Додгоҳи Ёвон як сокини ин ноҳияро барои таҳқири ду афсари милиса ва зӯроварӣ нисбат ба яке аз онҳо ба як соли зиндони шартӣ маҳкум кардааст. Дар ҳукми додгоҳ, ки 28 июн ба дасти Озодӣ ҳам расид, омадааст, Шӯҳрат Тухтаев аввали соли ҷорӣ ба кори ду афсари милиса, ки сабабҳои як садамаи нақлиётиро таҳқиқ мекардаанд, дахолат кардааст ва дар натиҷаи байни онҳо моҷаро бархостааст. Ба қавли масъулони додгоҳ, ҳодиса рӯзи 4 январ дар деҳаи Парчасойи Ёвон сурат гирифтааст.
Ба иттилои додгоҳи Ёвон, Шӯҳрат Тухтаев соатҳои 11-12 бо автомашинаи шахсиаш дар роҳи мошингарди ноҳияи Ёвон - Абдураҳмони Ҷомӣ ҳаракат карда, ҳангоми аз назди Обанбори деҳаи Парчасой гузаштан дидааст, ки дар паҳлӯи он ду автомашина бо ҳам бархӯрда, одамони зиёде он ҷо ҷамъ омадаанд. Ӯ автомашинаашро нигоҳ дошта, дидааст, ки яке аз ронандагони автомашинаҳои ба садама бархӯрда шиносаш Тӯраев мебошад. Кормандони Шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи ноҳияи Ёвон капитани милитсия Ҷаҳон Азимов ва лейтенанти Алишер Ҷалолов барои андешидани чораҳои қонунии садамаи рухдода, ҳуҷҷат тартиб медоданд.
Ба гуфтаи додгоҳ, Шӯҳрат Тухтаев аз нозирон хостааст, ки санад тартиб надиҳанд ва монеи иҷрои кори онҳо шудааст: "Баъдан Шӯҳрат Тухтаев ба афсарони милиса Ҷаҳон Азимов ва Алишер Ҷалолов, ки намояндаи ҳокимият ҳастанд, итоат накардааст ва ҳардуро назди омма,
ҳақорату дашномҳои қабеҳ карда ва шаъну шарафи онҳоро дар назди мардуми ҷамъомада паст задааст. Шӯҳрат Тухтаев нисбат ба Ҷаҳон Азимов зӯроварӣ нишон дода ва ӯро зада ба замин афтондааст ва дар натиҷа чанд ҷойи бадани ӯ харош хӯрдааст."
Додгоҳ бо назардошти ин рафтори сокини ноҳияи Ёвон ӯро бо гуноҳи “истифодаи зӯроварӣ нисбат ба корманди ҳокимияти давлатӣ” ва “паст задани шаъну эътибори онҳо” дар назди омма ба як соли шартии зиндон маҳкум ва ситонидани 20 фоизи музди кораш ба фоидаи давлат таъин кардааст.
Солҳои ахир муноқиша байни ронандагон ва кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Ронандагон мегӯянд, ки нозирони роҳ онҳоро беҳуда манъ карда ва бо ҳар баҳона ришва мегиранд, ҳарчанд ба гуфтаи мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ гунаҳкор худи ронандагон ҳастанд, ки қонуну қоидаҳои ҳаракатро риоят намекунанд.
Намунаи пурсарусадои ҷанҷоли ронанда ва афсари милиса аввали имсол дар Душанбе буд, ки як ронанда корманди Бозрасии давлатии автомобилиро рӯи "капот"-и худраваш тақрибан то 100 метр бурд ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард. Додгоҳ аввали имсол ин ронандаро барои нофармонӣ ба нозири роҳ ва дар хатар гузоштани ҷони ӯ ба 2.5 соли зиндон маҳкум кард.
Навори видеоии кашола кардани ронанда дар он вақт яке аз видеоҳои пурбинандатарин дар Фейсбук шуд ва дар шарҳи он видео аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, ки худи кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ бо тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ ҷони ронандаҳоро ба ҳалқашон овардаанд ва онҳоро ба чунин қонуншиканӣ водор мекунанд.
Ба навиштаи яке аз корбарони Фейсбук бо номи Манучеҳр, “аз шарҳҳо бармеояд, ки кормандони ГАИ, мардуми оддиро ба ин ҳад расондаанд. Муҳофизони қонун, бо талаби ришва аз мардум худашон қонунро помол мекунанд.” Як нафари дигар бо номи Ҳусейн гуфтааст, “Гунаҳкор корманди ГАИ аст. Бовар накунед, як бор ба истгоҳи маршруткаҳои 66 равед ба пеши Садбарг. Таксистҳое, ки пора медиҳанд, бе навбат одам мегиранд, ҳар рӯз ҷанг аст, ҷангро коркунҳои БДА ташкил мекунанд. Ҳамин ҷанҷоли ду мардаки калон барои 5 сомонӣ аст.”