Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар кишоварзӣ пешбинӣ намудани суду зиён, душвор аст"


Замира Қаҳҳорова, соҳибкорзани муваффақи тоҷик.
Замира Қаҳҳорова, соҳибкорзани муваффақи тоҷик.

Замира Қаҳҳорова- ғолиби озмуни занони соҳибкори тоҷик "Фараҳ" дар соли 2012 аст, ки дар ҷамоати Шайдони ноҳияи Ашт як хоҷагии муваффақи деҳқонӣ ташкил намуда, бо парвариш, коркард ва содироти зардолуву настаран ба Русия машғул аст.

Рӯзи сешанбеи 15-уми январ хонуми тоҷик Замира Қаҳҳорова дар зиёфати Робин Орд Смит-сафири Британия Кабир дар Душанбе, барномаҳои соҳибкорӣ ва нақшаҳояш барои солҳои ояндаро баррасӣ кард. Замира Қаҳҳорова ва як идда занони соҳибкори тоҷик, ки дар ин мулоқот иштирок доштанд, ғолибони озмуни "Фараҳ" мебошанд, ки ҳар сол дар байни занони соҳибкори муваффақ баргузор мегардад.

Замира Қаҳҳорова мегӯяд, сафир аз нақшаҳои ӯ пуштибонӣ намуда, ваъда додааст, ки ҳангоми зиёрат аз ноҳияи Ашт ҳатман аз хоҷагии онҳо дидан намуда, имкони таъмини онҳо бо таҷҳизоти коркарди меваро барррасӣ мекунад. Қаҳҳорова орзу дорад, ки тавлиди шарбату афшураи зардолуро раҳандозӣ намуда, дар баробари он зардолуи хушкеро, ки ба Русия содир мекунад, дар шакли такмилшуда дар халтаҳои хурд ҷой дода, рост ба дасти муштариён расонад.

Дар ҳоли ҳозир Қаҳҳорова дар майдони 24 ҳектар боғи зардолу ва дар ду ҳектари боқимонда хуч ё худ настаран мепарварад. Ӯ мегӯяд, дар кишоварзӣ пешбинӣ намудани даромаду хароҷот хеле душвор аст, зеро чандин омил: обу ҳаво, ҳамлаи ҳашароти зараррасон ва ғайраву ҳоказо, метавонанд ҳосилро барбод диҳанду кишоварзро на бо фоида, балки бо хасороти ҷиддӣ рӯ ба рӯ кунанд. Соли гузашта Қаҳҳорова ба Русия 55 тонна зардолу содир намуда, наздики 150 ҳазор сомонӣ фоида ба даст овардааст. Аммо соли 1994 вақте Қаҳҳорова ба соҳибкорӣ рӯй овард, ӯ пули зиёде дар ихтиёр надошт ва аз ин рӯ, ӯ бо шавҳараш корро аз фурӯши зардолуи хушк дар Русия оғоз намуданд:

Хонум Қаҳҳорова мегӯяд: "Аз мардум меваро мехаридам. Мегуфтам, ки онро 1 сомонӣ нафурӯшед. Беҳтар аст, ба ман диҳед, ман зардолуро дар Русия фурӯхта, аз ҳар килограмм ба шумо 1 сомониву 20 дирам медиҳам. Албатта он замон пул дигар буд. Ибтидо аз шиносҳову хешу табор меваро мегирифтаму тавассути почта ба Русия мефиристодам. Сипас дар Русияр онро гирифта, мефурӯхтам. Ҳамроҳ бо шавҳарам муддате зардолу бурда, фурӯхтему пулашро ҷамъ кардем. Билохира, ин пул имкон дод, ки соҳибкориро то вазъи кунунӣ тавсеа бахшем."

Хонум Қаҳҳороваи 53-сола модари 5 фарзанд аст ва баъди хатми донишкада ё худ техникуми кооперативии шаҳри Душанбе 20 сол дар соҳаи тиҷорат ифои вазифа кардааст. Ӯ мегӯяд, ки дар оилаи кишоварз ба воя расидааст ва вақте тасмим гирифт, дар канори фурӯши зардолу дар Русия ба боғпарвариву коркарди мева дар ноҳияи Ашт машғул шавад, падару бародар ва шавҳару фарзандонаш ба ӯ кwмак кардаанд.

Санавбар Шарифова, мудири кулли созмони қарздиҳандаи "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ", ки озмуни "Фараҳ"-ро ташкил кардааст, мегӯяд, 20 сол пеш дар Тоҷикистон занон дар бораи соҳибкорӣ тасаввури зиёд надоштанд, ҳоло бошад, дар соҳаи нақлиёту сохтмон, хидматрасонии тиббӣ ва истеҳсоли ширу гӯшт ҳузур пайдо кардаанд.

Санавбар Шарифова мегӯяд: «Ҳоли ҳозир як тамоюле ба назар мерасад, ки занҳо фаъолияти худро шурӯъ карда, баъдан аъзоҳои оилаи худ аз ҷумлаи ҳамсарон ва фарзандонашонро ба ин фаъолият ҷалб карда истодаанд. Яъне, ду даҳсола пеш агар дар пешорӯи зани соҳибкор аз сӯи ҷомеа ва оила нофаҳмӣ дар ин замина сар мезад, ҳоло бо ташкили бизнесҳои оилавӣ, ин масъала аз миён меравад.»

