Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Данғара: "Беҳрӯз барои пули донишгоҳ ба бонк ҳамла кард"


Маҳмадулло Сайдализода, раиси ноҳияи Данғара.
Маҳмадулло Сайдализода, раиси ноҳияи Данғара.

Додситонии ноҳия Данғара нисбати донишҷӯи соли дуюми яке аз донишгоҳҳои Қазоқистон барои ҳамлаи ғоратгарона ба филиали "Агроинвестбонк" ва захмӣ кардани як маъмури пулис, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Беҳрӯз Рауфов -- муттаҳам дар ҳамлаи ғоратгарона ба филиали "Агроинвестбонк"-и Данғара, ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Маҳмадулло Сайдализода, раиси ноҳияи Данғара рӯзи ҷумъаи 29 июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин ҷавон барои пайдо кардани маблағи шартномаи донишгоҳ, ба ин кор даст задааст.

Ҷаноби Сайдализода афзуд, ки Беҳрӯз Рауфов аз Қазоқистон баргашта, аз волидайни худ пули шартномаи донишгоҳро талаб мекунад. Аммо чун дарёфтааст, ки волидайн тавони пардохти маблағи шарномаи ӯро надоранд, даст ба ин кор задааст.

Маҳмадулло Сайдалиев дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки ин ҷавон "ба бонк даромада ягон чиз пайдо намекунад ва дар ин ҳолат бо корманди милиса рӯ ба рӯ мешавад ва ӯро захмӣ мекунад."

Раиси ноҳияи Данғара гуфт, ки баъди ин ҳодиса Беҳрӯз Рауфов ба комиссариати ҳарбии ноҳия рафта ва хоҳиш кардааст, то ӯро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намоянд. Беҳрӯз Рауфов чанд рӯз баъд аз ин ҳодиса боздошт шуда буд.

Охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ дар пайи ҳамлаи ғоратгарона ба "Агроинвестбонк"-и ноҳияи Данғара, Аҳлиддин Қурбонов, муҳофизи ин бонк бо 17 захми корд дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 апрел ҷузъиёти ҳамлаи ғоратгарона ба бинои "Агроинвестбонк" дар ноҳияи Данғараро расман шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, ки ҳамла аз сӯи як сокини 22-солаи ҳамин ноҳия субҳи барвақти 19 апрел сурат гирифтааст.

Ба итилоияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта мешуд, ки "рӯзи 19 апрел, тахминан соатҳои 04:30-дақиқа, шахси номаълум бо мақсади роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо нияти тасарруфи амволи ғайр бо истифодаи зӯроварӣ, ба дохили бинои ҶСК “Агроинвесбонк”-и ноҳияи Данғара даромада, муҳофизатчии бонки мазкур, милитсионери ШХДМ ШВКД ноҳияи Данғара, марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкурро 17-маротиба бо корд ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаааст. Корманди милитсия бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст."

Зимнан Маҳмадулло Сайдализода, раиси ноҳияи Данғара гуфт, ҳоло дар ин робита тафтишот идома дорад ва баъди эълони ҳукми додгоҳ, онро дар ихтиёри расонаҳо хоҳанд гузошт.

Муттаҳам шудани ин ҷавони донишҷӯ ба ҳамлаи ғоратгарона ба филиали "Агроинвестбонк-и Данғара дар ҳолест, ки он замон масъулони шуъбаи умури дохилаи минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки чаҳор нафар талоши ворид шудан ба банкро доштанд, аммо муваффақ нашудаанд.

"Онҳо хостаанд вориди бонк шаванд, аммо натавонистанд. Ин ҳодиса шаби 18 ба 19 апрел рух додааст. Вақте ки ғоратгарон мехостанд вориди бонк шаванд, посбон дахолат кардааст ва ғоратгарон ноком шуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд," - гуфта буд мусоҳиби мо.

Ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар тақрибан 100-километрии ҷанубушарқи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шуда, дар ин ноҳия, бино ба оморҳо, 122 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG