Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Узбакистон: Дидори марзбонон


Лаҳзае аз мулоқоти мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Хуҷанд
Лаҳзае аз мулоқоти мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Хуҷанд

Дар аввалин дидори мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Хуҷанд, тарафҳо дар 6 масъалаи умда ба тавофуқ расиданд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Узбакистон дар нахустин мулоқоти худ, аз замони соҳибистиқлолии ин кишварҳо, дар бораи ҳамкории бештар барои ҳифзи марз аз "таҳдидҳои муосир" ба созиш расидаанд. Ҷузъиёти комили созиш барои матбуот ва сокинон рӯшан нест, аммо ин хабар сокинони марзии Тоҷикистонро ба осон шудани равуо ба Узбакистон хушгумон кардааст.

Мулоқоти марзбонҳои тоҷику узбак 24 апрели соли ҷорӣ дар Қасри Арбоби Хуҷанд гузашта, тафсилоти расмияш рӯзи 27 апрел дастраси расонаҳо гардид. Дар варақаи иттилоотие, ки дафтари матбуоти ҳукумати Суғд дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт, гуфта мешавад, дар ин мулоқот ду масъалаи асосӣ - натиҷагирӣ аз фаъолияти марзбонҳои ду кишвар дар соли 2014 ва беҳтар кардани ҳамкориҳо дар соли 2015 баррасӣ шудааст.

Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар 6 масъалаи марзӣ ба созиш расидаанд:

  • Ҳамкориҳои зичи сарҳадбонҳои ду кишвар дар муқобили таҳдидҳои замони муосир;
  • Фаъолияти якҷоя дар муҳофизати сарҳадҳо ва иҷрои ҳатмии созишномаҳои байнулмилалии аз сӯи ҳар ду ҷониб ба тасвибрасида;
  • Ҳалли зуд ва саривақтии мушкилоти марзии пешомада;
  • Роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии марзӣ ҷиҳати даст назадан ба амалҳои ғайриқонунӣ дар хатти марз;
  • Риояи низоми марзӣ ва пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ.
  • Дар анҷоми мулоқот созишномаи ҳамкорӣ рӯи иҷрои ин масоил ба имзо расонидаанд.

Ба қавли Юнусов, аз ин ба баъд дар ҳолати надониста ба сарҳади якдигар гузаштани сокинони марзӣ ин ҳодиса зуд аз сӯи мақомоти ду кишвар ҳаллу фасл хоҳад шуд. Ин гуна ҳодиса ахиран дар ноҳияи Носири Хусрав, ҷануби Тоҷикистон, иттифоқ уфтод, ки як гурӯҳ мактабхонҳои тоҷик марзи Узбакистонро ғайриқонунӣ убур карданд ва марзбонҳои узбак онҳоро баъд аз боздошти якшабонарӯзӣ ба хоки Тоҷикистон интиқол доданд.

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили амнияти минтақа, ин мулоқотро "саривақтӣ" ва "хеле муҳим" номид, бахусус аз он нигоҳ, ки дар марзи ин кишвраҳо бо Афғонистон таҳдиде бузург пеш омадааст. "Дар Афғонистон нерӯҳое фаъол шудаанд, ки мақсади барпо кардани давлати бузурги Хуросонро доранд ва баъзе гурӯҳҳои тундрав дар дохили кишварҳои Осиёи Миёна низ ин идея (ҳадаф)-ро дастгирӣ мекунанд. Дар чунин вазъ ҳамкориҳои давлатҳои ин минтақа дар эмин доштани худ аз ин хатарҳо хеле муҳим аст,"-афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо илова кард, ҳарчанд дар бораи баргузории чунин нишастҳо чизе гуфта намешавад, аммо умедвор аст, мулоқоти Хуҷанд роҳро боз карда, сукути тарафҳоро бишканад.

Ҳусни тафоҳуми тарафҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки аз чанд гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Убакистон дар шимоли кишвар танҳо гузаргоҳи Масчо ва қисман гузаргоҳҳои Спитамену Саразм барои убуру мурури шаҳвандон ва нақлиёти транзитӣ боз буда, гузаргоҳҳои дигар ба сурати якҷониба аз сӯи Узбакистон аз чандин сол ба ин сӯ бастаанд. Ҳамчунин созишномаи байни ин кишварҳо дар мавриди бидуни виза – раводид озодани барои 3 шабонарӯз роҳ додани сокинони минтақаҳои марзӣ ба қаламрави якдигар иҷро намешавад. Ва Узбакистон танҳо сокинони калонсоли марзиии Тоҷикистонро ба тариқи истисно ба қаламрави худ роҳ медиҳад, он ҳам фақат бо даъвати расмии хешовандони Узбакистонии худ барои иштирок дар маросими сур ё мотам.

Дидори мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Узбакистон дар шаҳри Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Дар мулоқоти Хуҷанд ҳайати расмии марзбонҳои Узбакистон таҳти роҳбарии муовини аввали фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ, сардори Ситоди кулли қӯшунҳои сарҳадии хадамоти амнияти миллии Узбакистон, генерал - майор Н. И. Усмонбеков ва ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини аввали фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ, сардори Ситоди кулли қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон полковник - Х.Т. Сафаров иштирок карданд. Инчунин, раҳбарони нерӯҳои марзбонии минтақаҳои ҳамсарҳади Тоҷикистону Узбакистон дар мулоқот ҳузур доштанд.

Ин мулоқот бидуни иштироки хабарнигорон баргузор шуд.

Мақомоти марзбонии Узбакистон бо роҳи заминӣ ба Хуҷанд омада, бегоҳи ҳамон рӯз баргаштаанд. Онҳо дар зимни сафари корӣ Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандиро тамошо кардаанд.

XS
SM
MD
LG