Пойи пиёда ба Русия

Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик, ки пештар барои дубора роҳ ёфтан ба Русия ному насаби худро иваз мекарданд, ҳоло аз роҳи хатарноктаре кор мегиранд. Бархе аз онҳо талош мекунанд, ки пойи пиёда марзи Русияро бигузаранд.

Додситонии вилояти Омски Русия тафтиши парвандаи панҷ муҳоҷири тоҷикро, ки аз тариқи марзи Қазоқистон вориди Русия мешуданд, анҷом дода ва ба додгоҳ фиристодааст. Татяна Булихова, як масъули Додситонии вилояти Омск, рӯзи 16 сентябр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин панҷ нафар бо ҳам дар қаторе шинос шудаанд, ки ба самти шаҳри Петропавловски Казоқистон мерафт. “Бо вуҷуди он ки ин панҷ нафар қаблан депорт шуда буданд, аммо боз мехостанд барои кор ба Русия бираванд. Дар роҳ онҳо нақшаи пиёда убур кардани марзро мекашанд ва дар ҳудуди ноҳияи Исилкули вилояти Омск боздошт мешаванд”, - гуфт Булихова.

Ба ҳар корхонае мерафтам, аз ман собиқаи корӣ талаб мекарданд. Агар ба кор қабул накунанд, ман чӣ гуна метавонам собиқаи корӣ дошта бошам? Ба ҳамин хотир, маҷбур шудам, ки аз ин васила истифода карда, худро ба Русия расонам.
Акмал Ризоев

Ин муҳоҷирон дар боздошт қарор доранд ва тибқи банди сеюми моддаи 22-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне «убури гурӯҳии ғайриқонунии марз бо маслиҳати пешакӣ» муттаҳам мешаванд. Ба ҳамин монанд, як муҳоҷири дигари тоҷик ҳамроҳ бо шаҳрванди Молдова кӯшиш кардааст, ки ба таври қочоқӣ аз марзи Беларус ба тарафи Русия гузарад. Онҳо дар ноҳияи Злинков дастгир шудаанд ва парвандаашон дар додгоҳи Брянск баррасӣ хоҳад шуд.

Дар гузашта муҳоҷирони депортшуда бештар бо иваз кардани ному насаб ва шиносномаҳояшон дубора ба Русия мерафтанд. Акмал Ризоев, муҳоҷири тоҷикро низ як бор аз Русия ихроҷ карда буданд. Ӯ мегӯяд, аз ночорӣ бо ному насаби дигар дубора ба Русия рафт, зеро талошҳои бенатиҷаи пайдо кардани кор дар ватан ӯро хаста ва ноумед карда буд. "Ба ҳар корхонае мерафтам, аз ман собиқаи корӣ талаб мекарданд. Агар ба кор қабул накунанд, ман чӣ гуна метавонам собиқаи корӣ дошта бошам? Ба ҳамин хотир, маҷбур шудам, ки аз ин васила истифода карда, худро ба Русия расонам. Дар онҷо ҳадди ақалл метавон маблағ пайдо кард ва ба хонавода ёрӣ расонд", - гуфт ӯ.

Ноогоҳии муҳоҷирон?

Иброҳим Аҳмадов

Боздошти муҳоҷирони тоҷик бо шиносномаҳои тақаллубӣ зиёд аст, вале убури марзи Русия пойи пиёда падидаи нав будааст. Иброҳим Аҳмадов, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия истифода аз чунин шеваро ба ноогоҳии муҳоҷирон рабт дод. Ӯ гуфт, “агар, фаразан, онҳо бо ҳамин тариқ вориди Русия шаванд ҳам, наметавонанд барои фаъолияти қонунӣ дар ин кишвар патент бигиранд. Зеро ба ҳангоми ихроҷ намудан, изи ангуштони онҳо гирифта мешавад.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, аз миёни 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки то имрӯз аз Русия ихроҷ шудаанд ва солиёни наздик ҳаққи дубора ворид шудан ба ин кишварро надоранд, шумори қобили мулоҳизаашон аз Маскаву Санкт-Петербург ихроҷ шудаанд. Ин манотиқ марказҳои тиҷоратии Русия ба ҳисоб мераванд ва бисёр муҳоҷирони ҷӯёи кор ҳамин қаламравро аз назари шонси дарёфти кор мадди назари худ қарор медиҳанд.

Норозигии муҳоҷирон аз пешниҳоди кор дар Тоҷикистон

Моёншо Маҳмадбеков, раҳбари бахши муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “ба ҳамаи муҳоҷирони ихроҷшуда тавассути Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, дар фурудгоҳову роҳи оҳан ва ҳамчунин хадамоти муҳоҷират фаҳмонда мешавад, ки онҳо набояд аз роҳҳои ғайриқонунӣ барои дубора рафтан ба Русия истифода кунанд. Чунки барои ин амал тибқи қонунгузории Русия муҷозот пешбинӣ шудааст.”

Маҳмадбеков аз ҷумла афзуд, ин ниҳод барои муҳоҷироне, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд, бахшҳои бозомӯзиро ташкил карда ва барои мутахассисон ҷойи кор пешниҳод мекунад. Вале аксари муҳоҷирони бозгашта аз даъватҳои Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва шарту шароите, ки дар Тоҷикистон барояшон кор пешниҳод мешавад, розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, бо маоше, ки инҷо барояшон пешниҳод мешавад, наметавонанд як моҳ зиндагӣ кунанд.

Гурусна ба шер мезанад?

Каромат Шарифов

Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, гуфт, муҳоҷирони депортшудае, ки аз роҳҳои ғайриқонунӣ барои ворид шудан ба Русия истифода мекунанд, аз ночорӣ ба ин “риск” мераванд. Ӯ гуфт, «аксари онҳо қарздоранд ва дар ватан ҷойи кор пайдо намекунанд. Ҳатто бо вуҷуди онки онҳо медонанд барои ин амалашон зиндонӣ мешаванд, вале роҳи дигарро намебинанд ва таваккал мекунанд.”

Бо ин ҳама, ба он муҳоҷироне, ки таваккал кардаву аз усули нави убури ғайриқонунии марз барои расидан ба Русия истифода кардаанд, то 6 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳамчунин, эҳтимол дорад, ки дари Русия ба рӯи онҳо барои ҳамеша баста шавад.