Душанбе ҳанӯз ба парвози ҳавопаймои "Ямал" иҷоза надодааст. САДО

Раҳбарияти фурудгоҳи "Жуковский" дар посух ба номаи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймои ширкати "Ямал" аз Маскав ба Душанбе розӣ нашудааст ва ба ин далел 100 мусофир дар фурудгоҳ интизор нишастаанд. Ба қавли онҳо, "ширкати Ямал ва фурудгоҳи Жуковский ҳамаи масъулиятҳои худро дар назди мусофирон иҷро мекунанд. Ҳамаи онҳо аз сабти ном гузашта ва борҳояшон дар ҳавопаймо ҷобаҷо шудааст."

Як нафари огоҳ аз қазия гуфт, баҳс бар сари хадамоти ширкати “Ямал” аст, ки дар ҳоли ҳозир нархи билетро аз 80 то 100 доллар арзонтар кардааст.

Масъулони фурудгоҳи "Жуковский" рӯзи 20 декабр дар як нома ба унвонии радиои Озодӣ гуфтанд, пас аз ду соати интизорӣ ба мусофирон об ва баъд аз чаҳор соат ғизои гарм дода шудааст. "Дар сурати аз 8 соат зиёдтар тӯл кашидани интизорӣ ҳамаи мусофирон дар меҳмонхонаҳо ҷойгир карда хоҳанд шуд", - гуфтанд дар фурудгоҳи "Жуковский". Мақомоти Русия, ҳамин тавр, ҷониби Тоҷикистонро айбдор карданд, ки бандҳои созишномаи қабули парвоз аз фурудгоҳи "Жуковский"-и вилояти Маскавро иҷро намекунад. Ин тавофуқ миёни Маскаву Душанбе рӯзи 7 ноябри имсол ҳосил шуда буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Душанбе ҳанӯз ба парвози ҳавопаймои "Ямал" иҷоза надодааст

Вазорат: Муроҷиати Русияро меомӯзем

Шералӣ Ганҷалзода

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки муроҷиати ҷониби Русия дастрас шудааст ва ин санад мавриди баррасӣ қарор дорад. "Пас аз баррасии ҳамаҷониба ба ин дархост посух хоҳем гуфт", - афзуд вай. Вазири нақлиёт ҳарчанд ҷузъиёти баҳси нави марбут ба мушкили парвози ҳавопайморо шарҳ надод, вале гуфт, "ҳангоми баррасӣ ҷониби Тоҷикистон манфиати ширкатҳои ҳавоии кишварро дар назар хоҳад гирифт".

Як нафари огоҳ аз қазия ҳам мегӯяд, баҳс асосан бар сари хадамоти ширкати "Ямал" аст, ки дар ҳоли ҳозир нархи билетро аз 80 то 100 доллар дар муқоиса ба ширкатҳои Тоҷикистон арзон кардааст. Ин мусоҳиби мо гуфт, "дар ин сурат ҳама ба ширкати Ямал рӯй оварда, ширкатҳои тоҷикӣ муштариёни зиёди худро аз даст хоҳанд дод. Барои ҳамин, ҷониби Тоҷикистон мехоҳад, ки манфиати ширкатҳои ватаниро ҳимоят кунад."

Русия: Созишномаи 7 ноябр нақз мешавад

Вале Тимур Ҳикматов, сухангӯи Вазорати нақлиёти Русия, гуфт, Маскаву Душанбе рӯзи 7 ноябри имсол дар бораи парвози ҳавопаймоҳои "Уралские авиалинии" ва "Ямал" тавофуқ карда буданд ва ҳоло сухан дар бораи иҷро нашудани бандҳои ин қарордод меравад. "Дар чорчӯби ин санади ҳуқуқӣ, ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия ба ҷониби Тоҷикистон фармоишро (заявка) дар бораи парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро фиристодааст. Аммо Тоҷикистон иҷозаи парвоз надода ва ба ин тартиб созишномаи мазкурро нақз мекунад", - афзуд ӯ.

Вазорати нақлиёти Русия ба ин амали Тоҷикистон эътироз карда ва онро "талоши бозбинии якҷонибаи тавофуқи қаблӣ миёни ин ду кишвар" номидааст. Ин ниҳод аз ҳамтоёни тоҷики худ қотеъона талаб дорад, ки созишномаи имзошударо иҷро намояд. Дар банди дуюми ин созишнома навишта шудааст, ки аз фурудгоҳи Жуковский ду ширкати русӣ - “Уралские авиалинии” ва “Ямал” ба самти Тоҷикистон парвоз хоҳанд кард ва ҳайати Тоҷикистон ба ин санад имзо гузоштааст.

Серияи 1. Баробарӣ риоя нашуд

Моҷарои аввали атрофи фурудгоҳи “Жуковский” ҳанӯз 2 ноябр бархост. Он рӯз Вазорати нақлиёти Русия гуфт, бо сабаби мухолифати Тоҷикистон барои ташкили парвозҳо ба самти Тоҷикистон аз Маскав тавассути фурудгоҳи Жуковский, Русия ҳамаи парвозҳо ба самти Тоҷикистонро қатъ мекунад. Юсуф Раҳмон, як масъули Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, дар сурати тавассути фурудгоҳи воқеъ дар вилояти Маскав анҷом шудани парвозҳо, манфиати ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон аз рӯи муқаррароти “паритет ё баробарӣ”, риоя намешавад. Мояи норизоияти Тоҷикистон ин буд, ки шумори ширкатҳои русии анҷомдиҳандаи парвоз ба шаҳрҳои ин кишвар назар ба хадамоти ширкатҳои тоҷикӣ бештар будааст.

То кунун парвозҳо миёни 4 шаҳри Тоҷикистон ва беш аз 10 шаҳри Русия ба таври баробар аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ин ду кишвар анҷом мешуд. Баъди чор рӯзи ин баҳсҳо 7 ноябр дар шаҳри Маскав мақомоти авиатсияи граждании Русия ва Тоҷикистон дар заминаи танзими парвозҳо зоҳиран ба мувофиқа расиданд.

Фурудгоҳи нави Жуковский дар ҳудуди вилояти Маскав воқеъ буда ва аз фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Маскав – “Шереметево”, “Домодедово” ва “Внуково” дар фосилаи 40 то 100 километр роҳ ҷойгир аст ва ин тасмим барои мусофирони тоҷик мушкилоти зиёд эҷод мекунад. Хусусан барои мусофирони тоҷик, ки мехоҳанд аз тариқи Маскав ба кишварҳои дигари хориҷӣ парвоз кунанд. Муҳимтарин бахши мусофирони ҳавопаймоҳои Тоҷикистон-Русия муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд, ки бо ҳадафи кору рӯзӣ ба ин кишвар мераванд ва солона шуморашон дар ҳудуди 1 миллион нафар ҳисоб шудааст.