Қаҳрамон Бақозода, ҷомеашиноси тоҷик
Қаҳрамон Бақозода, ҷомеашиноси тоҷик
Яке аз аъзои ҳакамони озмуни "Фараҳ 2012" ҷомеашиноси тоҷик Қаҳрамон Бақозода мегӯяд, яке аз сабабҳои ғолиби мутлақ эълон шудани Замира Қаҳҳорова низ маҳз ҳамин масъала буд, ки ӯ дар кишоварзӣ соҳибкор шудааст: “Ба даври ниҳоии озмун се зан баромада буданд. Мо ба ҳамин қарор расидем, ки Замира Қаҳҳороваро ғолиби мутлақ эълон кунем, зеро ӯ дар соҳаи хеле мушкили кишоварзӣ даст ба кор зада, навъҳои гуногуни истеҳсолотро ташкил кардааст."

Бар пояи омори расмӣ, феълан дар Тоҷикистон тахминан 40 ҳазор зан ба соҳибкорӣ машғуланд. Ба гуфтаи масъулони Анҷумани занони соҳибкори Тоҷикистон, аз миёни ин занон 80 дарсад мехоҳанд фақат вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии хонаводаашонро беҳбуд бахшанд ва танҳо 20 дар сади боқимонда бовар доранд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда дар тиҷорати калон комёб хоҳанд шуд.

Қаҳҳорова мегӯяд, боғдорӣ ва ба хусус зардолупарварӣ сармоягузории дарозмуддат аст, зеро як дарахти зардолу фақат баъди ҳафт сол мева медиҳад. Инак ду сол мешавад, ки боғи дар соли 2005-ум бунёнгузорӣ намудаи Қаҳҳорова самара медиҳад. Дар ин боғ ҳафт нафар ба таври доимӣ ва то 40 нафар ба таври корбайъ ва ё мавсимӣ бо шуғл таъмин ҳастанд.

Дар ҷомеаи падарсолори тоҷик баъзе мардон нақши раҳбарии занонро эътироф намекунанд. Ба фикри онҳо ҷои зан назди дегу табақ буда, вазифаи онҳо тарбияи фарзандон аст. Аз агрономи боғи Қаҳҳорова Фирдавс Ҳамраалиев мепурсам, оё чунин эҳсос надорад: "Барои ман раҳбарии ӯ беҳтар аст. Баъзе мардон ба қавли худ вафо намекунанд. Ин зан аз баъзе мардҳо мардтар аст. Ӯ ба ман мегӯяд, бо корат машғул бошад, камбудиҳои дигарро ман ҳал мекунам. Сари вақт пуламро медиҳад. Ҳар вақте кумак хостаам, ба ман ёрӣ расондааст. Барои ман чунин раҳбар хеле хуб аст."

Ҳамраалиев мегӯяд, маоши моҳонаи ӯ тахминан ба якуним ҳазор сомонӣ баробар буда, бар илова бо назардошти натиҷаи кор ҳар сари чанд вақт мукофотпулӣ низ дарёфт мекунад. Вале Ҳамраалиев аз он хушҳол аст, ки Қаҳҳорова ба ӯ машварати хуб додааст, ки танҳо бо агрономӣ дар ширкати ӯ қаноат накарда, боғи худашро ҳам бунёд намояд. Ҳамин машварати Қаҳҳорова Ҳамраалиевро ба он водор кард, ки ӯ се сол пеш дар чаҳор ҳектар замин боғи худаш-Боғи Фирдавсро обод кунад.

Гулнора Амиршоева, рӯзноманигори тоҷик
Гулнора Амиршоева, рӯзноманигори тоҷик
Гулнора Амиршоева муҳаррири нашрияи русзабони “Вечерка” чопи Душанбе мегӯяд, ҳозир даврае фаро расидааст, ки зану мард дар соҳибкорӣ ҳуқуқи баробар доранд: “Шояд ҳозир ҳам баъзе эътирозҳои даврони пештара дар бораи соҳибкории занон садо диҳад, вале ба фикри ман, мо ба ҳадде расидаем, ки дигар фарқ надорад, соҳибкор зан аст ва ё мард. Дар ҳолатҳои зиёд занон дар муқоиса бо мардон муваффақияти бештар касб мекунанд. Боз ҳам мегӯям, ки баъзе мардон аз дидани чунин дастоварди занон хушҳол нестанд.”

Ба ақидаи Амиршоева, занони соҳибкор набояд худро аз мардон камтар шуморанд ва ҳамчунон интизори кадом кӯмаки хос аз сӯи ҳукумат бошанд. Ба фикри ин хонуми рӯзноманигор, беҳтарин кӯмакро занон тавассути Иттиҳодияҳову ҷунбишҳои занон гирифта метавонанд, ки дар ҷумҳури дорои нуфузи бузург мебошанд. Аммо дар ниҳояти амр боз ҳам зан бояд худаш дар фикри рушди кораш бошад.
XS
SM
MD
LG