Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноиби раиси БДА: "Агар нозирон набошанд, вазъи хиёбонҳо баҳам мехӯрад"


Мирзо Сафаров, муовини раиси Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон
Мирзо Сафаров, муовини раиси Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон

Мирзо Сафаров, муовини раиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аксари ронандагон қоидаҳои ҳаракатро риоя накарда, гоҳе мехоҳанд болои нозирони БДА низ фишор оваранд.

Мусоҳибаи хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Мирзо Сафаров, муовини раиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ё ГАИ баъд аз он сурат гирифт, ки ҳафтаи гузашта бархе аз ронандагон дар сӯҳбат бо мо аз бархӯрди номуносиби нозирони роҳ шикоят карданд. Дар оғоз аз ҷаноби Сафаров пурсида шуд, ки оё ронандагони норозӣ аз кори нозирони БДА расман ба онҳо низ муроҷиат мекунанд, ё на?

Мирзо Сафаров: "Нахуст, ин масъала ҳаст, ки ронандагон бояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд. Ҳамарӯза аз тарафи нозирони мо қоидавайронкуниҳо аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон сабт мешавад, ки дар асоси қонунҳои амалкунанда чора андешида мешавад. Аксари ронандагон аз чораҷӯи нисбат ба онҳо норозигӣ баён мекунанд. Баъзе ронандагоне шиква мекунанд, ки маърифати пасти ҳуқуқӣ доранд. Агар ронанда талаботи ҳаракат дар роҳро дуруст донад ва қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя кунад, фикр мекунам, ҳеч гоҳ аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ боздошта намешаванд. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон телефони боварӣ амал мекунад, ки ҳар нафаре шиква дорад, тариқи он занг мезанад. Шикоят аз болои нозирон низ мерасанд, аммо вақте шаҳрвандонро даъват мекунему дар як фазои ором ба онҳо талаботи қонунро мефаҳмонем, вазъи садаманокӣ ва хатарнокии онро мефаҳмонем, ҳолати пешгирӣ аз садамаҳоро мефаҳмонем, он шаҳрванд хуб моро дарк карда, бо як қаноатмандӣ аз пеши мо берун мешавад."

Озодӣ: Аммо ронандагон мегӯянд, ки нозирони БДА бо онҳо бо асабоният сӯҳбат мекунанд...

Мирзо Сафаров: "Нозири роҳ ҳам инсон аст. Ӯ ҳам шахси воқеӣ ҳаст, одами зинда ҳаст. Бовар кунед, агар кори нозирро мушоҳида кунем, аз даҳ қонуншикане, ки мошинаш боздошта мешавад, аксарашон бо ҳар восита мехоҳанд, ба кори нозир таъсир расонанд, то нисбаташон қонунӣ чораандешӣ нашавад. Аксари ронандагон бо телефони мобилии худ, ки дар ҷойҳои муайяне кор мекунанд, занг зада, мехоҳанд, нозир бо он одам сӯҳбат кунад ва ӯ аз ҷавобгарӣ раҳо шавад. Ин ҷо мехоҳам таъкид кунам, ки тибқи супориши Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни назорат аз болои ҳаракат дар роҳ нозири БДА ҳақ надорад, аз дасти ронанда телефонро гирифта, бо нафаре сӯҳбат кунад. Ҳамин ҳолат, ронандагонро асабонӣ мекунад ва бовар кунед, ҳар гуна таҳдид ҳам мешавад, фишор ҳам мешавад. Нозир ҳам як инсони зинда ҳаст, зану фарзанд дорад ва ин асабоният ба зиндагии хонаводагиаш таъсир мерасонад. Ҳангоми тақсимоти пагоҳирӯзӣ дар баробари қатъиян талаб намудани риояи қонунҳои амалкунанда, инчунин фармони Вазири корҳои дохилӣ дар бораи хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон ҳаст, ки мо нозиронро ҳамеша ҳушдор медиҳем, ки хушмуомилагиро рияо кунанд. Бисёр маврид нозирон телефони мобилии ронандаро барои сӯҳбат аз дасташ намегиранд, ки ин боиси асабонияти ронандаҳо мешавад ва нисбат ба нозирон суханҳои қабеҳ мегӯянд, ки чаро телефони мобилии ӯро нагирифт ва бо хеши ӯ сӯҳбат накард."

