Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РЕПОРТАЖ: Аз муносибати нозирони БДА (ГАИ) розӣ ҳастед?


Бархе аз ронандагон кормандони БДА-ро ба он муттаҳам мекунанд, ки бо алфози қабеҳ ва бидуни далел аз онҳо ришва мегиранд. Аммо масъулони ин ниҳод ҳозир нашуданд, ба ин иддао посух гӯянд.

Бисёре аз ронандагон дар Тоҷикистон кормандони пулиси роҳро ба истифода аз алфози қабеҳ ва, ҳамин тавр, ришваситонӣ муттаҳам мекунанд. Тайи ду моҳи охир се ҳолати ҳамла ба кормандони БДА дар роҳҳои кишвар расонаӣ шудааст. Дар ду маврид ронандагон дар Душанбе бо мошин ба сӯи корманди БДА ҳамла карданд ва ахиран, рӯзи 16 май ронанда Мирзоаҳмад Камолов ба Сӯҳроб Исмонқулов, корманди ин ниҳод дар Кӯлоб се бор корд зад.

Чаро ронандаҳо асабӣ мешаванд?

Ҷалол Намозов, ронандаи самти Душанбе-Хуҷанд мегӯяд, замони боздоштан корманди БДА ҳарфе мегӯяд, ки ба эҳсосоти кас нохун мезанад ва ронанда маҷбур мешавад, ба ӯ дағалона посух диҳад. Ӯ мегӯяд, дар як соли охир ҳисоб кардааст, ки кормандони БДА аз ӯ 5 ҳазор сомонӣ ришва гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки расман то 15 ҳазор сомонии дигар ба пулчинакҳои ширкати "IRS" медиҳад.

Ӯ гуфт: "Бовар кунед, сари ҳар қадам корманди ГАИ истодааст. Хоҳӣ-нахоҳӣ, як камбудиатро пайдо карда, пул талаб мекунанд. Хеле дар азобем. Кор фақат пул додан аст, агар пул надиҳӣ, бароят иҷозаи мусофиркашонӣ намедиҳанд. Ба мо дутарафа ҷабр аст. Хоҳиш дорем, ҳамин ГАИ-ҳоро дар роҳ камтар кунанд. Наход, ки то Хуҷанд рафтан 7 бор корманди ГАИ ронандаро манъ кунад?"

Ронандагон мегӯянд, ба хотири ҷарима надодан ҳамеша талош мекунанд, то ба нозирони БДА ҳангоми боздошти мошин хушомад гӯянд, аммо, ба ақидаи онҳо, кормандони БДА ин хушомадгӯӣ ва хушсуханиро далели тарс пиндошта, ба тафтиши мошин оғоз карда, ҳатман маблағи бузургтаре талаб мекардаанд. Субҳон Самадов, ронандаи дигар мегӯяд, дар роҳ ронанда даҳҳо мушкил дорад, болои он дағалии милиса ӯро асабонитар мекунад.

"Вақте ҳуҷҷатҳоро медиҳӣ, гирифта, бе ҳеч шарҳ ба дохили мошини худаш меравад. Баъдан аз пасаш меравӣ, ки алакай дар коғаз чизе менависад. Гоҳе дурӯғ мегӯяд, ки тез омадӣ ва ё чароғакро сурх гузаштӣ. Дар ин ҳолат чӣ тавр асабӣ намешавӣ?"-савол мегузорад ҳамсӯҳбати мо.

Назарпурсии видиоӣ: Як нафар розӣ, нӯҳ нафар норозӣ

Назарпурсии видеоӣ аз ронандаҳо дар Душанбе нишон дод, ки бештари ронандаҳо - ҳамсӯҳбатони мо фаъолияти кормандони БДА-ро ноодилона ва нохушоянд унвон мекунанд. Аз даҳ нафар ронандае, ки бо мо сӯҳбат карданд, танҳо як нафар гуфт, ки ҳеч гоҳ бо кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ мушкил надоштааст.

Ин нафар, ки худро Саидвалӣ муаррифӣ кард, гуфт: “Қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя мекунам ва ягон бор ягон корманди БДА маро бознамедорад. Ин ҷо ман айби худи ронандагонро мебинам, ки агар эҳтиёт накунӣ, ба болои сарат мошин меронанд."

Аз муносибати нозирони БДА розӣ ҳастед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

БДА: Шарҳ додан намехоҳад

Талоши дурӯзаи мо ба хотири гирифтани назари кормандони БДА ба он ки иттиҳоми ронандагон то куҷо асос дорад, бенатиҷа анҷом ёфт. Мирзо Сафаров, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии БДА гуфт, дар сурате бо мо сӯҳбат хоҳад кард, ки аз сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ барояш иҷоза бигирем.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, биравед ва гӯед, ки иҷоза ҳаст, то сӯҳбат кунад. Аммо 19 май Сафаровро пайдо накардем ва бароямон гуфтанд, ки пас аз нисфирӯзӣ хоҳад шуд. Нисфирӯзӣ ӯро пайдо кардем, аммо пас аз интизории дусоата пушти дараш ба мо гуфтанд, ки ӯ ҳоло маҷлис баргузор мекунад ва маълум нест, ки Шуморо қабул карда метавонад ва ё на.

