Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори рӯзгор бар шонаҳои кӯчаки Орзу. ВИДЕО


Орзу 14-сола аст ва дар канори бозори "Саховат"-и Душанбе бо шустани мошин пул ба даст меорад ва бар ивази шустушӯи ҳар мошин, аз 5 то 10 сомонӣ мегирад. Мегӯяд, вақте падараш модар ва ӯву ду хоҳарашро танҳо гузошта рафт, маҷбур шуд дар чунин шароит дар паҳлӯи модар бошад ва ба ӯ кӯмак кунад. Ҳамин тавр, Орзу дар 12-солагӣ саробон ва таъмингар оила шуд ва инак ду сол мешавад мошиншӯӣ мекунаду ҳар рӯз аз ин ҳисоб 40-50 сомонӣ маблағ меёбад.

Бо вуҷуди ин, ки шустушӯи мошин дар кӯча бо оби сард ва дар фасли сармо кори сахту сангин аст, Орзу ҳар рӯз пас аз дарс то шаш соат вақти худро сарфи чунин кор мекунад. Худаш ҳам иқрор мешавад, ки дар ин ду сол борҳо сармо хӯрдаву бемор шудааст: “Тобистону зимистон бо оби хунук мошин мешӯям. Албатта, ҳар касе набошад, касал мешавад. Боз аз ҳамин ҳисоб табобат мекунем”.

Абдулвалӣ Қулов.
Абдулвалӣ Қулов.

Ҳоло дар саросари Тоҷикистон мисли Орзу даҳҳо наврас ба кори сахту сангин машғул буда, ба хотири таъмини зиндагӣ ва ризқу рузӣ саломатии худро аз даст медиҳанд. Як пурсиши ахири Оҷонсии омори Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии кор миёни кӯдакони коргари тоҷик рӯшан кардааст, ки 17 ҳазор ё аз ҳар се кӯдак як нафарашон аз саломатии худ шикоят карда ва гуфтаанд, ки кори сангин ба сиҳатии онҳо бетаъсир намондааст.

Абдувалӣ Қулов, масъули Оҷонсии омори Тоҷикистон зимни муаррифии натиҷаи таҳқиқоти ахире, ки аз соли 2012 то 2015 дар саросари кишвар анҷом шудааст, гуфт дар Тоҷикистон атфоли аз 5 то 15-сола ба меҳнат ҷалб мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пурсиши онҳо ҳам ба хотири дарёфти роҳ барои ба мактаб баргардонидани чунин кӯдакону наврасонест, ки таҳсилро ба кори бозор иваз кардаанд.

Бори сангини рӯзгор бар шонаҳои кӯчаки Орзу
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00


Раҷаб Раҷабов, як масъули вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии кор як Шӯро таъсис додааст ва дар доираи он бо баргузории чорабиниҳо, мушкили кӯдакони коргарро дар кишвар матраҳ мекунанд. Ҳоло ин Шӯро рӯйхати 2800 навъи корҳои барои кӯдакон вазнинро таҳия кардааст, ки то 18-солагӣ барои наврасон иҷозат дода намешавад.

Раҷаб Раҷабов мегӯяд, ҳоло вазорати меҳнат бо дарёфти шарикони рушд баргузории мониторинг дар мавриди кори кӯдакон дар маҳаллаҳоро шурӯъ кардааст. “Аллакай тавассути барномаҳои СММ дар Тоҷикистон, шаш ноҳияи таҷрибавӣ ё пилотӣ мониторинги меҳнати кӯдакро ба роҳ мондааст. Онҳо месанҷанд, ки то куҷо кӯдакон ба кори сиёҳ ҷалб шудаанд. Баъдан онҳоро ба касбомӯзӣ ҷалб мекунанд.”

Раҷаб Раҷабов.
Раҷаб Раҷабов.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 3,5 миллон кӯдакону наврасон ба сар мебаранд ва 66 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.

Ҳарчанд истифода аз кори кӯдак дар ин кишвар манъ аст, вале қисмати зиёди кӯдакони тоҷик маҷбуранд, ки барои пайдо намудани рӯзии худ кор кунанд. Бино бар оморҳо, дар Тоҷикистон наздики 200 ҳазор кӯдак ба иҷрои корҳои хона ва кӯча машғуланд, бархе аз онҳо бо сабаби кори бомузд аз таҳсил канор мондаанд.

Аммо Орзу қаҳрамони мо, ки дар ҳавои сард бидуни пойафзол ва либоси гарм ба мошиншӯӣ машғул буд, медонад, ки бар ивази ин кор сиҳатии худро аз даст медиҳад. Вале илоҷе надорад, чун падар онҳоро тарк кардааст ва маҷбур аст бо модар зиндагии худу хоҳаронашро пеш барад.

XS
SM
MD
LG