Байдуллоева: "Дар Тоҷикистон сардӣ барвақттар фаро мерасад"

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон эълон кард, ки шоми 19 ноябр дар Душанбе резиши борон ва рӯзҳои минбаъда боридани барфи аввал дар соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо пахши огоҳинома аз сокинон хостааст, аз сафар ба минтақаҳои кӯҳистонӣ дар ин рӯзҳо худдорӣ кунанд.

Аз аввали моҳи ноябр дар манотиқи Тоҷикистон ба ҷуз аз шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳову шаҳрҳҳои саноатӣ реҷаи интиқоли барқ ё ба истилоҳ “лимит” роҳандозӣ шудааст.

Ҳавошиносон мегӯянд, ҳавои сард ва боридани барф тӯли як ҳафта идома хоҳад ёфт. Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 19 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин рӯзҳо сардии шабонаи ҳаво дар минтақаҳои кӯҳистонӣ то 15 дараҷа сард хоҳад шуд. Ӯ гуфт, “сардии ҳаво ба сабаби воридшавии тундбоди сибирӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Дар муқоиса бо чанд соли охир чунин сардӣ ва боридани барф дар Тоҷикистон каме барвақттар сурат мегирад, ки сабаби он воридшавии ҳавои сард ба минтақа мебошад.”

Ба қавли Байдуллоева, ҳавои сард дар Тоҷикистон то 25 ноябр идома хоҳад дошт ва сипас ҳаво андаке рӯ ба гармӣ меорад. Маъмулан қабл аз фарорасии фасли зимистон Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон барои ин фасли сол дар кишвар вазъи ҳаворо пешбинӣ мекард. Вале, ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, дар соли ҷорӣ аз буҷаи кишвар барои анҷоми чунин таҳқиқот ва пешбинӣ маблағ ихтисос нашудааст. Ба ин далел мутахассисони Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон натавонистанд якҷоя бо ҳамтоёни худ дар Русия чунин пешбинии дарозмуддатро таҳия кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бар пояи иттилои Маркази ҳавошиносии кишвар огоҳиномаеро интишор карда ва аз сокинони кишвар хостанд, дар ин рӯзҳо аз сафар ба манотиқи кӯҳистонӣ худдорӣ кунанд ё нақлиёти худро ба “таҷҳизоти зидди лағзиш” муҷаҳҳаз созанд. Рӯзи гузашта дар Душанбе низ мақомот омодагии ниҳодҳои махсус ва хадамоти шаҳриро барои тоза кардани хиёбонҳо аз барф санҷиданд.

Аз аввали моҳи ноябр дар манотиқи Тоҷикистон ба ҷуз аз шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳову шаҳрҳҳои саноатӣ реҷаи интиқоли барқ ё ба истилоҳ “лимит” роҳандозӣ шудааст. Сокинони манотиқи рустоии Тоҷикистон танҳо барои чанд соат субҳ ва шом ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд. Маъмулан ин сокинон барои гарм кардани манзилҳои худ аз ангиштсанг истифода мебаранд, ки қимати ҳар як килои он дар ҳоли ҳозир ба 1 сомониву 50 дирам баробар аст.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж” мегӯяд, мушкили сардиҳо бештар хоси шаҳрҳост, на манотиқи рустоии кишвар. Зеро, ба гуфтаи ӯ, дар деҳаҳо мардум аз оташдонҳо истифода карда, манзили худро гарм мекунанд, вале дар шаҳрҳо чунин имконият нест.

Дар зимистони соли 2008 сардиҳои шадид сабаб шуданд, ки дар чанде аз таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе аз фавти чанд кӯдаки навзод хабар шуда буд. Гузашта аз ин, ҳатто дар шаҳри Душанбе барои чанд соат интиқоли нерӯи барқ қатъ шуд.

Аз ду сол ба ин сӯ мақомот талош доранд дар шаҳри Душанбе интиқоли гармӣ ба хонаҳои сокинони пойтахтро роҳандозӣ кунанд. Ҳарчанд тӯли як соли ахир дар бештаре аз хиёбону кӯчаҳои Душанбе насби қубури интиқоли гармӣ идома дорад ва шаҳрдорӣ расман эълон кард, ки аз 15 ноябр мавсими гармидиҳӣ шурӯъ шудааст, аммо иттилое, ки Радиои Озодӣ дар пайи пурсиши сарикӯчагии сокинон ба даст овардааст, то ҳол дар манзили сокинони хиёбонҳои маркази Душанбе интиқоли гармӣ оғоз нашудааст.