Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: “Як бори дигар чеҳраи зишти терроризмро дидем”. ВИДЕО


Давлати Туркия ба хотири қурбониёни ду таркиши шаби 10 декабр дар назди варзишгоҳи “Водафон Арена”-и Истанбул як рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Сулаймон Сойлу – вазири умури дохилии Туркия – рӯзи 11 декабр гуфт, ки дар натиҷаи ин таркишҳо 38 нафар кушта ва беш аз 160 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. "Сӣ нафари онҳо маъмури пулис ҳастанд", - афзуд ӯ. Таркиш баъд аз анҷоми мусобиқаи футбол рух дод, ки дар онҷо теъдоди зиёди пулиси зидди шӯриш ва сокинон ҳузур доштанд.

Таркиши Истанбул 29 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Вазорати умури дохилии Туркия пештар ҳам эълон карда буд, ки шумори зиёде аз маъмурони пулиси зидди шӯриш дар ин таркишҳо захмӣ шудаанд. Тасвиру видеое, ки аз ин инфиҷорҳо мунташир шудааст, мошини "Ёрии таъҷилӣ" ва нерӯҳои пулисро дар ҳоли ҳаракат дар хиёбонҳои атрофи минтақа нишон медиҳанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфт, ҳадаф аз инфиҷорҳо дар пайи бозии футбол "афзоиши шумори қурбониён будааст". Мақомҳои Туркия таркишҳоро ҳамлаи террористӣ номиданд ва оқои Эрдуғон ҳам гуфт, "мо як бори дигар инҷо, дар Истанбул, шоҳиди чеҳраи зишти терроризм ҳастем, ки ҳар гуна ақида ва ахлоқро зери по гузоштааст." Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар замони ҳодиса дар Истанбул ҳузур дошт.

Туркия солҳои охир саҳнаи ҳамлаҳои террористӣ ва таркишҳои маргбор будааст. Мақомҳои Туркия дар бархе маврид гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дар мавридҳои дигар шибҳанизомиёни курдро масъули ҳамла ва таркишҳо донистаанд.

Таркиш дар фурудгоҳи Отатурк. Тобистони соли 2016
Таркиш дар фурудгоҳи Отатурк. Тобистони соли 2016

Тобистони имсол дар ҳамла ва инфиҷор дар фурудгоҳи Отатурки Истанбул 45 нафар ҷон бохта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Туркия гуфтанд, се ҳамлагари маргталаб хостанд, ки ба толори қабули мусофирон дар фурудгоҳи Отатурки Истанбул ворид шаванд, вале пулис ба самти онҳо тир кушодааст ва маргталабон худро таркондаанд.

Фурудгоҳи Отатурк дар Истанбул яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои байналмилалии дунё ба ҳисоб меравад ва соли 2015 бештар аз 61 миллион нафар аз тариқи он сафар кардаанд. Бисёре аз тоҷирони тоҷик мегӯянд, ки молу колои зарурияшонро аз Истанбул меоранд ва таркишҳои ахир то ҳадде нигарон кардааст. Туркия барои Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳими тиҷоратӣ унвон мешавад. Табодули молу коло байни ду кишвар ним миллиард долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG