Бе ғизо ва ҷои хоб. Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Пулково дармонданд. (ВИДЕО)

Мусофирони тоҷик мегӯянд, ки як шабонарӯзро дар фурудгоҳи Пулково сипарӣ карданд, аммо ҳанӯз замони парвозашон ба Тоҷикистон рӯшан нест

Мусофирони тоҷик мегӯянд, ки як шабонарӯзро дар фурудгоҳи Пулково сипарӣ карданд, аммо ҳанӯз замони парвозашон ба Тоҷикистон рӯшан нест

Ҳудуди 160 муҳоҷири тоҷик як рӯз боз дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург дармондаанд. Абуалӣ, яке аз мусофирон, рӯзи 29 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвози онҳо бояд тавассути ҳавопаймои "Уралские авиалинии" сурат мегирифт, аммо масъулони ширкат аввал замони парвозро ба таъхир андохта ва сипас гуфтаанд, "билетҳои худро супоред".

Ин аксро мусофирон аз фурудгоҳи Пулково ба Радиои Озодӣ фиристоданд. 29 декабри 2016

Ин аксро мусофирон аз фурудгоҳи Пулково ба Радиои Озодӣ фиристоданд. 29 декабри 2016

Консули фахриро дар Санкт – Петербург ба фурудгоҳ фиристодем, то ба ин масъала расидагӣ кунад.
Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" бояд соати 22-и шаби гузашта аз Санкт-Петербург ба Душанбе парвоз мекард. Абуалӣ гуфт, ки феълан онҳо дар дохили фурудгоҳ ва дар шароити бад қарор доранд, чун барояшон на обу ғизо ва на ҷойи хоб пешниҳод нашудааст.

"Масъулони ширкат хуб суҳбат намекунанд. Ақаллан мегуфтанд, ки парвоз барои чанд соат ё чанд рӯз ба таъхир гузошта шуд, фаҳмидан мумкин буд. Тоқат кардан мумкин буд. Инҳо ҳеҷ шарҳ намедиҳанд ва танҳо мегӯянд, ки мақомоти худатон шуморо дастгирӣ намекунанд, мо чигуна дастгирӣ кунем?", - афзуд ӯ.

Яке аз мусофирони дигар дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, аксари одамон аз гӯшаҳои гуногуни Русия худро ба фурудгоҳи Пулково расондаанд, то аз ин тариқ ба Тоҷикистон раванд, аммо акнун вазъашон ба ин мемонад, ки "агар биравам чӣ тавр биравам ва агар бимонам куҷо бимонам?"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, даҳҳо нафар бе обу ғизо ва ҷои хоб монданд

Ҳамсуҳбати аввали мо Абуалӣ ҳам гуфт, худи ӯ маҷбур шудааст, билеташро бозпас диҳад, то роҳи дигари расидан ба кишварро ҷӯяд. "Ба ман гуфтанд, ки пули билетро баъди 30 рӯз мегирӣ. Дар ин ҳолат чӣ кор кунам? Оё Шумо медонед, ки дар ин миён чӣ гап ҳаст? Чаро бояд ба ватани худ рафта натавонем? 18 соат боз хоб нарафта нишастаем ва ақаллан як намояндаи расмии Тоҷикистон ҳам нест, ки аз номи мо бо ширкат гап занад", - афзуд ӯ.

Сарвар Бахтӣ

Дар ширкати "Уралские авиалинии" тасмими бекор кардани парвоз аз Санкт-Петербург ба Душанберо то ҳол шарҳ надоданд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабари банд мондани ҳудуди 160 муҳоҷири тоҷик дар Пулковоро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки консули фахрӣ барои арсидагӣ ба ин масъала ба фурудгоҳ фиристода шудааст. Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон, рӯзи 29 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои онҳо низ маълум нест, чаро парвози ҳавопаймои "Уралские авиалинии" ба Тоҷикистон сурат нагирифтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси ҳавоии Тоҷикистону Русия ба нафъи кӣ меанҷомад

"Уралские авиалинии" дар ҳоле парвозаш аз Санкт – Петербург ба Душанберо анҷом надод, ки қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, роҳи ин ширкат ба кишвар баста нашудааст. "Моҷарои ҳавоии" Тоҷикистону Русия беш аз як ҳафта боз идома дорад. Ин моҷаро баъди он сар зад, ки ду ҳавопаймои ширкати русии “Ямал” рӯзҳои 20 ва 21 декабр бо тақрибан 200 мусофир натавонистанд ба Душанбеву Хуҷанд парвоз кунанд. Раҳбарияти ширкат гуфтанд, ки онҳо дар баробари "Уралские авиалинии" ҳаққи парвоз аз фурудгоҳи "Жуковский"-и вилояти Маскав ба ду шаҳри Тоҷикистонро доштанд, аммо ҷониби Душанбе ин иддаоро рад намуда ва Русияро ба нақзи созишномаи иртиботи ҳавоӣ айбдор кард.

Баъдан Русия парвози ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр”-ро ба минтақаҳои ин кишвар, ба истиснои Маскаву Санкт-Петербург манъ кард. Тоҷикистон ҳам гуфта буд, роҳи “Уралские авиалинии”-ро ба кишвар мебандад, вале дертар вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода гуфт, манъи парвози "Уралские авиалинии" метавонист, бо вокуниши ҷиддии Русия рӯ ба рӯ шуда, муҳоҷиронро дар вазъияти ногувор қарор диҳад.”

Ҳоло ду тараф мегӯянд, роҳи мусолиматомези баҳсро ҷустуҷӯ доранд, вале дар ин муддат садҳо муҳоҷири тоҷик ҳангоми бозгашт ба ватан ба мушкил рӯ ба рӯ шуда, даҳҳо тани онҳо дар фурудгоҳи “Жуковский” ва Пулково мунтазири парвоз нишастаанд.