Агарчӣ тайи солҳои охир мақомоти шаҳру навоҳӣ ва идораҳои давлатии Тоҷикистон соҳиби торнамо (сайт) шуда, истифода аз интернетро ҳам омӯхтаанд, бо ин вуҷуд, табодули санаду номаҳо ҳанӯз мисли Шӯравии собиқ тариқи почта сурат мегирад. Гузашта аз ин, гуфта мешавад, аксар сомонаҳои расмии шаҳру навоҳӣ фаъол набуда, ба ном вуҷуд доштаанд.
Зафар Шафиев, раҳбари маркази “Кова”, ки дар доираи барномаи “ҳукумати электронӣ” барои мақомоти шаҳру ноҳияҳои Суғд саҳифаҳои интернетӣ боз кардааст, мегӯяд, ҳоло бештари онҳо фаъол нестанд: “Ба наздикӣ санҷиш гузарондем ва маълум шуд, аз ҳамаи сайтҳои сохтаамон танҳо торнамоҳои ҳукумати Хуҷанд, Қайроққум, Бобоҷон Ғафуров ва Истаравшану Исфара фаъоланду бас.” Оқои Шафиев дар идома гуфт, ҳатто як қисми мутахассисоне, ки барои фаъол нигоҳ доштани сайтҳои расмӣ омода карда буданд, ба далели дарёфт накардани маош аз кор рафтаанд. “Ё раисони шаҳру ноҳияҳо иваз шуда, онҳоро аз кор рондаанд”,-афзуд ӯ.
"ПУЛИ ДАВЛАТРО ХАРҶ МЕКУНАНДУ..."
Мутахассисон мегӯянд, вазъ дар минтақаҳои дигар Тоҷикистон дар муқоиса бо вилояти Суғд беҳтар нест. Абдуфаттоҳ Воҳидов, масъули бахши назарпурсии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), ба таҳқиқи дастрасии мақомот ва сокинони одӣ ба интернет машғул аст. Ӯ мегӯяд, сомонаҳои расмӣ манбаи маълумоти муҳим нестанд ва ҳафтаҳову моҳҳо ва баъзеяшон солҳо рӯи хабари тозаву барои ҷомеа муҳимро намебинанд. Барои мисол, дар торнамоҳои ҳукумати Исфараву Бобоҷон Ғафуров, ки фаъол унвон мешаванд, дар бораи муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки чандин куштаву захмӣ бар ҷой гузоштанд, ба ҷуз чанд хабари кӯтоҳ дигар чизе ба нашр нарасидааст. “Тақрибан мақомоти ҳама шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сомонаи худро доранд. Вале баъзеи онҳо аз рӯзи таъсис то ҳоло хабару матлабҳои нав нагузошта, саҳифаро ҳамчун воситаи расонидани иттилоъ ба мардум ва робита бо сокинон истифода намекунанд. Онҳо пули давлатро дар ин роҳ харҷ мекунанд ва дастури боз кардани саҳифа аз ҷониби президентро истифода кардаанд, бо ҳамин тамом”,-гуфт Воҳидов.
"ШАВҚАШОН БА МОШИН АСТУ ИНТЕРНЕТ - НЕ"
Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, дили нохоҳами мақомот барои пеш бурдани кор бо шеваи электронӣ, иҷборӣ будани ин ибтикор аз боло ва нотавонии мақомоти маҳаллӣ барои пураҳамият кардани сомонаҳои худ аз омилҳоест, ки таъсиси “ҳукумати электронӣ”-ро ба нокомӣ рӯ ба рӯ кардааст. “Мансабдорони тоҷик ба хариди автомобилҳои гаронбаҳои муосир бештар хуш доранд, то он ки ба компютеру интернет. Дар коргоҳҳояшон бештар аз ҳамон факсу номарасонӣ тавассути почта кор мегиранд. Таъсиси “ҳукумати электронӣ” бо хости худи мақомот не, балки бо дастури ҳукумат, ба таври сунъӣ сурат гирифт. Мақомот ба ном сомонаҳои худро таъсис доданд, вале барои фаъол доштани он тавонмандиашон намерасад. Барои ин аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ, онҳо бояд аз дастгирии созмонҳои ғайридавлатӣ истифода кунанд. Вале дар Тоҷикистон ҳоло ҳам мақомот аз истифодаи хадамоти корхонаву созмонҳои тиҷоративу ғайритавлатӣ меҳаросанд, ки гӯиё онҳо зиддидавлатӣ ҳастанд. Вале таҷрибаҳои муваффақе ҳам ҳаст. Масалан, таҷрибаи шаҳрдории Душанбе, ки ҷиҳати фаъол доштани саҳифаи худ аз ин роҳ муваффақона кор мегиранд”,-афзуд ӯ.
"МЕТАРСАНД, КИ ДАР ФЕЙСБУК БАРОЯНД"
Вале Зафар Шафиев, раҳбари маркази “Кова”, парҳези мақомот аз интернетро ба паст будани фарҳанги истифода аз дастовардҳои фанновариҳои муосир низ рабт медиҳад: “Мутаассифона, аксари кормандони мақомот фикр мекунанд, дар саҳифаҳои иҷтимоии интернет боз кардани саҳифаи худ мисли ин ки ор мекунанд. Ман, масалан, ба чанд раисони шаҳрҳои вилояти Суғд пешниҳод кардам, саҳифаи худашонро боз кунанд. Гуфтам, биёед, дар Фейсбук саҳифае кушоем, сокинон фикру ақида ва дархосту пешниҳодҳои худашонро нависанд, ба он нигоҳ карда кор кунед. Аммо гуфтанд, “не, мумкин нест.” Метарсанд. Сабаби нокомӣ ҳамин аст. Ё мактабҳои миёнаро бигирем, дар барномаву китобҳои дарсӣ корбурди компютеру интернет тарғиб мешавад, вале вазорати маориф амр додааст, талабагон бо телефони ҳамроҳ ба дарсҳо наоянд. Ҳол он ки беҳтар буд ба ҷои ин тарзи истифодаи дурусти мобил барои аз худ кардани барномаҳои таълимиро бо дастрасӣ ба интернет ба онҳо ёд медоданд.”
"ИНТЕРНЕТ - БАРОИ ХОНДАНИ ХАБАР"
Мазбутҷон Зоҳидов, раиси ҷамоати наздимарзии Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо ҳудуди 60 ҳазор аҳолӣ пурнуфустарин ҷамоат дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар идораи ҷамоат ҳамагӣ ду компютер доранд ва аз он ҳам танҳо яке ба интернет пайваст аст. Ӯ афзуд, гоҳ-гоҳ аз интернет барои нома навиштан ва хондани хабарҳо истифода мекунад. Ҷойи ҳайрат нест, ки ҳеч кас аз пайдо шудани видеои таҳқиру тавҳини ду зани ин маҳал дар интернет хабар наёфтаву бо гузашти чанд рӯз наметавонанд шахсияти он занонро муайян кунанд.
Ба ин тартиб, бо вуҷуди он ки 23 сол аз истиқлоли Тоҷикистон сипарӣ мешавад ва мансабдорон борҳо аз иҷрои барномаҳои компютеркунониву таъсиси “ҳукумати электронӣ” сухан мегӯянд, аммо аксари онҳо ҳамоно тавассути почта ё факс нома мефиристанду мегиранд ва компютерро умдатан барои навиштану чоп кардан кор мебаранду бас.