Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани як афсар дар ҳодисаи фирори маҳбусон дар Хуҷанд


Аксҳои маҳбусоне, ки талоши фирор намуданд. Акс аз сайти расмии вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Аксҳои маҳбусоне, ки талоши фирор намуданд. Акс аз сайти расмии вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Дар ҳодисаи фирори маҳбусон аз муассисаи ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, як полковники вазорати адлия кушта шудааст.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки Ёрмамад Алимамадов, сардори бахши назорат ва тарбият дар муассисаи ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, шаби ҷумъа ба шанбеи 17-уми июн ҳангоми задӯхӯрд бо маҳбусоне, ки қасди фирор аз ин боздоштгоҳро доштанд, ба ҳалокат расидааст. Ин маҳбусон, ки ба гуфтаи мақомот бархе аз онҳо қаблан дар ҷангҳои кишварҳои шарқӣ иштирок доштанд, бо корд ба Ёрмамад Алимамадов ҳамла намуда, ӯро маҷрӯҳ карданд ва сипас аз девори бетонии симхорпечи маҳбас, ба берун ҷаҳиданд.

Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, Алимамадови 52-сола, ки солҳо дар ин сохтор кор кардааст, ҳини интиқол ёфтан ба бемористон ҷон додааст. Ҳамкоронаш аз вай ба ҳайси як инсони хеле хуб ёд мекунанд ва мегӯянд, ки вай аз рӯи собиқаи корӣ чанд сол пеш ҳаққи нафақа пайдо карда буд, вале ҳанӯз ба фаъолияти худ идома медод. Ёрмамад Алимамадов зодаи деҳаи Баҷуви ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон будааст.

Шаби гузашта гурӯҳе аз маҳбусон дар ин муассисаи ислоҳӣ талоши фирор намуданд. Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса соати 20:45 иттифоқ афтодаааст ва маҳбусон Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов бо маслиҳати қаблӣ талош кардаанд, ки фирор намоянд.

Ба гуфтаи ВКД, ҳангоми фирор якеи аз онҳо -- Мирзозариф Қаюмов дар ҷои ҳодиса аз тарафи посбонони ин муассисаи ислоҳӣ, кушта шудааст. Нафари дувум Ҳабибҷон Юсуфов ҳини фирор захмӣ шуда ва дар боздошт қарор дорад. Аммо Рамзуллохон Дадохонов баъди маҷрӯҳ шудан, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст ва ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Вазорати умури дохилӣ аз Рамзуллохон Дадохонов ба унвони шахсе ном мебарад, ки барои терроризм, ба муддати 20 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Ӯ зодаи шаҳри Исфара буда ва 28 сол доштааст.

Ҳабибҷон Юсуфов -- нафари дувуми ин гурӯҳ, ки захмӣ шуда ва ҳоло дар боздошт қарор дорад, зода ва сокини шаҳри Хуҷанд мебошад. Ӯ барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ, ба мӯҳлати 20 сол аз озодӣ маҳрум гашта буд. Гуфта мешавад, ки ӯ қасд доштааст ба Сурия биравад ва ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" шомил шавад.

Мирзозариф Қаюмов -- нафари савуми ин гурӯҳ, ки ҳини фирор аз тири нигаҳбонон кушта шудааст, низ зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд буда ва барои терроризм ба 14 сол маҳкум шуда буд.

Дар ҳоли ҳозир маъмурони КДАМ, вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия Рамзуллохон Дадохоновро ҷустуҷӯ мекунанд. Мақомот мегӯянд, афроде, ки барои боздошт намудани ин маҳбуси фирорӣ кӯмак менамоянд ё хабар медиҳанд, бо маблағҳои пулӣ мукофотонида мешаванд.

Дар пайи фирори маҳбусон дар Хуҷанд, нерӯҳои интизомӣ дар Тоҷикистон ба ҳолати омодабош даромаданд. Як маъмури милиса дар вилояти Хатлон шаби гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳоро фавран ба кор даъват карданд, зеро ба гуфтаи афсарон, "гурӯҳе аз зиндониён аз Хуҷанд гурехтаанд." Дар ин вилоят ҳам барои боздошти ин зиндонии фирорӣ ҳолати омодабош эълон шудааст.

Манбаи дигари Радиои Озодӣ дар вилояти Суғд гуфт, тамоми маъмурони интизомӣ ба по хестаанд, ва "ҳоло нерӯҳои пулис ва мақомоти қудратӣ дар Тоҷикистон ба ҳолати омодабош дароварда шудаанд, "то аз фирори зиндонӣ аз кишвар ҷилавгирӣ кунанд ва ё ҳарчӣ зудтар ӯро дастгир намоянд. "

Дар зиндонҳои низомаш шадид дар Тоҷикистон онҳоеро нигаҳ медоранд, ки ё ба қатлу куштор, ё ба ҷиноятҳои сахти дигар ба мисли терроризм гунаҳкор дониста шудаанд.

Фирори зиндониён агарчӣ дар Тоҷикистон бисёр кори нодир аст, вале дар гузашта дида шудааст. Шаш сол пеш моҳи августи соли 2010-ум 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе фирор карданд ва зимни фирор 5 посбонро ҳам куштанд.

Ин ҳодиса маъмурони амниятии Тоҷикистонро шармсор кард ва баъди он чанд мақоми баландрутбаи амниятӣ, аз ҷумла вазири амният аз мақомаш барканор шуд. ​Вале ба мақомоти амниятӣ муяссар шуд, чанде аз ин зиндониёро маҳв кунанд ва баъзе дигарбора дастгир шуданд.

XS
SM
MD
LG