Бархе аз ҷавонон шикоят доранд, ки баъди адои хидмати ҳарбӣ натавонистаанд кумакпулии семоҳаро аз идораи шуғли аҳолии ҷои иқоматашон дастрас кунанд. Ин кумакпулӣ дар як моҳ 250 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бародарон Фирӯз ва Шерафган Сафарзодаҳо, сокинони ноҳияи Қубодиён, рӯзи 9 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки муроҷиати батакрори онҳо барои дарёфти ин кумакпулӣ то ҳол натиҷа надодааст. Фирӯз гуфт, “вақте хидмат тамом шуд, таъкид карданд, ки
Ваъдаҳо иҷро нашуд. Замин надоданд. Ҳатто гуфта буданд, барои ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба артиш мераванд, арӯс интихоб карда, маъракаҳои арӯсиро баргузор мекунанд. Ҳоло ин ҷавонон наметавонанд, ки ақаллан кумакпулияшонро гиранд.Адолат Сайфуллоева
рафта кумакпулиро гирем. Хостам, то замони пайдо кардани ҷойи кор кумакпулиро гирифта, аробаи зиндагиро чархонам, вале то ҳол дарак нест. Бародарам Шерафган низ хидмати сарбозиро тамом карда омад. Ба ӯ низ кумакпулӣ надоданд.”
Ҳоло фарзанди севуми ин хонавода – Фаридун Сафарзода дар хидмати сарбозист ва падарашон Исмоил мегӯяд, ки давлат дар ҷавоб ба ин ташаббуси онҳо бояд ёриашро дареғ надорад. Дар ҳоле ки, ба қавли Исмоил, «писаронам бекор ҳастанд ва то замони пайдо кардани ҷойи муносиб ба ёрии давлат сахт эҳтиёҷ доранд».
Даъвати тирамоҳии ҷавонони аз 18 то 27-сола ба саффи артиши Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр оғоз шуд. Дар иваз ҷавононе, ки тӯли ду соли худро дар артиш сипарӣ карда буданд, ба назди хонаводаҳои худ бармегарданд ва баъзеи онҳо барои дарёфти рисқу рӯзӣ маҷбуранд кишварро ба қасди Русия тарк кунанд ё дар ватан барои худ ҷои по дуруст намоянд. Мақомоти ноҳияи Қубодиён мегӯянд, ки ҳамин шабурӯз бояд 160 ҷавони ин минтақа хидмати сарбозиро адо кунанд.
Ойдиной Авазова, сардори бахши идораи шуғли аҳолии ноҳияи Қубодиён, ки масъули пардохти кумакпулии сарбозон аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мушкили молиро иллати пардохт нашудани маблағи сарбозон донист. Ӯ афзуд, «баъзан ҳолатҳое мешавад, ки дар вақти тамом кардани хидмати сарбозон мо пул надорем. Моро намефаҳманд ва бовар намекунанд. Ҳолатҳое буданд, ки аз болои мо ба додситонӣ шикоят карданд.»
“Шпаргалка” барои қурбониёни “облава”
“Шпаргалка” барои қурбониёни “облава”
Чанд соли охир аз латту кӯб, маъюб ва ҳалок шудани сарбозон дар ҷараёни хидмати ҳарбӣ дар матбуот хабарҳо нашр мешавад. Додгоҳҳои Тоҷикистон чанде аз ин қазияҳоро баррасӣ ва муттаҳамон дар латту кӯбу ба марг расондани сарбозонро маҳкум кардааст.
Масъулони идораи шуғли аҳолии ноҳияи Қубодиён гуфтанд, дар маҷмуъ, аз даъвати баҳорӣ то даъвати тирамоҳии имсол 139 ҷавон барои дарёфти кумак ба онҳо муроҷиат карда, 117 нафари онҳо кумакпулӣ гирифтаанд.
Адолат Сайфуллоева, як сокини ноҳияи Қубодиён, мегӯяд, одатан ҳукуматҳои маҳаллӣ барои ҷалби ҷавонон ба артиш аз ваъдаҳои зиёд кор мегиранд, вале «баъди аз лой гузаштани харашон» ҳамаро фаромӯш мекунанд. Сайфуллоева мегӯяд, ҳангоми ҷалби фарзандони онҳо ба артиш ҳатто ваъдаи додани қитъаи замин садо дода буд, «аммо ин ваъда иҷро нашуд. Замин надоданд. Ҳатто гуфтанд, барои ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба артиш мераванд, арӯс интихоб карда, маъракаҳои арӯсиро баргузор мекунанд. Ҳоло ин ҷавонон наметавонанд, ки кумакпулияшонро бигиранд.»
Ҳоло дар Тоҷикистон мавсими нави даъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ шурӯъ шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, сарбозоне, ки мӯҳлати муқарраршудаи хидмати ҳарбиро то моҳҳои октябр ва ё ноябри имсол ба поён расондаанд, рухсат дода шаванд ва ба ҷойи онҳо ҷавонони аз 18 то 27-сола, ки ҳаққи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбиро надоранд, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб карда шаванд.
Фармони раиси ҷумҳурро расонаҳои давлатӣ нашр карданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин амр додааст, раисони шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо коммисариатҳои низомӣ “даъвати муташаккилонаи шаҳрвандон ба хидмати ҳарбиро” ба роҳ монанд. Дар Тоҷикистон масъалаи даъват ба артиш, масъалаи ба истилоҳ ҷанҷолӣ аст, чун теъдоде аз ҷавонон аз хидмат дар сафи артиш худдорӣ мекунанд.
Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мешавад.