Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ барои ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ барномаи омӯзишиеро омода кардааст, ки дар ҳоли ҳозир дар телефонҳои ҳушманди навъи Андроид дастрас аст. Хуршеда Раҳимова, як масъули Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, 5 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин барнома 18 китоб ва 24 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба шакли кӯтоҳ ва оммафаҳм оварда шудааст.
Ҳамасола, зимни даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ аз даъвати иҷборӣ ё "облава"-и ҷавонон ба сафи артиш хабарҳо нашр мешавад.
"Даъватшавандаҳо ва сарбозон чӣ ҳуқуқ доранд, ин ҷо пурра гуфта шудааст. Нусхаи аризаҳо ва дигар ҳуқуқи онҳо ба таври кӯтоҳ сабт шудааст. Чун ҳоло ҳама ба телефонҳои навъи Андроид дастрасӣ доранд, инро аз махзани телефонҳо метавонанд берун оварда истифода кунанд", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон ин созмон эълон кардааст, ки ба ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ машварати ройгони ҳуқуқӣ дода, бо ҷалби коршиносони тиббӣ то куҷо қобили хизмат будани онҳоро муайян мекунад. Хуршеда Раҳимова гуфт, "ташхиси тиббии мо хусусияти машваратӣ ва тавсиявӣ дорад. Онро то куҷо комиссияҳои тиббии даъват ба сафи хидмати ҳарбӣ ба назар мегиранд, намедонем. Ҳадафи мо ин аст, ки сарбозони солим ба артиш ҷалб шаванд ва бо боло бурдани огоҳии онҳо шиканҷаву бадрафторӣ дар артиш аз байн равад."
Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҷамъиятист, ки дар самти боло бурдани огаҳии ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ ва ҷилавгирӣ аз хушунату шиканҷа дар артиши Тоҷикистон кор мебарад. Омода намудани барномаи "Даъватшаванда" барои телефонҳои ҳамроҳ ва эълони ташхиси тиббию машварати ройгон барои даъватшавандаҳо аз ҷониби ин созмон дар ҳолест, ки аз 1 октябр даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш оғоз шудааст.
Чанд соли охир аз латту кӯб, маъюб ва ҳалок шудани сарбозон дар ҷараёни хидмати ҳарбӣ дар матбуот хабарҳо нашр мешавад. Додгоҳҳои Тоҷикистон чанде аз ин қазияҳоро баррасӣ ва муттаҳамон дар латту кӯбу ба марг расондани сарбозонро маҳкум кардааст.
Ҳамасола, зимни даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ аз даъвати иҷборӣ ё "облава"-и ҷавонон ба сафи артиш хабарҳо нашр мешавад. Чор соли пеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба хатми "облава" супориш дода, гуфта буд, ки бо роҳҳои тарғиботӣ ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ ҷалб кунанд, на ин ки бо роҳи маҷбурӣ.
Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, ки ҳоло ҳам тариқи “облава” ба хидмати ҳарбӣ бурдани ҷавонон мушоҳида мешавад. Вазорати дифои Тоҷикистон вуҷуди “облава”-ро расман рад мекунад ва мегӯяд, сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ мераванд, афзоиш ёфтааст.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи сарбозон ва ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон, ба мисли Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯянд, шеваи даъват ба хидмати ҳарбӣ ниёз ба тағйир дорад. Ҳоло тарҳи нави қонуни хидмати низомӣ ба порлумони Тоҷикистон фиристода шудааст ва гуфта мешавад, дар сурати қабули он вазъ тағйир хоҳад ёфт.
То ба ним сол кам кардани мӯҳлати хидмати сарбозӣ аз муҳимтарин нукоти тарҳи нави қонуни "Ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати низомӣ" аст, ки аз сӯи намояндагони ниҳодҳои давлативу ҷамъиятии Тоҷикистон таҳия шудааст. Агар ин лоиҳа аз сӯи Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии порлумон дастгирӣ ёбад, сарбозони тоҷик дар артиши миллӣ на 2, балки 1,5 сол хидмат хоҳанд кард.