Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бухории Соҳибқирон Раҳимов - роҳи наҷот аз сардӣ


Бухории ғайриоддии бобои Соҳибқирон
Бухории ғайриоддии бобои Соҳибқирон

Мушкили бебарқии Тоҷикистон дар фасли сармо сокинонро маҷбур ба эҷоди навовариҳое кардааст, ки битавонанд дар ин фасли сол манзили худро гарму рӯшан нигоҳ бидоранд.

Бебарқӣ ва сардиҳои зимистон иддае аз сокинони деҳоти Тоҷикистонро маҷбур ба навовариҳо ба хотири раҳоӣ аз торикӣ ва сардӣ кардааст. Ин навовариҳо, ки дар пайи бӯҳрони иқтисодӣ хеле арзон сохта мешаванд, соддаву оддӣ буда, хонаҳои сокинонро рӯшан ва гарм нигаҳ медорад.

Соҳибқирон Раҳимов, сокини 73-солаи деҳаи Ғайрати ноҳияи Ҳисор печ ё бухорие сохтааст, ки танҳо бо сарфи панҷ сомонӣ дар он хӯрок мепазад, об меҷӯшонад ва як шабонарӯз ду ҳуҷраи хонаи худро гарм нигаҳ медорад. Ин печ аз тунукаи оҳанӣ гирдшакл сохта шуда, дудкаши он ду ҳуҷраро убур мекунад. Соҳибқирон Раҷабов мегӯяд, дохили ин печро аз гарди чӯб, ки як халтаи онро бо нархи 3 то 5 сомонӣ аз корхонаҳои тахтабарорӣ харидорӣ мекунад, пур намуда, оташ мегиронад. Як халтаи гарди чӯб 12 соат месӯзад ва ҳам хона гарм мешавад ва ҳам аҳли хонавода болои он хӯрок мепазанд.

Чораҳои зимистонӣ аз бебарқӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:28 0:00

Ӯ мегӯяд: “Миёни ин печ ба хотири ҳаво ворид шудан шикоф аст. Гарди чӯб хеле оҳиста месӯзад, аммо печро аз ангишт хубтар гарм мекунад. Дудбарои он аз хонаи боло ҳам убур мекунад, ки он хонаро ҳам хуб гарм нигаҳ медорад. Дар хонаи боло писарам бо ҳамсар ва фарзандонаш зиндагӣ мекунанд. ”

​Ин мард мегӯяд, печи худсохти ӯ ва сӯзишвориаш комилан аз нигоҳи экологӣ тоза буда, дудаш ба аҳли хонавода ҳеҷ таъсири баде надорад. Ба гуфтаи ин мард, сокинони дигар ангишт истифода мекунанд, ки як халтааш тақрибан даҳ баробари гарди чӯб нарх дорад ва аз сӯи дигар дудаш ба сиҳатии сокинон зиён мерасонад.

Соли гузашта аз дуди агишт дар ноҳияи Ваҳдат панҷ узви як хонавода ва дар ноҳияи Айнӣ ду тан ҳалок шуда буд. Аз ин рӯ, бобои Соҳибқирон мегӯяд, инсон бояд нафақат фикри гарм шудан, балки андешаи ҳифзи сиҳатиашро низ бикунад.

Дар ҳоле ки ин мард бо усули хеле содда, вале барои аксарият нофаҳмо хонаашро гарм мекунад, як сокини ноҳияи Варзоб бо усули дигар манзили зисташро равшан мекунад.

Иброҳим Раҷабзода, сокини деҳаи Лучоби ноҳияи Варзоб ба ҷои движок ё худ дастгоҳи хурди барқҳосилкунӣ комилан дастгоҳи дигар истифода мекунад. Ӯ як панели офтобӣ ва як аккумулятор ё худ барқдиҳандаи мошини боркаш харидорӣ кардааст. Тариқи панели офтобӣ ба аккумулятор нерӯ медиҳад, ки дар тӯли бештар аз 12 соат 12 чароғи хона ва ду телевизорро рӯшан мекунанд.

​Иброҳим Раҷабзода гуфт: “Бисёриҳо движок мехаранд. Движок садои баланд дорад ва аз он бӯи сӯзишворӣ ҳавливу хонаро зер мекунад. Ҳар рӯз бояд то 5 литр бензин сарф кард, ки ба ҳисоби миёна 25 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, бояд зуд-зуд движокро хабар гирифт, ки бензинаш тамом нашавад. Ҳоло движокҳои хитоӣ зуд вайрон мешаванд, вале ин чизи сохтаи мо бидуни сарфи зиёд кор медиҳад.”

Чунин навоварии сокинон ба хотири гармӣ ва рӯшании хонаҳояшон дар ҳолест, ки беш аз 20 сол боз Тоҷикистон дар фасли сармо ба мушкили дастрасии нерӯи барқ рӯ ба рӯ ҳаст.

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2004 бад ин сӯ ба беҳбуди вазъи таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ ваъда медиҳад, аммо бо гузашти беш аз 10 сол вазъ бетағйир боқӣ мондааст. Ҳамасола аз моҳи октябр то моҳи апрел дар деҳоти Тоҷикистон нерӯи барқ ба таври маҳдуд ва маъмулан аз 6 то 8 соат дар шабонарӯз ба сокинон дода мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, бо бунёди нерӯгоҳи Роғун мушкили бебарқиро ҳал кунад. Вале ҳанӯз маълум нест, ки ин нерӯгоҳ кай сохта мешавад? Аз ин хотир сокинон талош доранд, то бо чунин шеваҳои хос худу пайвандонашонро аз сардӣ ва торикӣ наҷот диҳанд.

XS
SM
MD
LG