Волии Балх Ато Муҳаммади Нур, маъруф ба Устод Ато, гуфтааст, ки дар ҳоли ба нафъи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзад ба маснади президенти Афғонистон ҳал нашудани баҳси сари натиҷаҳои интихобот, даст ба шӯриши мардумӣ мезанад.
Ин матлабро ӯ ба рӯзномани амрикоии «Вашингтон пост» баён дошта, афзудааст, ки “мо хостори як буҳрон нестем, балки мехоҳем аз ҳаққи худ дифоъ кунем, ба ин хотир, даст ба шӯриши саросарӣ мезанем ва биноҳои ҳукуматиро тасарруф мекунем.”
Аҳмад Навид Ғиёсӣ, яке аз ҷонибдорони волии Балх, мегӯяд, мардуми вилоят дар канори раҳбари худ хоҳанд истод: «Омодаи ин ҳастанд, ки агар раҳбар ба ҳар унвоне ишорае барояшон бикунад, аз ҳаққи худ дифоъ кунанд ва дар муқобили зулме, ки дар ҳаққашон мешавад, ба по истанд. Дар Афғонистон масоили интихоботӣ ҳанӯз ҷоуфтода нашудаанд. Аз 300 сол ба ин сӯ як гурӯҳ бар инанд, ки танҳо онҳо ҳаққи роҳбарӣ доранд. Инҳо умуман намефаҳманд, ки демократия чист. Ба ҳамин иллат аст, ки мо мардуми Афғонистон ба сутуҳ омадаем ва бояд пеши роҳи ин беадолатиро бигирем.»
Ато Муҳаммади Нур, аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди Шимоли Таҳти роҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки аз соли 2004 ба ин сӯ волии Балх аст. Балх дар ин муддат дар қиёс бо дигар вилоёти Афғонистон аз лиҳози иқтисодӣ хеле пеш рафт.
Волии Балх дар интихоботи президентии соли 2009 низ ҷонибдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ буд. Он замон президенти кунунӣ Ҳомид Карзай пирӯз омад ва рақибаш ҳам зиёд сари ҳаққи худ пойфишорӣ накард.
Аммо пас аз даври дуввуми интихоботи президентии соли равон, ки 14 июн баргузор шуд, Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, рақиби Абдуллоҳ Абдуллоҳро пирӯз эълон кард. Ин натиҷаро ҷонибдорони ахирӣ, аз ҷумла Ато Муҳаммади Нур қабул накарданд, ба он хотир, ки натиҷаҳои раъй дасткорӣ шудаанд. Таҳти фишорҳои байнулмилалӣ Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон ба шумориши дубораи раъйҳо ба манзури ҷудо кардани раъйи пок аз нопок оғоз намуд.
Бо дахолати Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии Амрико номзадҳо ризоият доданд, ки як ҳукумати ваҳдати миллиро ба вуҷуд оранд. Бино бар он, номзади пирӯз президент ва барои мағлуб вазифаи садри аъзам, ё нахуствазирӣ эҷод мешавад ва ҳарду мақомҳои калидиро тақсим мекунанд. Аммо тими Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай эълон кард, ки як кишвар наметавонад ду раҳбар дошта бошад.
Фозил Санчоракӣ, сухангӯи тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ, мегӯяд, Устод Ато шарт нагузоштааст, ки бояд ҳатман Доктор Абдуллоҳ пирӯз эълон шавад, балки ӯ тариқи тақаллуб ба қудрат расидани як ҳукумати нав дар Афғонистонро қабул надорад: «Устод Ато мутаваҷҷеҳи воқеиятҳои талх аст. Вай хуб медонад, ки ҷониби муқобил раъй надорад. Ба гунаи мисол, 4 ҳазор қуттии интихоботӣ, агар ҳар яке 500 раъй дошта бошанд, 1,5 то 2 миллион раъй вуҷуд дорад, ки касе намедонад аз кадом маҳал омадаанд. Мо мегӯем, инҳо қабул нашаванд, аммо ҷониби муқобил мегӯяд, ки вориди систем шавад. Қабул надоранд. Агар ҳамин тур ҳисоб кунанд, ҳамон гапи Устод Ато мешавад.»
Файзулло Закӣ, сухангӯи тими Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, аз шарҳи матлаб худдорӣ кард. Аммо Намояндаи Дафтари матбуоти президенти Афғонистон гуфт, изҳороти волии Балхро шарҳ намедиҳад. Одила Роз, муовини сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Раиси ҷумҳур Ҳомид Карзай бо ишора ба таъсироти манфие, ки тӯлонӣ шудани барномаи интихобот бар вазъияти амниятӣ ва зиндагии одии мардум ба ҳамроҳ доштааст, гуфт, ки натиҷаи интихобот дар мӯҳлати муайян эълон шуда, Афғонистон бояд то 15 рӯзи оянда раисиҷумҳур ва ҳукумати ҷадид дошта бошад.”
Номзад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай низ рӯзи 12 август ба хабарнигорон гуфт, натиҷаҳои интихобот бояд то поёни моҳи август эълон шавад. Бӯҳрони интихоботӣ дар дохил ва беруни Афғонистон нигарониҳои зиёдеро ба миён овардааст. Вале коршиносон сабабҳои дигари изҳороти ахири Ато Муҳаммади Нурро низ зикр мекунанд.
Ваҳиди Мужда, яке аз кормандони вазорати корҳои хориҷии замони Толибон, мегӯяд, ҳушдори Ато Муҳаммади Нурро нерӯҳои дахил дар қазияи Афғонистон бояд нодида нагиранд, зеро ӯ як чеҳраи матраҳ, маҳбуб ва сарватманд дар Шимоли Афғонистон ва вилояти калидии Балх аст: «Ман эҳтимоли зиёдро ба ин медиҳам, ки Устод Ато дар шимол як ҳукумати мавозиро эълон мекунад ва мегӯяд, ки ҳукумати мо машрӯият дорад ва ҳукумати Кобул номашрӯъ аст, зеро бар пояи тақаллуб сари кор омадааст. Сипас бо ӯ вориди музокирот мешаванд. Зеро дар ин музокироте, ки сурат гирифт, ҷойгоҳи Устод Ато комилан номушаххас аст. Мехоҳанд ё на, ӯ дар шимоли Афғонистон раҳбари қудратманд аст ва бояд ҷойгоҳаш мушаххас шавад.»
Ваҳиди Мужда бо ишора ба хусумати деринаи миёни Ато Муҳаммади Нур ва Абдулрашиди Дӯстум, пешвои ӯзбакҳои Афғонистон, мегӯяд, ахирӣ дар канори Аҳмад Ғанӣ Аҳмадзай қарор дорад ва ин ба он маъност, ки дар ҳоли президент эълон шудани ӯ Балх аз дасти аввалӣ меравад.
Коршинос инро ҳам таъкид мекунад, ки мавқеияти Ато Муҳаммади Нур ва ҷонибдоронаш дар шимоли Афғонистон, ки умдатан тоҷиконанд, хеле қавист, яъне ин як мушкили қавмист ва бидуни шак, роҳ ба сӯи хушунатҳоро боз мекунад. Аз нигоҳи ӯ, беҳтар аст, Ҷон Керрӣ, вазири корҳои хориҷии Амрико, дафъаи дигар бо волии Балх низ мулоқот ва ҷойгоҳи ӯро муайян кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад