Кӯҳансолон аз Бобои Барфӣ либосу дору хостанд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Алмаато, пойтахти кӯҳнаи Қазоқистон, афроди солманд ба Бобои Барфӣ нома фиристода ва хоҳиш кардаанд, ки дар Соли Нав барояшон доруву либос ва ғизо оварад. Ин орзуи пиронсолонро Барфакҳои ихтиёрии «Ман дар канори Шумоям» иҷро мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар муддати 7 сол ҳеҷ кадоме аз номанависонро ноумед накардаанд.

Ба номаҳои Батима Кипшакбоева ва Анна Ивановна ва даҳҳо ҳамингуна сокиноне, ки дар ҳолати ногувор қарор доранд, Барфакҳои ихтиёрӣ аз лоиҳаи "Ман дар канори Шумоям" расидагӣ мекунанд.

Анна Грязноваи 92-сола аз бемории қанду фишори баланди хун азият мекашад ва маҷбур аст, қисми зиёди нафақаашро барои харидани дору сарф кунад. Ӯ мегӯяд, имкони хӯрдани ғизоҳои гуногунро надошта, пулаш барои гирифтани лавозимоти зарурии хоан басандагӣ намекунад. «Ягон хешам дар ҳаёт нест. Ҳафтае як бор кормандони шӯъбаи иҷтимоӣ бароям ғизо харида ва манзиламро пок мекунанд», - гуфт ӯ.

Грязнова афзуд, яке аз ҳамсолонаш гоҳ-гоҳе барои ӯ занг зада ва ҳолпурсӣ мекунад. “Худаш ба хабаргирӣ омада наметавонад ва мепурсад, ки ҳоло ҳам зинда ҳастам? Ман мегӯям, бале, Худо умарамро дароз кардааст, ҳанӯз медавам”, - афзуд Анна Грязнова.

Хоҳиши Алмос ва модари пираш

Ихтиёриён, ки суроғаи ин бонуи пиронсолро аз шӯрои собиқадорон пайдо карданд, ба ӯ машварат доданд, ба Бобои Барфӣ нома нависад. Аз он вақт мардуми хайрхоҳ ба аёдати Анна Ивановна меоянд ва хӯрданиву дору меоранд. Анна Ивановна имсол орзу дорад, ки барои ҳаммомаш ангишт биоранд.

Ҷевони хонаи Батима Кипшакбоева дар Алмаато низ ҳеҷ гоҳ аз дору холӣ нест. Кипшакбоева ба Бобои Барфӣ аз номи худу писари маъюбаш Алмос нома фиристодааст. Алмос маъюби дараҷаи якум ва гирифтори фаромушхотирӣ аст ва даҳ сол боз аз дарди пой низ ранҷ мекашад. «Вақте беморӣ авҷ мегирад, тарафи чапам аз кор мемонад. Ман аллакай баланд ҳарф зада наметавонам. Ман шармам меояд, ки тамоми умр кор кардам ва якора ба ин ҳол гирифтор шудам», - мегӯяд Алмос.

2000 дархости ёрӣ дар Соли Нав

Нигоҳбонии писар барои Батима Кипшакбоева хеле мушкил аст. Барои ҳамин, ӯ аз Бобои Барфӣ хоҳиш кард, барои сабти номи Алмос дар маркази махсуси офиятбахшӣ ёрӣ кунад. Вай гуфт, «танҳо каме маҳс мекунам ва ӯ дигар рӯзи дароз беҳаракат хоб аст. Дар ҳамсоягии мо марказе фаъолият мекунад, ки дастгоҳи махсус дорад ва бо беморон ҳаракатҳои варзиширо анҷом медиҳанд.»

Ба номаҳои Батима Кипшакбоева ва Анна Ивановна ва даҳҳо ҳамингуна сокиноне, ки дар ҳолати ногувор қарор доранд, Барфакҳои ихтиёрӣ аз лоиҳаи «Ман дар канори Шумоям» расидагӣ мекунанд. Имсол онҳо тақрибан 2000 дархости кумак дарёфт кардаанд ва бо мусоидати афроди хайрхоҳ орзуи ниёзмандонро амалӣ менамоянд.