Қувваозмиии паҳлавони тоҷик бо гуштигири кубагӣ дар вазни беш аз 100 кило рӯзи 12-уми август дар Қасри гуштии Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд. Дар муддати сеюним дақиқаи қувваозмоӣ Муҳаммадмурод бартарӣ дошт, зеро ки рақибаш “шидо” (огоҳӣ) гирифта буд.
Вале ғайричашмдошт 1 дақиқаю 18 сония пеш аз анҷоми сабқат Алекс Гарсиа Мендоза усулеро ба кор бурд, ки Муҳаммадмурод ба тахтапушт зад. Ҳамин тариқ, варзишгари кубагӣ бо баҳогузории “иппон” ғалабаи соф ба даст овард ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Муҳаммадмурод бошад, аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.
Алекс Гарсиа Мендоза паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, ҷоизадори бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскӯлоҳи бузург) аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, аз ин пеш ӯ бо паҳлавони кубагӣ як бор дар мусобиқоти Гран-при дар Тсиндаои Чин қуввваозмоӣ карда, пирӯз шудааст. Вале ин дафъа рақибаш дастболо гардид.
Ба ин тартиб, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, чор нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов (шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Се нафари дигар - Анастасия Тюрина (шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ва Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) - дар мусобиқоти Олимпиадаи Рио ширкат хоҳанд кард.
Муҳаммадшо Абдуллоев, раҳбари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Рио, рӯзи 12 август ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамакнун мо танҳо аз Дилшод Назаров медали олимпиро чашмдорем ва умедворем ин гурзандози пуртаҷриба,ки барои бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, ин дафъа имконияти худро аз даст намедиҳад.”
Тақвими мусобиқоти минбаъдаи варзишгарони тоҷик дар Рио-2016:
12 август, шиноварӣ
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон
15 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон
17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ
Нарзуллоҳи Латиф,
Рио-де-Жанейро.