Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: "Почта"-и ғайриоддии ҷавонони ошиқ дар Фархор


Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор ҷавонҳоеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки бо навиштаҳои ошиқона дар дарахтҳо ба Боғи фарҳанги ноҳия осеб расонидаанд.

Масъулони Боғи фарҳангу фароғати Фархор аз онҳое, ки дар танаи дарахтони ин боғ ҳарфи аввали исми дӯстдухтарҳои худро “кандакорӣ” кардаанд ва ё паёми ошиқона навиштаанд, ба ШКД шикоят бурдааст. Дар сурати ошкор шудани ҷавонҳои ошиқ мақомоти пулис онҳоро ба пардохти ҷарима маҷбур мекунад. Ҷарима барои хароб кардани долу дарахт баробар ба авбошӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ аст ва аз 150 то 300 доллар ҷарима дорад.

Хосият Раҷабова, масъули идораи фарҳанги ноҳияи Фархор мегӯяд, ин “кандакорӣ”-ҳоро ҷавонон дар давоми ду се моҳи ахир анҷом додаанд ва агар масъулон огаҳ намешуданд, эҳтмолан ин амал миёни ҷавонони ноҳия расм мешуд.

Ин масъул мегӯяд, дақиқ нест, ки ҷавонҳо кай исми дӯстдоштаҳои худро ба дарахтҳо заданд, аммо тахмин мекунад, ки эҳтимолан ин амал дар гармои тобистон, дар ҳоле анҷом шудааст, ки боғ холӣ аз мардум ва мақомот низ дар атроф набуданд.

Хосият Раҷабова гуфт: “Ин як бадахлоқӣ аст, ки бархе аз ҷавонон бо ёфтани фурсати барои худ муносиб долу дарахтро хароб мекуанд. Наход, ки дилро дар дарахт бикашӣ? Навиштани аввали ҳарфи ном чӣ маънӣ дорад, ман намефаҳмам. Ба ҳар ҳол, ҳоло кормандони милиса дар Боғ патрул гузоштаанд, то дарахтҳоро хароб накунанд.”

Ба думболи ин, мақомот тани дарахтҳоро ранг карданд, то навиштаҳо нонамоён шавад, аммо баъзе ҷавонҳо ҳарфҳоро дар қисмати болои танаи дарахтон низ “ҳаккокӣ” карданд, ки пӯшонидани онҳо бо ҳеҷ ранге имкон надорад. Ба назар мерасад, ки акнун, то дарахтҳо ҳастанд, акси дил, исм ва аломатҳои ҷамъу тарҳ низ дар онҳо боқӣ хоҳад монд.

Як ҷавони сокини Фархор, ки иқрор шуд, муаллифи яке аз ин “кандакорӣ” –ҳои боғи Боғи фарҳанги Фархор будааст ҳаст, гуфт, ӯ ҳарфи “Л”, ҳарфи аввали исми духтареро, ки сахт дӯсташ медорад, дар яке аз дарахтҳо чунон ба шиддат кандакорӣ кард, ки гумон аст, ки онро ҳатто боду борон нест кунад.

Ин ҷавон гуфт: “Дар як мактаб бо ӯ мехондам, вале умуман ба посухҳои ман ҷавоб надод. Сад бор гуфтам, ки дӯсташ медорам, вале қабул накард. Дар танаи дарахт навиштам ва ба дугонааш гуфтам, ки ин корро ман кардаам. Гуфтам, ки ба ӯ бигӯ, ки барояш ҳар корро мекунам. Дигар ҳоло аз ӯ ҳеҷ ҷавобе нагирифтаам ва умедворам, ки бо ин кор дилаш гарм шудааст.”

Аммо ҷавонони дигар дар ин ноҳия чунин шеваи изҳори муҳаббатро қабул надоранд. Ҷонибек, як ҷавони маҳаллӣ мегӯяд, ҳеҷ мувофиқ нест, ки ба хотири ким кадом духтари номаълум ба дарахтон осеб бирасад: “Даҳҳо роҳе вуҷуд дорад, ки ба дӯстдоштаат изҳори муҳаббат кунӣ. Ба телефони мобилиаш шеърҳои ошиқона равон кардан ва суханҳои хуб навиштан беҳтар аз он аст, ки дар танаи дарахт номи ӯро нависӣ.”

Дар ҳоле ки ҷавонони замонавӣ ба пайғомҳои ишқомез аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакҳои телефонӣ тарҷеҳ медиҳанд, навиштани рамзҳои ошиқона дар дарахтон шеваи ишқварзии падару бобоҳои онҳоро ба ёд меорад, ки солҳои набудани мобилу интернет ишқи худро ба ин восита ба самъи дӯстдоштаҳояшон мерасониданд.

Боғи фарҳангу фароғати ноҳияи Фархор, ки соли гузашта бо маблағи наздики 3 миллион сомонӣ таъмиру бозсозӣ шудааст, ба гуфтаи масъулонаш, аз дасти чунин “ҷавонони ошиқ” рӯ ба харобӣ овардааст.

XS
SM
MD
LG