Аз хонаи корманди гумрук 48 ҳазор долларро рабуданд

Мақомоти корҳои дохилии Хатлон мегӯянд, ки гуруҳи сенафарии ниқобпӯш аз манзили Қурбон Зуҳуров – сардори шуъбаи аудити идораи гумруки ин вилоят – 48 ҳазор долларро рабуда, ӯ ва ҳамсару кӯдаконашро зери мушту лагад гирифтаанд. Онҳо гуфтанд, ки Бахтовар Зуҳуров, писари 17-солаи Қурбон Зуҳуров низ аз шикамаш захмӣ шуда, дар бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа бистарист. Ин ҳамла шаби 7 ба 8 сентябр сурат гирифтааст.

Низом Мирзоев, додарарӯси Қурбон Зуҳуров, рӯзи 13 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зоҳиран ҳамла ба хотири пул сурат гирифта, аммо ҳангоми муқобилияти Қурбон Зуҳуров ӯ ва писарашро бо корд захмӣ кардаанд. "Феълан ҳарду дар бемористон ҳастанд ва табобат мегиранд. Он шаб дасту пойи кӯдаконашро ҳам баста ва латту кӯб кардаанд", - гуфт Мирзоев.

Як корманди идораи гумруки вилояти Хатлон гуфт, онҳо ҳаққи дар хонаи худ нигоҳ доштани пули корхонаро надоранд ва "тахмин меравад, ки ин миқдор пул аз худи Қурбон Зуҳуров аст".

Маъмурони пулис ва раҳбарияти идораи гумруки вилояти Хатлон низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ захмӣ шудани Қурбон Зуҳуровро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки ӯ дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфта буд ва ҳоло вазъияташ муътадил аст. Қурбон Зуҳуровро дар бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа пайдо кардем, вале ӯ ба далели он ки гулӯяш захмӣ аст, аз суҳбат худдорӣ кард ва нахост, ки тафсилоти ҳодисаи шаби 7 ба 8 сентябрро нақл кунад. ​

Ёқуб Бояков, ҷарроҳи беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидов, гуфт, ки ҳамлаварон бо корд гулӯи Қурбон Зуҳуровро буридаанд ва ӯ дар лаҳзаҳои аввали ҳодиса хуни зиёдро аз даст додааст. "Баъд аз ним соати хунравӣ ба мо муроҷиат карданд, ки он вақт вазъияташ вазнин буд. Ҳоло вазъи саломаташ қаноатбахш аст ва хунравияш низ кам шудааст. Аммо вазъи саломати писараш Бахтовар чандон хуб нест," - илова кард Бояков.

Низом Мирзоев, додарарӯси Қурбон Зуҳуров

Қурбон Зуҳуров бештар аз як сол боз дар вазифаи сардори шӯъбаи аудити идораи гумруки вилояти Хатлон кор мекунад. ​Аммо то ҳол расман гуфта нашудааст, ки 48 ҳазор доллари рабудашуда пули шахсии Қурбон Зуҳуров аст, ё аз раёсати таҳти тобеаш, ки дар хонаи худ нигоҳ медошт? Як корманди гумруки вилояти Хатлон бидуни бурдани номаш гуфт, онҳо ҳаққи дар хонаи худ нигоҳ доштани пули корхонаро надоранд ва "тахмин меравад, ки ин миқдор пул аз худи Қурбон Зуҳуров аст".

Ба гумони ҳамла ба хонаи ин корманди идораи гумруки Хатлон панҷ нафар боздошт шуда, таҳти бозпурсӣ будаанд. Пулис мегӯяд, ки ин афрод "роҳзанҳо ва дуздони ботаҷрубаи миёнасол буда, асосан сокинони ноҳияи Бохтаранд, вале бархеашон шаҳрвандии Русияро низ доштаанд". Ба далели халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот мақомоти пулис аз ироаи ному насаби гумонбарон худдорӣ карданд.

Аммо тафтишоти пешакӣ мегӯяд, ин гурӯҳ бо истифода аз силоҳ вориди манзили Қурбон Зуҳуров шуда, пас аз бардоштани сандуқи оҳанин бо 48 ҳазор доллар аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Онҳо аввал худро ба маҳаллаи Қизилюлдузи ноҳияи Бохтар расонда, сипас, аз онҷо бо мошини "Опел-Астра» сандуқро ба хонаи яке аз аъзои гурӯҳ бурда шикастаанд ва маблағро байни худ тақсим намудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳангоми тафтиши манзили зисти гумонбаршудаҳо, сандуқи оҳанин ва як миқдори пул, дарёфт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ҳамакнун нисбат ба боздоштшудаҳо тибқи моддаи 249, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда ва тафтишот идома дорад.

Ба гуфтаи бархе аз сокинон, тайи ду соли охир бо таваҷҷуҳ ба буҳрони иқтисодӣ мавридҳои вуруди дуздон ба манзилҳо афзоиш ёфтааст.

Як пажӯҳиш ҳам муайян кардааст, ки 78 дарсади афроде, ки дар Тоҷикистон даст ба ҷиноят заданд, бекор буда ва шуғли муайяне надоранд. Маркази миллии қонунгузорӣ, ки натиҷаи татбиқи се қонуни афви ахирро таҳлил кардааст, моҳи июн гуфт, дар аксари маворид бекорӣ одамонро ба ҷинояткорӣ таҳрик додааст.