Салтанат Каримоваи 64-сола кор дар ҳукумати ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва созмонҳои ҷамъиятиро ба хотири ангурпарварӣ тарк кардааст. Вай солҳои дароз дар шуъбаи умумии ҳукумати ноҳияи Вахш кор мекард. Дар ҳоле ки кишоварзон аз бӯҳрони молӣ суҳбат мекунанд, вай аз даромади имсолааш розӣ буда, ба ояндаи тиҷораташ хушбин аст.
Аз 8 фарзанди Салтанат Каримова танҳо як нафараш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст ва боқимонда ҳамроҳи ӯ дар токзор кор мекунанд. Ӯ ҳам ба наздикӣ бо даъвати модараш ба ватан бармегардад ва дар нигоҳубину ҷамъоварии ток ёрӣ хоҳад дод.
"Зиндагиамон аз ҳамин ҳисоб мегузарад ва дар ҳоли ҳозир танқисӣ надорем. Барои харидани маводи ғизоии хонавода мерасад ва беҳтар аст, ки ба ҷои сахтиҳои муҳоҷират дар мулки дигар фарзандон ҳамин ҷо кор кунанд ва дар назди хонавода бошанд", - мегӯяд ӯ.
Боғи ангурро Салтанат Каримова дар ду гектар замин 10 сол пеш бунёд кард. Аз даромади он оилаи 30-нафарии худро мехӯронад ва мепӯшонад. Салтанати 64-сола дар водии Вахш аз ангурпарварони номдор аст. Ҳар сол то 1000 бех ниҳоли ӯро омада, барои бунёди боғҳои хусусӣ мехаранд.
Тасвири кору зиндагии Салтанат Каримоваро дар ин навор бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад