Ҷорӣ шудани маҳдудият дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон

Акс аз бойгонӣ

Равуои сокинони Тоҷикистону Узбакистон тавассути гузаргоҳҳои марзии ду кишвари ҳамсоя маҳдуд шудааст. Дар идораи марзбонии вилояти Суғд ба Озодӣ гуфтанд, ки ин маҳдудият муваққатӣ буда, ба маънои баста шудани гузаргоҳҳо нест.

Навбатдори идораи марзбонии Суғд рӯзи 5-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, ки ин вазъият то анҷоми рӯзи мотами миллӣ дар Узбакистон ва 25-солагии ҷашни истиқлол дар Тоҷикистон идома хоҳад кард. "Ин маҳдудият танҳо барои шаҳрвандоне дахл дорад, ки барои дидорбинии хешу табор ё гирифтани визаи баъзе кишварҳои хориҷӣ рафтанӣ ҳастанд. Яъне, корашон таъҷилӣ нест. Инчунин, шаҳрвандони Афғонистону Покистон ва кишварҳои Ховари Миёна, ки ба гуруҳи кишварҳои "риск" шомил ҳастанд," - афзуд ӯ.

Аммо мусоҳиби мо гуфт, дар ин рӯзҳо гузаргоҳи сарҳадӣ барои гузаштани "кормандони ниҳодҳои дипломатӣ, шаҳрвандони хориҷаи дур ва онҳое, ки билети парвоз аз Тошканд ба кишварҳои дигарро дар даст доранд ва таъҷилӣ аст, ба ҳар ду ҷониб боз аст."

Дар гузашта низ Тоҷикистону Узбакистон дар остонаи ҷашни истиқлол ва се рӯзи баъди он ба хотири таъмини амният назорати марзро шадид мекарданд.

Тоҷикистон бо Узбакистон беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад, ки манотиқи баҳсбарангези ин хат дар қисмати ҷануб ва шимоли Тоҷикистон аз масъалаҳои умдаи таъйин ва аломатгузории марз ба шумор мераванд. Ин минтақаҳо дар ноҳияи Турсунзодаву, Шаҳритус ва ноҳияи Ашту Конибодом ва Спитамени вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон мавҷуданд. Гуфта мешавад, то кунун мушкилоти таъйини хатҳои марз миёни Тоҷикистону Узбакистон 86 дарсад ҳал шудааст.

Аз чанд гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Узбакистон дар шимоли кишвар танҳо гузаргоҳи Мастчоҳ ва қисман гузаргоҳҳои Спитамену Саразм барои убуру мурури шаҳвандон ва нақлиёти транзитӣ боз буда, гузаргоҳҳои дигар ба сурати якҷониба аз сӯи Узбакистон аз чандин сол ба ин сӯ бастаанд.