Фармони таркондани идораи пулису амният аз куҷо омад?

Акс аз дохили парванда

Додгоҳи Хатлон чор сокини ин вилояти ҷанубии кишварро барои қасди таркондани биноҳои пулису амният ва талоши боло кардани парчами гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" аз 12 то 15 сол зиндонӣ кард. Мақомоти додгоҳ рӯзи 30 ноябр гуфтанд, се сокини ноҳияи Хуросон – Беҳрӯз Файзалиеви 23-сола, Маҳмадсаид Забирови 24-сола, Сангалӣ Ёрназарови 34-сола ва сокини Кӯлоб Раҷҷо Умарови 24-сола дар мурофиа ба гуноҳи худ иқрор кардаанд. Вале наздикони бархе аз ин афрод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ин қазия "бетарафанд".

Дар ҳоле ки тасдиқи дурустии ин ривояти ҷиноят ва ҷузъиёти дигар тариқи манбаъҳои мустақил имкон надорад, вакилони дифои ин чаҳор ҷавон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маҳкумшудаҳо шикояте надоранд ва аз додани тафсилот худдорӣ намуданд.

Дар тафсири ҳукми додгоҳи чор сокини вилояти Хатлон гуфта мешавад, айбдоршудаҳо рӯзи 1 апрели соли равон дар ҳудуди вилоят боздошт шуданд ва аз онҳо, далели шайъии нияти содир кардани ҷиноят, аз ҷумла сабти навору акс ва сӯҳбатҳои телефонӣ мусодира шудааст.

Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон ва ҳамзамон қозии парванда, рӯзи 30 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин чаҳор ҷавон нақшаи ҷиноятро дар шаҳри Самараи Русия, дар замони дар муҳоҷирати корӣ буданашон кашида, баъдан мехостанд дар Тоҷикистон амалӣ кунанд.

"Пайкараи Ленину "Моҳу ситора"-ро тарконданӣ буданд"

Ӯ афзуд, "инҳо мехостаанд, ки пайкараи Ленин дар Кӯлоб, пайкараи "Моҳу ситора", Идораи амният ва идораи пулиси ноҳияи Хуросонро битарконанд. Аз Русия фармоиш гирифтаанд. Худашон нишондод доданд, шоҳидон низ ҳастанд. Дар Русия ҷойи истиқомати онҳо рӯшан аст. Ин тайёрӣ ба ҷиноят аст, барои ҳамин ҳам бо чӣ таркондани ин биноҳоро гуфта наметавонем. Дар ҷои таркиш мехостаанд, парчами "Давлати исломӣ"-ро гузоранд."

Бинои Додгоҳи вилояти Хатлон

Муҳиддинзода гуфт, ҳукми ин нафарон аз рӯи моддаҳои "барангехтани кинаву адовати миллӣ", "зархаридӣ", "терроризм" ва "тайёрӣ барои анҷоми ҷиноят" баррасӣ шуда тасдиқи худро ёфтааст. Тамосҳои ин гурӯҳ бо Самараи Русия аз тариқи интернет сурат гирифта, барои иҷрои тамоми корҳо бояд 800 ҳазор рубли русӣ масраф мешуд. Гӯё нисфи ин маблағ аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуда дар ихтиёри ин нафарон қарор дошт.

Наздикони маҳкумшудаҳо: "Мо бетарафем"

Яке аз муттаҳамон гӯё дар додгоҳ гуфтааст, аз рӯи нақша мебоист ба идораи Кумитаи амният дар вилояти Хатлон ворид шуда, таркишро анҷом медод. Дар ҳоле ки тасдиқи дурустии ин ривояти ҷиноят ва ҷузъиёти дигар тариқи манбаъҳои мустақил имкон надорад, вакилони дифои ин чаҳор ҷавон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маҳкумшудаҳо шикояте надоранд ва аз додани тафсилот худдорӣ намуданд.

Ғулом Бобоев

Аз ҷумла, Ғулом Бобоев, вакили Беҳрӯз Файзалиев ба Радиои Озодӣ гуфт, бидуни ризояти зерҳимояаш сӯҳбат карда наметавонад. Даврон Ёрназаров, бародари Сангалӣ Ёрназаров, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар робита бо қазияи бародараш “бетарафиро” ихтиёр мекунад ва намехоҳад аз ӯ пуштибонӣ кунад.

Шаҳриёр мехост, Театри опера ва балетро тарконад?

Ӯ гуфт, "ба ягон мурофиа нарафтам, намедонам, ки чӣ кор кард. Танҳо модари пиру беморамро азият дод, ки барояш гиря мекунад. Нав аз Русия барои хабаргирии модарам омад, вале ин ҳадафҳояшро мо намедонистем."

Шаҳриёр Тӯрахонова

Ин дувумин ҳодисаи қасди анҷоми таркиши террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аст, ки соли ҷорӣ дар додгоҳи вилояти Хатлон баррасӣ шуд. Моҳи феврали имсол Шаҳриёр Тӯрахонов, як сокини ҷавони ноҳияи Панҷ, ки ӯро додгоҳи Хатлон як узви Толибон номида буд, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ гуфт, ин нафар баъди тамрин дар қароргоҳҳои ҷангиён дар Афғонистон барои таркондани Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе омад, вале ба даст афтод.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта шуд, ки гӯё ин ҷавон давоми 3 моҳ ҳамроҳи Толибон нақшаи таркишро дар Тоҷикистон кашида буд ва дар охирсуханаш низ иқрор кард, ки ҳадафаш таркондани як ҷойи серодами Душанбе будааст. Нозирон мегӯянд, азбаски ин ва дигар парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои террористӣ пушти дарҳои баста, бидуни ҳузури коршиносони бетараф ва ё матбуот мегузарад, исбот кардани дурустии тамоми иттиҳомот имкон надорад.