Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фелпс қаҳрамони 20-каратаи олимпӣ шуд


Амрикоӣ Майкл Фелпс рӯзи 9 август дар мусобиқоти ниҳоии шиноварӣ ба масофаи 200 метр бо усули баттерфляй аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия медали тилло ба даст овард.

Фелпс масофаи 200 метрро бо усули баттерфляй дар муддати 1 дақиқаю 53,36 сония шино кард. Медали нуқра бо натиҷаи 1.53,40. насиби Масато Сакаи аз Ҷопон гардид. Медали нуқраро Тамаш Кендереши аз Маҷористон бо натиҷаи 1.53,62 соҳиб шуд.

Бояд гуфт, ки ин медали дувуми тиллои Фелпс дар Олимпиадаи Рио ба шумор меравад. Ӯ дар рӯзи аввали мусобиқот дар эстафетаи пуштнокӣ (крол) 4 ба 100 метр бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Ба ин тартиб, Майкл Фелпс 20-умин медали тиллои олимпиро дар фаъолияти варзишии худ ба даст овард.

Дар мусобиқоти шиноварӣ дар Олимпиадаи Рио-2016 Тоҷикистонро ду нафар – Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина намояндагӣ мекунанд. Ҳарду дар сабқати шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод ширкат меварзанд. Олим рӯзи 11 август ва Анастасия 12 август вориди сабқат мешаванд.

Ҳарду ҷавонанд ва барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд. Олим Қурбонови 18-сола, ки имсол мактаби миёнаи рақами 8-и шаҳри Душанберо хатм кардааст, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил шуд.

Анастасия Тюрина бошад, 27 сентябр 15-сола мешавад. Ӯ хонандаи синфи 8-и мактаби миёнаи рақами 28-и Душанбе мебошад. Ҳарду дар ин Бозиҳои олимпӣ барои натиҷаҳои худро беҳтар кардан ва гузоштани рекорди инфиродӣ кӯшиш хоҳанд кард.

Вале аз онҳо медали олимпиро чашмдор шудан ғайриимкон аст. Зеро ки дар ин навъи шиноварӣ натиҷаҳои нишондодаи ҳарду ҳатто аз варзишгароне, ки меъёри литсензиониро иҷро кардаанд, хеле паст аст. Олим ва Анастасия аз рӯи квота ба Бозиҳои олимпӣ роҳ дода шудаанд. Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то 21 август идома мекунанд.

Аз ҳафт варзишгар, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, шаш нафар - Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дар мусобиқоти минбаъда ширкат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, муштзани тоҷик Анвар Юнусов, ки дар байни варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио аввалин шуда дар мусобиқа иштирок кард, ноком гашт. Ӯ баъди пирӯзӣ дар нахустин даври интихобии сабқати бокс дар вазни то 60 килограмм бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0, рӯзи 9 август дар даври дувум аз варзишгари бразилӣ Робсон Консейкао шикаст хӯрд.

Робсон барандаи медали нуқра (соли 2013, Алматии Қазоқистон) ва медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон (2015, Доҳаи Қатар) мебошад.

Анвар Юнусови 29-сола, ки Тоҷикистонро барои бори севум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ кард, барои аввалин бор бо Робсон рӯбарӯ шуд. Баъди анҷоми раунди аввал, ки бо пирӯзии Консейкао бо ҳисоби 30:27 ба анҷом расид, Анвар ба мураббиаш Аббос Неъматуллоев гуфт, дасти росташ, ки пештар ҷарроҳӣ шудааст, сахт дард мекунад ва аз идомаи сабқат даст мекашад.

Ҳамин тариқ, муштзани бразилӣ бо нокаути техникӣ ё фаннӣ ғолиб дониста шуд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале Анвар Юнусов аз гирифтани медали олимпӣ ноумед гашт.

Имрӯз, 10 август, мусобиқот оид ба дзюдо соати 10-и пагоҳӣ ба вақти маҳаллӣ (соати 18:00) ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 4 август баргузор шуд, рақиби паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни то 90 килограмм варзишгари Гурҷистон Варлам Липартелиани мебошад.

Варлам Липартелиани паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, соли 2015-ум дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон дар вазни то 90 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Вай қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо ва ғолиби бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскулоҳи бузург) мебошад. Ӯ дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонии зӯртарин варзишгарони дзюдо дар ҷойи сеюм аст.

Мутахассиси русиягӣ Владимир Елчанинов, мураббии Комроншоҳи Устопириён, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Комроншоҳ бо паҳлавони гурҷӣ Варлам Липартелиани ягон бор қуввваозмоӣ накардааст. Дарвоқеъ, Комроншоҳ бисёр мехост, ки бо Варлам рақобат кунад ва, инак ин орзуяш амалӣ мешавад. Ӯ ба қувваозмоӣ муқобили Варлам ҳамаҷониба омодааст ва барои пирӯзӣ ҷаҳду ҷадал хоҳад кард.”

Комроншоҳи Устопириён, ки барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад, дар Олимпиадаи Рио-2016 дар Бразилия дар мусобиқоти дзюдо барои медал мубориза хоҳад бурд.

Тақвими мусобиқоти минбаъдаи варзишгарони тоҷик дар Рио-2016

10 август, дзюдо

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

11-12 август, шиноварӣ

Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ

Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15-17 август, варзиши сабук

Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG