Оби гарм ба хонаи сокинони Душанбе бармегардад? (ВИДЕО)

Сокинони Душанбе дастур гирифтаанд, ки то оғози тирамоҳи соли ҷорӣ бухориҳои обии (отопление) хонаҳояшонро дубора барқарор кунанд. Аксари ин бухориҳо баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳангоми таъмири хонаҳо аз сӯи сокинон барчида шудааст.

Шавкат Саидов, сухангӯи ҳукумати Душанбе, 13 июн ба Озодӣ гуфт, ҳукумат ин дастурро барои беҳбуди зиндагии сокинон ва таъмини манзилҳои баландошёна бо гармӣ содир кардааст. Қарор аст, шаҳрдорӣ тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 се ноҳияи пойтахт - Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Синоро бо оби гарм таъмин карда, сипас, ноҳияи Фирдавсиро низ ба ин шабака пайваст намояд.

“Вақте гармӣ истеҳсол шуд, бояд сохторҳои шаҳрӣ қабул карда тавонанд. Барои ҳамин, сокинонро омода карда истодаем,” – гуфт Шавкат Саидов.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ба Душанбе оби гарм меояд

Хабари бозгашти оби гарму гармӣ дар хонаҳо, теъдоде аз сокинони пойтахтрохушҳол кардааст. Онҳо мегӯянд, мумкин аст, аз ин ба баъд таъмини мардум бо нерӯи барқ ҳам беҳтар шавад, зеро бинобар истифодаи зиёди бухориҳои барқӣ дар солҳои охир ҳар зимистон, нерӯи барқ дар маҳаллаҳои зиёд қатъ мешуд.

Дар манзили Ҳамроҳхон Амиров, сокини ноҳияи Синои Душанбе, солҳост, ки бухориҳои обии Шӯравиро бухориҳои барқии сохти чинӣ иваз кардаанд. Ҳамроҳхон аз роҳати бухориҳои обӣ таъриф мекунад, аммо мегӯяд, баъди гузашти ду даҳсола бовар надошт, ки дубора ба манзилаш оби гарм меояд. Аз ин рӯ, вақти таъмири манзилаш бухориҳоро нозарур донист ва канд, вале ҳоло мехоҳад онҳоро ба ҷояшон баргардонад.

Ҳамроҳхон Амиров мегӯяд, ки ҳисобкунаки оби гарм дар муқоиса ба ҳисобкунаки барқ маблағи камтар кор хоҳад кард. “Агар дар як моҳи зимистон аз ҳисоби истифодаи барқ то 300 сомонӣ маблағ пардохт кунем, баъди инро насб кардан бовар дорам, ки харҷ бамаротиб камтар хоҳад шуд. Дигар ин ки агар бухориҳои обӣ бошанд, ҳар куҷое рафтӣ, хавотир намешавӣ, ки сӯхтор рух медиҳад, ё чизи дигар,” – гуфт ӯ.

Аммо ба фарқ аз Ҳамроҳхон Амиров, Хуршеда Баҳриддинова, сокини дигари Душанбе, бухориҳои манзилашро, ки тақрибан 20 соли охир оби гармро надидааст, чун як ашёи гаронбаҳо ҳифз кардааст. Ӯ гуфт, дар ин солҳо борҳо хост, бухориҳои сохти Шӯравии нозарурро канда партояд. “Вале шавҳарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки як рӯз оби гарм меояд ва ин бухориҳо лозим мешаванд,” – мегӯяд Хуршеда.

Супориши шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки аксар сокинон тақрибан бист сол соли охир аз манзилҳояшон батареяҳои гармидиҳандаро кандаанд ва мегӯянд, насби дубораи онҳо манзилҳои навтаъмирро хароб мекунад. Шаҳрдорӣ мегӯяд, ки дар сурати барқарор накардан ва саркашӣ аз дастур сокинонро ҷарима интизор аст.

Моҳнисо Меликова, намояндаи яке аз ситодҳои таъмини шаҳр бо гармӣ дар шаҳракҳои 10 ва 11-и ноҳияи Сино, мегӯяд, нафарони норозӣ аз ин дастури шаҳрдорӣ кам нестанд, вале онҳо мефаҳмонанд, ки ҳадди имкон имсол лӯлаҳои дохили манзилашонро дуруст кунанд. Ӯ гуфт, “сокинон мегӯянд, ки аз уҳдаи барқарор кардани батареяҳои обӣ намебароянд. Ё ин ки онҳо манфиати бухориҳои обиро намедонанд. Лекин алакай ситодҳо таъсис ёфтааст ва миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем.”

Ширкати чинии TBEA барои таъмини гармии Душанбе 18 километр қубури бузурги интиқоли оби гарм дар се ноҳияи пойтахт - Сино, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансурро нав мекунад. Қубурҳои асосии ин се ноҳия бояд то моҳи октябр иваз карда шаванд.

Шаҳрдории Душанбе барои анҷоми марҳилаи дувуми пайвастани манзили сокинон ба шабакаҳои гармидиҳӣ озмун эълон кардааст. Қарор аст, рӯзҳои наздик сармоягузор ва ширкати иҷрогари ин тарҳ мушаххас шавад. Аммо ба ҳар сурат таъмиру барқарорсозии шабакаҳои гармидиҳӣ дар дохили манзилҳо бар ӯҳдаи худи сокинон боқӣ гузошта шудааст.