Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марз ва "Фарҳод". Меҳвари музокироти Душанбе ва Тошканд


Сарбанд ва обанбори нерӯгоҳи "Фарҳод" дар вилояти Суғд.
Сарбанд ва обанбори нерӯгоҳи "Фарҳод" дар вилояти Суғд.

Мулоқоти фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Узбакистон дар наздикии шаҳри марзии Бекобод, ҳамсарҳад бо ноҳияи Спитамен баргузор шудааст.

Дафтари матбуотии Кумитаи назорати марзи давлатии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ба расонаҳо иттилоъ додааст, ки ин мулоқот миёни генерал-майор Руслан Мирзоев, фармондеҳи нерӯҳои марзии Узбакистон ва генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон доир шудааст.

Тарафҳо дар ин нишаст вазъи убуру мурури шаҳрвардони ду кишвар ва интиқоли транзитии молу коло дар гузаргоҳҳои марзиро баррасӣ кардаанд. Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи марзбонии Узбакистон, ҳар ду ҷониб изҳор доштаанд, ки эътимод ба якдигар ва ва ҳамкорӣ дар назорати марзи муштаракро таҳким бахшанд. Тасмим гирифта шудааст, ки барои як қисми шаҳрвандон иҷозаи бечунучарои убур аз гузаргоҳҳо дода шавад.

Дар ҳамин ҳол Хушнуд Раҳматулоев, масъули дафтари матбуоти Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон низ таъйид кард, ки таҳти сарварии Шералӣ Мирзо як ҳайати нерӯҳои марзбонӣ то ба имрӯз дар вилояти Суғд қарор доранд, вале дар робита ба мулоқоти ҷонибҳо изҳори беиттилоӣ кард.

Аммо як манбаи наздик ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, ки дар дидори сарони ниҳодҳои марзбонӣ аз ҷумла мансубияти давлатии қитъаҳои баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Узбакистон ва махсусан сарбанд, пули рӯи он ва обанбори нерӯгоҳи "Фарҳод" баррасӣ шудааст.

Обанбори "Фарҳод" аз иншооти стратегии Тоҷикистон аст, ки фаъолияти каналҳои обёрии ҳазорҳо гектар замини кишти Тоҷикистон ва Узбакистонро танзим ва соҳаи саноати вилояти Тошкандро бо об таъмин менамояд.

Ахиран Душанбе бо пахши як изҳорот гуфт, Тошканд бар хилофи меъёрҳои байналмилилӣ аз Тоҷикистон талаб дорад, то обанбори "Фарҳод"-ро дар ихтиёраш гузорад. Тоҷикистон ин даъворо "талоши ғасби қаламрави як давлати соҳибистиқлол" унвон кард.

АЗ "ТАБАРТАҚСИМ" ТО ЗИНДАҶУДОӢ (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Аз "табартақсим" то зиндаҷудоӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG