Поёни озмуни қориёни то 25-солаи Қуръон дар Душанбе

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раҳбарони Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфтанд, озмуни қориёни то 25-солаи Қуръон дар Душанбе бо сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон ба поён расида, ба ҳар кадом ғолиби ҷои аввал дар панҷ бахш 6 500 сомонӣ дода шуд.

Озмуни "Ҳифз ва қироати Қуръони Карим", ки ба қавли масъулони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо сарпарастии Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе баргузор шуд, шоми 7 май ба анҷом расид. Масъулони Донишкадаи исломӣ гуфтанд, ки барои ҳар кадом аз барандагони ҷойи аввал дар ин мусобиқа, ки аз 5 бахш иборат буд, 6 ҳазору 500 сомонӣ тақдим шудааст.

Комилҷон Сайидолимов, муовини раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Айёмиддин Фахриддинов дар бахши "Ҳифзи кулли Қуръон бо риояи таҷвид ва ҳифзи матни муқаддимаи Ҷазария" ҷойи аввалро соҳиб шудааст. Саидакобир Зиёдуллоев, Илҳомиддин Калонов ва Ҳоҷиакбар Эшонов ҷойҳои ду, се ва чаҳорро гирифтаанд.

Дар бахши "Ҳифзи кулли Қуръон бо зикри номи сура, рақами оят ва саҳифа", ҷойи аввалро Абдулботин Шарифов ва ҷойҳои баъдиро Лутфулло Холиқов, Муҳибуллои Муҳаммадулло, Абдусамад Хушқадамов соҳибӣ карданд. Бахши севуми озмун "Ҳифзи кулли Қуръон бо риояи таҷвид ва тафсири сураҳои “Нисо”, “Моида” ва “Анъом” буд, ки иштирокчии ин озмун Карим Акбаров ҷойи аввалро гирифт ва Аюби Абдураҳим, Мифтоҳиддин Исломзода, Ҳомидов Ҳисомиддин соҳиби ҷойҳои аз ду то чаҳорум шуданд.

Дар бахши чаҳорум - “Ҳифзи кулли Қуръон ва ҳифзи матни “Чиҳил ҳадиси Имом Нававӣ” Наврӯзи Ҳамдуллоҳ ҷойи якумро гирифт. Дар зинаҳои баъдӣ дар ин бахш Муҳаммадӣ Маҳмадиев, Шодмон Музаффаров, Иброҳим Ашуров қарор гирифтанд. Бахши панҷуми озмун “Ҳифзи 20 ҷузъи Қуръон бо риояи таҷвид” ном дошт ва Нуъмонҷон Абдулқодиров ҷойи аввал, Ҳамдулло Иноятов, Сайфулло Холиқов ва Меъроҷиддин Шарипов соҳиби зинаҳои баъдӣ гардиданд.