Сӯҳбат бо муовини раиси Идораи бозрасии давлатӣ.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:11 0:00

Озодӣ: Аммо бархе аз ронандагон дар сӯҳбатҳое, ки бо мо анҷом доданд, шиква доштанд, ки бемаврид мошини онҳо боздошта мешавад ва нозирони роҳ аз онҳо пул талаб мекунанд. То куҷо ин иддао воқеият дорад ва дар ҳамин маврид худи Бозрасии давлатии авотомобилӣ санҷише анҷом додааст?

Мирзо Сафаров: "Бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои вайрон кардани ҳаракат дар роҳ ҷарима пешбинӣ шудааст. Ин қонун ба нозири БДА иҷоза медиҳад, ки дар маҳалли содир шудани қоидавайронкунӣ ӯ ҳуқуқ дорад, нисбати иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ бо истифода аз баргакҳои ҷаримавӣ дар ҷояш қоидавайрокунандаро ҷарима кунад. Масалан, аз панҷ сомонӣ барои пиёдагардон то 40 сомонӣ барои дигар вайронкунадагони қоидаи роҳ нозир метавонад, ҳамон замон ҷаримаи маъмурӣ тартиб дода, ба қоидавайронкунанда баргаки ҷаримавӣ супорад.

Инро баъзе ронандагоне, ки маърифати ҳуқуқияшон паст аст, дида, фикр мекунад, ки ин пулгирии нозири роҳ барои худаш аст. Дар асл, дар он баргак ҳама чиз, миқдори маблағ, намудаи қоидавайронкунӣ, рақами мошин, моддаи қонун дарҷ мегарадад, ки ин қонунӣ ҳаст.Имзои ронанда низ гирифта мешавад, ки ӯро нозири роҳ аз 5 то 40 сомонӣ ҷарима кардааст. Аммо барои пешигирии қонуншиканӣ дар миёни кормандон аз аввали сол зиёда аз 280 санҷиши ошкору пинҳон гузаронида шуд. Дар ин баробар 22 бор санҷишҳои пинҳонӣ гузаронида, барои пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ 12 санҷиши махсус гузаронидем, ки нисбат ба 7 нафар кормандоне, ки ба қонуншинканӣ роҳ доданд, нисбаташон ҷазои маъмурӣ ва интизомӣ тартиб дода, аз кор дар БДА барканор шуданд. Мо кӯшиш мекунем, ки пеши роҳи қонуншиканӣ аз тарафи нозирон гирифта шавад ва фаъолияташон шаффоф бошад."

Озодӣ: Ин ҳафт корманди БДА ба кадом қонуншиканӣ роҳ дода буданд?

Мирзо Сафаров: "Инҳо барои ғайриқонунӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва барои тамаъҷӯӣ, ки хилофи қонун ва хилофи таъкидҳои ҳамешагии вазири умури дохилии Тоҷикистон аст, аз кор барканор шуданд."

Озодӣ: Тасмим буд, ки бо насби дурбинҳои назоратӣ теъдоди нозирони БДА дар роҳҳо кам карда мешавад. Ҳоло вақти он нарасидааст, ки шумораи нозирон коҳиш дода шавад?

Мирзо Сафаров: "Соли гузашта 65 корманди БДА ихтисор гардиданд. Як нуктаро бояд қайд кард, ки камераҳои назоратӣ дар пойтахт қарор доранд. Дар дигар маҳалҳо нозирони роҳ нокифоя ҳастанд. ​Бубинед, ки воридоти нақлиёт ба кишвар зиёд шудааст ва ҳоло зиёда аз 450 ҳазор воситаҳои гуногуни нақлиёт дар Тоҷикистон дар ҳаракат аст. Бо зиёд шудани теъдоди воистаҳои нақлиёт таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ имрӯз таваҷҷӯҳи ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Барои назорат аз болои ҳаракат дар роҳ тамоми қувваҳои зарурӣ сафарбар мешавад. Новобаста ба ин, аз аввали сол, то кунун, яъне давоми зиёда аз 4 моҳу 22 рӯз 459 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 141 шаҳрванд ҳалок ва 473 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардоштаанд. Мо вазъи

садаманокиро ҳамеша таҳлил мекунем, ки кадом намуди садамаҳо маъмул ҳастанд ва сабабҳо дар чӣ ҳастанд. Тавре мо таҳлил мекунем, замони ахир 40 дарсади садамаҳоро зеркунии пиёдагардон ташкил медиҳад. Ин аз интизоми нокифояи шаҳрвандони мо ҳаст, ки аз ҷойҳои муайншуда роҳро убур намекунанд. Қариб 38 дарсади садамаҳо бо ҷурми суръатафзоӣ сурат мегирад. Ин аз он аст, ки роҳҳо хеле хуб ҳастанд ва ронандагон аз ин сӯистифода бурда, суръати ҳаракатро баланд мекунанд. Садамаҳои нақлиётӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 ҳолат ё 6,7 дарсад азоиш ёфтааст. Талошҳо ба он равона шудааст, ки назорат дар роҳҳо пурзӯр ва аз садамаҳои нақлиётӣ ва дигар қонуншиканиҳо ҷилавгирӣ шавад. Ба ин хотир, ҳукумати кишвар инро ба назар гирифта, “Маркази автоматикунонидаи идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятӣ”-ро таъсис дод, ки ҳоло хушбахтона хеле тартиботро хубтар кардааст. Бо истифода аз ин марказ интизом дар кӯчаву хиёбонҳо қадре беҳтар шудааст ва қоидавайронкуниҳое, ки қаблан содир мешуд, камтар шудааст."

Озодӣ: Ҳарфҳое ҳам пайдо шудааст, ки имкон дорад, қонуншиканиҳо аз бойгонии дурбинҳои назоратӣ ҳазф ё ба истилоҳи ронандагон "удалить" карда шавад. Воқеан, чунин як имкон вуҷуд дорад?

Мирзо Сафаров: "Ин сухан асос надорад ва дар кӯча ҳар гапро мегӯянд. Бо масъулият ман инро метавонам бигӯям, ки ин сухан асос надорад. Бойгонии камераҳо таҳти назорати қатъист ва имкони хориҷ кардани кадом қонуншикание аз онҳо вуҷуд надорад. Аммо мо Кодекси

ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорем, ки дар дӯконҳои китобфурӯшӣ дар фурӯш ҳастанд. Агар шаҳвардон онро гирифта хонанд, он гаҳ ба чунин овозаҳо бовар намекунанд. Масалан, дар камераҳои назоратӣ даҳ бор воситаи нақлиёти нафаре сабт шудааст, аммо на дар ҳама ҳолат ронанда аломатҳои таркиби ҳуқуқвайронии маъмуриро содир намудааст. Ҳолатҳое ҳаст, ки нозири роҳ дар чорроҳа истода, ҳаракатро танзим мекунад ва барои гузаштани воситаи нақлиёт дар чароғаки сурх бинобар зарурат иҷозаи гузаштан медиҳад. Ин ҷо фактори инсонӣ вуҷуд дорад, ки ба назар гирифта мешавад ва он қонуншиканӣ ҳисобида намешавад. Ин ҷо ронанда дидаву дониста қонуншиканӣ накардааст. Аз ин рӯ, ҳар қонуншиканӣ омӯхта мешавад ва кадоме аз онҳо бо айби ронанда шудааст, ҷаримаи маъмурӣ ситонда мешавад. Аммо ихроҷ кардани қонуншиканӣ номумкин аст."

Озодӣ: Як пурсиши видеоие, ки мо анҷом додем, аз даҳ ронанда ҳамагӣ як нафар кори нозиронро ситоиш кард ва дигарон ҳама норозӣ буданд. Ин ба чӣ далолат мекунад?

Мирзо Сафаров: "Ин ҷо бештар нафароне норозӣ буданд, ки мусофиркашонӣ мекунанд. Санҷишҳои мо нишон дод, ки аксари ронандагон бе иҷозатнома мусофиркашонӣ мекунанд. Ҳамин норозиён аз он ҷумлаанд, ки интизому фаҳмишашон дар сатҳи паст қарор доранд. Дар аксар маҳалҳо нозирони мо намерасанд, ки ронандагон инро дида, ба қонунвайронкуниҳо даст мезананд. Яъне, агар дар ҷое корманди БДА набошад, ҳар кор хоҳанд мекунанд. Пас, тасаввур кунед, ки нозирони мо дар хиёбонҳо набошанд, чӣ ҳодиса рух хоҳад дод."

XS
SM
MD
LG