли Андрей Карлов, сафири ин кишвар дар Туркияро "талоши халалдор кардани одисозии равобити Маскаву Анкара" донист. Вай гуфт, Маскав бояд бидонад, ки дар пушти ин ҳодиса кӣ меистад. Путин, ки пас аз лаҳзаҳои кушта шудани Карлов дар шаби 19 декабр сӯҳбат мекард, гуфт, "бешак, иқдоми таҳрикомез бо ҳадафи ворид кардани халал дар талошҳои сулҳи Русия, Туркия ва Эрон бар сари Сурия низ буд". Раиси ҷумҳури Русия афзуд, метавон ба ин иқдом танҳо як ҷавоб дод, ки он ҳам шиддат бахшидани ҷанг алайҳи терроризм аст. Русия ва Туркия ҳафтаи гузашта тавонистанд ба тавофуқе барои оташбас дар Ҳалаб ва хуруҷи шӯришиён даст ёбанд.

Андрей Карлов соли 1954 таваллуд шуда, як дипломати собиқадор буд. Ӯ аз соли 1976 дар Вазорати умури хориҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст. Раҳбарии сафорати Русия дар Анкараро соли 2013 ба ӯҳда гирифт.

Зарба аз пушт, зарба ба равобити Маскаву Анкара?

Президенти Русия гуфт, дар робита ба қатли Андрей Карлов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, намояндагони кишвараш барои иштирок дар раванди тафтишот озими Анкара хоҳанд шуд. Ба гузориши Ройтерс, Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин ба ҳузури коршинсони рус мувофиқат кардааст.

Андрей Карлов, сафири Русия дар Туркия кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00

Эрдуғон низ гуфтааст, бо Владимир Путин муътақиданд, террори сафири Русия бо ҳадафи халалдор кардани равобити ду кишвар сурат гирифтааст. Ба гузориши Ройтерс, Эрдуғон дар паёме ки аз телевизион пахш шуд, гуфтааст, равобити Русия ва Туркия барои минтақа ҳаётӣ аст ва касоне, ки қасди зарба задан ба равобити ду кишварро доранд, ба мақсадашон нахоҳанд расид.

Мавлуд Олтинтош кист?

Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии Туркия, дар мавриди марде, ки аз пушт ба сӯи Андрей Карлов тир холӣ кард, гуфтааст, “ӯ Мавлуд Мурат Олтинтош, соли таваллудаш 1994, буд, дар Анкара дар маркази пулиси ин шаҳр фаъолият мекардааст."

Андрей Карлов
Андрей Карлов

Кушта шудани Андрей Карлов дар Анкара вокунишҳои байналмилалиро ба дунбол доштааст. Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, ин ҳодисаро маҳкум карда ва гуфтааст, "террори як сафир нақзи ҳама қонунҳои мутамаддин аст ва бояд тавассути ҳама маҳкум шавад." Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико низ дар баёнияе куштори сафири Русияро маҳкум карда ва аз омодагии Иёлоти Муттаҳида барои кумак ба Русия ва Туркия дар анҷоми таҳқиқот дар ин маврид хабар дод.

Карлов дар Туркия кушта шуд

Вазорати корҳои хориҷии Русия шоми 19 декабр тасдиқ кард, ки сафири ин кишвар дар Туркия дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона кушта шудааст. Расонаҳои Русия аз қавли Мария Захарова, сухангӯи ин ниҳод навиштанд, Андрей Карлов пас аз чанд лаҳзаи тирандозӣ даргузашт. ​Мария Захарова куштори сафирро "ҳодисаи террористӣ" ва як "рӯзи фоҷиабор дар таърихи дипломатияи Русия" номид.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Ба гуфтаи хабаргузории Reuters шахси ҳамлагар, ки бо шиори "Ҳалабро фаромуш накунед" ба сӯи сафири Русия тир кушод, ходими пулиси Анкара буд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ ё созмоне масъулияти ин кушторро ба ӯҳда нагирифтааст. Пулиси Туркия кофтукоби манзили шахси ҳамлагарро шурӯъ кардаст. Аз ин пеш вебсайти рӯзномаи англисизабони "Ҳуррият" навишт, ки рӯзи 19 декабр ҳангоми суханронии Андрей Карлов дар осорхонае дар Анкара ба самти ӯ тир андохтанд ва се нафари дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштанд. Хабаргузории ТАСС гуфт, сафир, дар вазъи “бисёр вазнин” ба шифохона интиқол ёфт ва дар он ҷо ҷон дод.

​"Ҳалабро фаромуш накунед"

Хабаргузории русии ТАСС гуфт, ки зимни суханронии Андрей Карлов дар намоишгоҳи аксҳои "Русия аз назари туркҳо" дар Осорхонаи санъати муосир, як нафар ба тирандозӣ шурӯъ кард. Мегӯянд, ба ҳангоми ҳамла амнияти бинои осорхонаро танҳо полиси Туркия таъмин мекард ва сафири рус бидуни муҳофизонаш ба ин ҷо омада буд.

Хабаргузории "Анадолу" гуфт, ки ҳамлаварро нерӯҳои амниятӣ "нобуд" кардаанд, вале ҷузъиёте надод. CNN Турк як аксеро намоиш дод, ки дар толори осорхона як нафари олуда ба хун рӯи фарш афтодааст. РИА Новости, хабаргузории давлатии Русия видеоеро аз шабакаи Ютюб нашр кардааст, ки дар он дида мешавад, як ҷавон аз пушт ба Андрей Карлов тир меандозад ва ангушташ ба сӯи боло бо забони туркӣ гап мезанад ва сипас чанд тири дигар ба самти муқобил холӣ мекунад. Сафир баъди тирандозӣ рӯи фарш беҳаракат меафтад.

Аксбардори Ассошиейтед Пресс, ки дар осорхона будааст, мегӯяд, фарди ҳамлавар либоси расмӣ ва гарданбанд дошт ва ҳангоми андохтани дасти кам 8 тир "Аллоҳу Акбар" нидо мекард.

Қатли сафир пеш аз нишасти сегона

Андрей Карлов соли 1954 таваллуд шуда, як дипломати собиқадор буд. Ӯ аз соли 1976 дар Вазорати умури хориҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст. Раҳбарии сафорати Русия дар Анкараро соли 2013 ба ӯҳда гирифт.

Ин куштор рӯзе пеш аз мулоқоти вазирони умури хориҷаи Русия, Туркия ва Эрон дар шаҳри Маскав баргузор шуд, ки мавзӯи аслиаш баррасии вазъи Сурия будааст. Аз сентябри соли 2015 Русия дар Сурия амалиёти ҳарбии ҳавоиро ба пуштибонӣ аз режими президент Башор Асад бар зидди шӯришиёни мухолифи ӯ шурӯъ кардааст. Эрон, ки аз муттафиқони Русия мебошад, ҳамчунин як пуштибони Асад аст ва Туркия баръакс, аз душманони Асад пуштибонӣ мекунад.

Робитаҳои сиёсии миёни Маскав ва Анкара дар ин охирҳо наздиктар шуд ва Русия гуфт, ки хостори тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ бо Туркия мебошад. Вале айни замон, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар Сурияро "шубҳаангез" номидааст.

XS
SM
MD
LG