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, ягона ниҳоде дар мақомоти интизомии кишвар ҳаст, ки аз ҳама бештар бо сокинон сару кор дорад. Ришвагирӣ ва дағалии онҳо боиси эҷоди даҳҳо саҳначаи ҳаҷвӣ ва матолиби интиқодӣ дар матбуот шудааст.

Шарифхони Тағоймурод, рӯзноманигори ҷавон, ки ба хотири омӯхтани кори нозирони роҳ, чанд моҳе ба мусофиркашонӣ машғул будааст, мегӯяд, зиёд будани нозирони БДА дар кӯчаҳо ва бе сабабу бо сабаб зуд-зуд нигоҳ доштани мошинҳо аз тарафи онҳо ба обрӯи ин ниҳод ва кормандони он таъсири бад кардааст.

Ӯ мегӯяд, дар чанд моҳи мусофиркашониаш ба хулосае расидааст, ки ҳадафи аслии нозирони роҳ таъмини бехатарӣ дар роҳ нест, балки бештар сари он андеша мекунанд, ки чӣ тавр ва аз кадом ронанда чӣ миқдор маблағ бигиранд.

Ӯ гуфт: “Аксаран шахсони тасодуфиянд. Маълумоти махсуси соҳавӣ надоранд. Расман маоши кам мегиранд, ки агар нигоҳ кунем, барои зиндагӣ нокифоя ҳаст. Муҳимтар аз ҳама саводи муошират бо ронандаро надоранд. Дар тағобозиву ришваситонияшон умуман ҷои гап нест. Фасодзадатарин сохтор хамин БДА шудааст, ки ин раванд дили мардумро аз давлату ҳукумат сард месозад. Дар таҷриба мушоҳида кардам, ки бо додани як сомонӣ ҳатто дигар ҳуҷҷатҳоятро тафтиш намекунанд. Ман ҳатто худам даҳҳо мисол дар ин маврид оварда метавонам! Аз тарафи дигар аксар ронандаҳо ҳуҷҷати ронандагиро бидуни таҳсил дастрас кардаанд. Ронанда саводи хуб надорад, нозири роҳ ҳам чунин аст. Хулоса кунед, ки бархӯрди ин ду тараф чӣ гуна мешавад. То маоши нозир фарогири харҷи як хонавода нашавад, аломатҳои роҳ дар ҳама ҷо ба пуррагӣ гузошта нашаванд, вазъ тағйир нахоҳад кард.”

Аммо Маҳдии Собир, коршиноси тоҷик мегӯяд, дар ин ҳолат нозирони роҳро дарк кардан мумкин аст. Ӯ мегӯяд, кори нозири БДА осон нест, зеро ронандаҳои беодоб дар ҷомеа хеле афзоиш ёфтааст ва ин боис мешавад, ки дар чашми нозирон ҳама ронандаҳо яксон шаванд.

Маҳдӣ Собир
Маҳдӣ Собир

Ӯ гуфт: “Ин ронандаҳо ба равони нозирон таъсири бад мерасонанд. Гоҳо ба фармони нозири БДА итоат намекунанд. Пешниҳод дорам, ки пеш аз гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ ба худи ронандагон дарси одоб ва итоати ба кормандони БДА омӯхта шавад. Вақте ронанда эҳтирому рафтори хуб кард, ҳатман нозири БДА ҳам рафторашро хуб мекунад.”

Аммо як корманди БДА бидуни ифшои номаш гуфт, рафтори аксари ронандаҳо низ онҳоро асабӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд, “вақте як ронандаро барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ бозмедорӣ, зуд ба тағои прокурор ва ё корманди оҷонсии мубориза зидди коррупсия занг мезанад.”

Ӯ гуфт: “Ҳама ронанда барои худ тағо дорад. Вақте мошинашро боздоштӣ, зуд ба касе занг мезанад ва телефонашро ба гӯшат медиҳад. Бовар кун, аксаран инҳо ё ягон хеши раҳбарамон мебароянд ва ё хеши ягон корманди прокуратура, ки дигар ҳеҷ коре ба ӯ карда намешавад. Ин шеваи кор ронандаҳоро ба нописандии мо корманди БДА раҳнамоӣ мекунад.”

Бозрасии давлатии автомобилӣ, як бахше аз Вазорати корҳои дохилӣ буда, бештар ба танзим ва назорати ҳаракат дар роҳҳои кишвар машғул аст. Бар асоси иттилои расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз 300 ҳазор воситаи гуногуни нақлиёт дар ҳаракат ҳаст.

XS
SM
MD
LG