Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"75 дарсади ҳамхидматонам аз оилаҳои миёнаҳол ҳастанд"


Наврӯз Боев дар хидмати сарбозӣ.
Наврӯз Боев дар хидмати сарбозӣ.

Наврӯз Боев, муҳаррири барномаҳои таҳлилии телевизиони «Баҳористон», ки бо хоҳиши хуб ба аскарӣ рафтааст, мегӯяд, ки бахши асосии ҳамхидматҳояш фарзандони оилаҳои миёнаҳол буда, ангуштшумор фарзанди додситону вакили дифоъ мушоҳҳида мешавад.

Наврӯз Боеви 22-сола ҳоло дар як қисми низомӣ дар шаҳри Душанбе хидмат мекунад. Дар як сӯҳбат аз ӯ пурсидем, ки чаро ба артиш рафт ва бо ин кораш чиро нишон додан мехоҳад?

Наврӯз Боев: «Панҷ моҳ шуд, ки дар хидмати ҳарбиам. Дар телевизиони “Баҳористон” ба таҳияи намоишҳои ватандӯстона машғул будам ва вақте дар бораи қарзи ватандорию шаҳрвандӣ сӯҳбат мекардем ва мардумро ба хидмати ҳарбию садоқат ба ватан ташвиқ мекардем, аз ман мепурсиданд, ки “худат дар Артиш хидмат кардаӣ?” Барномаи “Матин”-ро дар телевизиони Баҳористон пеш мебурдам, ки ташвиқи ватандӯстӣ буд. Аз ҳаёти сарбозон бо назарпурсии сокинон барнома омода мекардем. Гуфтам, ки вақте бо чунин шакл кор мекунам, пас, ҳатман бояд ба хидмати ҳарбӣ равам, то фардо чунин таънаҳоро нашунавам. Худам ҳам фикр кардам, ки фурсати хуб дорам, то дар артиш тамрини бадан кунам ва ҳам исбот кунам, ки на дар забон, балки дар асл ҳам ватанро дӯст медорам. Ҳоло ба мӯҳлати ду сол бояд қаламро ба силоҳ иваз кунам.»

Дар ҷое, ки ман хидмат мекунам, дипломдорон тақрибан 20 дарсадро ташкил медиҳанд. Ин ҳақиқат аст, ки ихтиёриён ҳам кам нестанд.
Наврӯз Боев

Озодӣ: Бори қаламро бардоштан сабуктар аст ва ё аз силоҳро?

Наврӯз Боев: «Бори қалами созандаро бардоштан сабуктар аз ҳама гуна силоҳ ҳаст. Ман ошиқи қалам ҳастам ва силоҳро дӯст намедорам. Силоҳ барои куштани инсонҳо офарида шудааст. Ҳарчанд, аз тарафи дигар бояд мо силоҳ дошта бошем, ки суботро таъмин кунем ва талаботи замон аст, ки бе силоҳ намешавад, сулҳро ҳифз кард. Ин ҷо ҳам ба ёди хабарнигориам, ҳарчанд, талаботи сарбозиро кӯшиш мекунам, хуб иҷро кунам.»

Озодӣ: Шумо ҳам хабарҳои бадрафторӣ дар артиш ва шиканҷа шудани сарбозонро шунидаед. Худатон боре шоҳиди чунин ҳолатҳо шудед?

Наврӯз Боев: «Дар ин бора шунида будам. Он дӯстоне, ки чанд сол пештар аз ман хидмат карда буданд, қиссаҳо мекарданд, ки наваскарон аз ҷониби сарбозони бузургсол азият мешаванд. Ба ростӣ, аз рӯзе, ки ба инҷо омадам, шоҳиди чунин ҳолат нашудам. Шояд ин пештар буд ва ҳоло вазъ ислоҳ шудааст ва ё дар ҷое, ки ман хидмат мекунам, ин ҳолат ба назар намерасад. Аз тарафи дигар, вақте ман ба ин қисми ҳарбӣ омадам, аллакай сарбозону афсарон маро ҳамчун журналист мешинохтанд. То замони савганд хӯрдан, онҳо фикр мекарданд, ки барои таҳқиқоти журналистӣ ин ҷо омадаам ва шояд баргардам. Аммо вақте сарамро тарошиданд, ҳайрон шуданд, ки воқеан, ман ба хидмат омдаам. То ҳол ба чашми худ ва дар ҳаққи худ ҳеҷ фишор ва азиятро надидаам. Хидмати сарбозӣ беҳтар шудааст ва аз чанд соли пеш фарқ мекунад.

Наврӯз Боев
Наврӯз Боев

Озодӣ: Ҳамхизматҳоят киҳо ҳастанд?

Наврӯз Боев: «75 дарсади ҳамхидматонам аз хонаводаҳои миёнаҳол ҳастанд. Писари як додситон ва писари як адвокат ҳам ҳамроҳамон хидмат мекунад. Падари инҳо одамони обрӯманданд. Шумораи онҳое, ки пас аз хатми донишгоҳ ба сафи артиш омадаанд, низ зиёданд. Дар ҷое, ки ман хидмат мекунам, дипломдорон тақрибан 20 дарсадро ташкил медиҳанд. Ин ҳақиқат аст, ки ихтиёриён ҳам кам нестанд.»

Озодӣ: Ангезаи ҷалб шудани онҳо ба хидмати ҳарбӣ чӣ ҳаст?

Наврӯз Боев: «Ҳоло дар Тоҷикистон онҳое, ки хидмати ҳарбӣ кардаанд, тариқи Маркази тестӣ барои ворид шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо имтиёз доранд. Ин ҷавонон мехоҳанд, хидмат кунанд ва аз ин имтиёз истифода кунанд. Ҷавононе, ки донишгоҳро хатм кардаанду мехоҳанд, як сол хидмат кунанд, ҳаваси кор кардан дар сохторҳои низомиро доранд. Дар сӯҳбатҳо мегӯянд, ки пас аз гирифтани рутбаи ҳарбӣ бо дипломе, ки доранд, ақаллан метавонанд, дар ҷое посбон шаванд ё дар ягон ниҳоди қудратӣ ба кор дароянд.»

Озодӣ: Оё миёни муҳаррир будан ва сарбозӣ тафовуте ҳаст?

Наврӯз Боев: «Аслан, кори мо бештар эҷодӣ ва фикрӣ буд. Албатта, он мушкилтар буд, вале чун коратро дӯст медорӣ, дар назарат мушкилҳо наметобанд. Дар кор ба ҳар ҳол озод ҳастӣ. Инҷо низом аст, ки онро бояд риоя кунӣ. Саҳар машқи ҳарбӣ, бо низом ба ғизохӯрӣ рафтан ва кор бо силоҳро омӯхтан. Аммо эҳсос кардам, ки наметавонам шахси ҳарбӣ бошам. Машқи тирпарронӣ доштем. Миёни ҳамхидматон танҳо нафаре будам, ки ҳеҷ гоҳ тирро ба нишон нарасондам. Кори низомӣ мушкилтар аст ва на ҳар кас метавонад шахси низомӣ бошад.»

XS
SM
MD
LG