Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телефони ҳушманд ҳаёти деҳотиёнро видеоӣ ва MMS-ӣ кардааст


Телефонҳои ҳушманд ба сокинони деҳоти дурдасти Тоҷикистон имкон медиҳанд, видео-сӯҳбатҳо дошта бошанд ва ба ҳамдигар акс фиристанд.

Сокинони рустои Кучим, ҷамоати ­Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, дар вилояти Хатлон мегӯянд, агар то 10-15 сол пеш телефони ҳамроҳро танҳо дар филмҳо медиданд ва ҳайрон мешуданд, акнун дидани телефони ҳушманд ё смартфони замонавӣ дар дасти кампиру муйсафедҳои ҳамдеҳа, ки бо фарзандонашон ҳолпурсӣ мекунанд, онҳоро ҳайрон намекунад. Дар ин деҳа, ки 20 хонавода дорад, 70 дар сади афроди аз 15 ба боло телефони мобил доранд ва моҳе аз 10 то 20 долларро харҷи гуфтугӯҳои телефонӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, телефони ҳамроҳ азизони раҳдурро ба онҳо наздик кард, то ҳадде, ки бо пардохти харҷи интернет метавонанд, на танҳо садои фарзандонро бишнаванд, балки сурати онҳоро низ бубинанд.

Дар ҳоле, ки мардуми ин деҳа тавоноии телефонҳои мобилро пурра намедонанд ва аз имконоти он барои дарёфти хабару гузоришҳо истифода намекунанд, аммо чанд тугмаеро аз ёд медонанд, ки метавонад мушкили онҳоро ҳал кунад. Сарвари ин деҳа, Муҳаммадусмон Ҳамдамов, мегӯяд, ки ҳарчанд суръати интернет дар ин ҷо чандон тез нест, мардум имкон доранд, бо фарзандони муҳоҷири худ дар Русия баҳузур сӯҳбат кунанд. Дар ин деҳкада хонаводае нест, ки як-ду нафари онҳо дар Русия кор накунад ва телефони мобил барои модарони муҳоҷирон, ҳамсарони ҷавони онҳо ва албатта кӯдакони онҳо ягона василаи боҳам будан аст. Бархе аз хонаводаҳо бо пайвандони роҳдури худ ба воситаи барномаи "Скайп" гуфтугӯҳои мустақими видеоӣ баргузор мекунанд, хурдсолои хонадон, вазъи хона ё киштзору кӯчаҳои деҳаро ба онҳо нишон медиҳанд.

Аммо наврасҳои деҳкада, ки ҳоло барои рафтан ба муҳоҷират ду-се соли дигар вақт доранд, телефони мобилро барои ворид шудан ба шабакаи иҷтимоии“Одноклассникӣ” истифода мекунанд. Модарони онҳо мегӯянд, аз ин ки бачаҳои наврасашон чашм аз экрани телефон намекананд ва худ ба худ механданд, нигаронанд. Бисёри онҳо дар шабакаҳо на хабар, балки дӯстдухтар меҷӯянд, коре ки барои ҷавонҳои шаҳрӣ осон, вале барои бачаҳои рустоӣ мушкил аст.

Фарзандони муҳоҷир ба падару модар ва ҳамсарони худ телефонҳои ҳушманд тӯҳфа мекунанд, ки бо истифода аз онҳо акс фиристанду акс гиранд. Сулҳия Ҳомидова як сокини деҳкада бо ҳамин гуна телефон барои писараш арӯс интихоб кард. Писари ӯ дар Русия бо духтаре аз шаҳри Қӯрғонтеппа риштаи дӯстӣ баст ва акси духтарро ба модараш MMS кард. Модар арӯсро “хуш кард” ва баъдан тӯю тамошо барпо шуд

Дар кӯчаю хиёбонҳо телефонҳои сарироҳӣ, ки таксафон мегуфтанд қариб, ки нест ва бештари мардум аз телефони ҳамроҳ истифода мекунанд ва пиронсолоне ҳастанд, ки бо бори аввал гирифтани телефони мобил, аз кори он дар ҳайрат мондаанд. Дар бораи рӯзҳои аввали мобилдор шудани деҳотиён худи онҳо қиссаҳои ҷолиб нақл мекунанд. Масалан, вақти сӯҳбат бо садои сабтшудаи оператор, ки ба таври автоматӣ пахш мешавад ва ҳозир будан ва набудани муштариро ба соҳиби телефон хабар медиҳад, деҳотиён тавре рафтор мекарданд, ки гӯё соҳиби овоз онҳоро мешунавад.

Бибӣ Абдуллоева, як сокини рустои Кучим мегӯяд, ки модари пираш телефони мобилиро «мебелнӣ» гуфта мепурсидааст, ки чаро ин телефон симҳои дароз надорад: «Модарам телефони мобилро намедонист ва мегуфт, ки симҳояш дар куҷоянд, барояш мегуфтам, ки ин телефони мобилист, вай мегуфт «мебелнӣ»? Хандаовар буд. Дар аввал намехост, ки телефони дастӣ харем, вале бад одат кард ва бо пайвандонаш сӯҳбат карданро омӯхт.»

Истифодаи телефони ҳамроҳ, ки чанд сол пеш дар дасти мансабдорҳо ва соҳибкорҳо буд, ҳоло фаротар ба рустоҳо ва деҳкадаҳои дурдаст низ рафтааст, шояд барои он ки беш аз ҳама онҳо ба чунин робитаи осон бо ҷаҳони беруна ниёз доштанд,

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша ба мардум гӯшрас мекунанд, ки сокинони кишвар даркору нодаркор аз телефони мобил истифода ва соатҳоро сарфи сӯҳбатҳои нозарур накунанд. Мардум ин сӯҳбатҳоро хуш доранд ва сарфи назар аз таъкидҳои бамаротиби ҳукуматдорҳо теъдоди корбарони телефони ҳамроҳ бештар ва ширкатҳои мобилӣ низ сарватмандар мешаванд.

XS
SM
MD
LG