Парвандаи ҷиноии фирори се маҳбус аз зиндони Хуҷанд (АУДИО)

Додситонии вилояти Суғд таҳқиқи қазияи фирори се маҳбусро аз муассисаи ислоҳии рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд оғоз кардааст. Як манбаи наздик ба тафтишот 20 июн ба Озодӣ гуфт, дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 365-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, додситонӣ мушаххас хоҳад кард, ки маҳбусон чӣ гуна нақшаи фирорро кашидаанд ва барои дастрас кардани корд кӣ барояшон ёрӣ додааст?

То кунун мақомот дар бораи "изи" афроди бегона дар тарҳрезии фирори се маҳбус аз зиндони Хуҷанд суҳбат накардаанд. Гулчеҳра Ғоибназарова, масъули бахши иттилоот ва таҳлили додситонии Суғд, низ гуфт, "нисбат ба ягон корманди муассисаи ислоҳии рақами 3/3, воқеъ дар маҳаллаи 14-уми Хуҷанд парванда боз нашудааст ва парвандаи бозшуда ба аъмоли маҳбусон дахл дорад." Ӯ афзуд, тафтиши парвандаи марбут ба фирори маҳбусон аз маҳбаси 3/3-и Хуҷандро Додситонии кулл ба “истеҳсолоти худ” гирифтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додситонӣ фирори зиндониёро таҳқиқ мекунад

Ба қавли ҳамин манбаъ, яке аз 3 маҳбуси шаби 17 ба 18 июн фироркарда аз маҳбас – Ҳабибҷон Юсуфов ҳангоми амалиёти боздошт аз тири посбонони маҳбас захмӣ гашта, ҳоло дар беморхонаи маҳбаси мазкур табобат мегирад. Бо вуҷуди он ки 3 шабонарӯз аз фирори хунбори се нафар маҳбуси зиндони рақами 3/3-и Хуҷанд мегузарад, вале ҳанӯз гурӯҳи тафтишотӣ назари худро дар бораи ҷузъиёти ин қазия баён надоштаанд.

Саволе ҳам то ҳол бепосух аст, ки оё ин се маҳбус дар як утоқ нигаҳдорӣ мешуданд ё чӣ тавр нақшаи якҷоя фирор кардану ҳамроҳ шудан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро кашидаанд? Мақомоти интизомӣ дар хабари расмӣ дар бораи фирори ин маҳбусон дар рӯзи 18 июн эълон карданд, ки онҳо қасди ҳамроҳ шудан ба “Давлати исломӣ”-ро доштанд.

Дар задухӯрд бо зиндонбонҳо Мирзозариф Қаюмов кушта шуд. Ҳабибҷон Юсуфов ҳини фирор захмӣ гардид ва ӯро ҳам билофосила дастгир карданд. Аммо Рамзуллохон Дадохонов тавонист бо вуҷуди “зарари ҷисмонӣ бардоштан“ аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун ҷаҳида, фирор кунад.

Рамзуллохон Додохонов, сокини 28-солаи Исфара бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон, Ҳабибҷон Юсуфови 36-сола аз шаҳри Хуҷанд бо ҷурми роҳзанӣ низ ба 20 соли зиндон ва Мирзозариф Қаюмов, ки ҳангоми фирор кушта шуд, низ аз шаҳри Хуҷанд буда, бино ба маълумоти вазорати корҳои дохила, “барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта” ба 14 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Дар пайи фирори Додохонов аз маҳбас дар ҳудуди вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва ҳатто дар вилояти Хатлон тадбирҳои шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуд. Ҳамин тавр, дар вилояти Бодканди Қирғизистон, ки бо вилояти Суғд ҳаммарз аст, низ ҷиҳати таъқиби ин маҳбуси фирорӣ амалиёти вижае ба роҳ андохта шуд, чунки бовар мерафт, Додохонов метавонад ё ба самти марзи Афғонистон ваё ба самти вилояти Бодканд фирор кунад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19 июн хабар дод, ки Рамзуллохон Додохонов “безарар гардонда шуд.”

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи вазорат, “19.06.2016, соати 11.30 дақиқа дар натиҷаи гузаронидани амалиёти якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маҳбуси фирорӣ Додохонов Рамзуллохон Ҷӯрабоевич ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан аз силоҳи оташфишон, аз ҷониби мақомотҳои дар боло зикргардида безарар гардонда шуд.”

Ҳоло Ҳабибҷон Юсуфов дар табобатгоҳи маҳбаси мазкур бистарист ва ягона нафаре аз миёни се фирорӣ аз зиндони Хуҷанд аст, ки метавонад ба пурсиши муфаттишон ва, ҳамин тавр, дар додгоҳ посух гӯяд.

Фирори ин се маҳбус аз зиндони рақами сеи Хуҷанд нахустин мавриди фирор аз маҳбасҳои Тоҷикистон нест. Дар моҳи августи соли 2010 25 маҳбус, ки аксар ба даст доштан дар фаъолиятҳои ифротӣ ва қасди ошӯб алайҳи давлат айбдор мешуданд, аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фирор карданд.

Амалиёти таъқиби ин маҳбусони фирорӣ, ки дар байни онҳо аз ҷумла Абдурасул Мирзоев, бародари генерали зиндонӣ Ғаффор Мирзоев, чанд тан аз бародарону ёрони Мирзо Зиёев, фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифин, ва Иброҳим Насриддинов, маҳбуси собиқи зиндони амрикоии Гуантанамо буданд, чанд моҳ тӯл кашид. Ин қазия дар ниҳоят сабаби барканории раиси Кумитаи амният Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинонаш шуд.