Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай баъд аз музокироти ду рӯза, ки бо миёнҷигарии вазири умури хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ анҷом ёфт, эълон карданд, ки ба хотири масъулиятҳои таърихие, ки дар баробари мардуми худ доранд, ба як созиш расиданд. Оқои Абдуллоҳ ва Аҳмадзай гуфтанд, натиҷаҳои интихобот баъд аз тафтиши оро қобили қабули онҳо мебошад.
Ин ду номзади даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи ҷумъа бо Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико тайя як нишасти хабарӣ дар Кобул аз тавофуқ дар мавриди таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ хабар дода ва гуфтанд, ки ин тавофуқ бо дарназардошти Қонуни асосии Афғонистон сурат гирифтааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин нишасти хабарӣ гуфт, натиҷаи ниҳоии интихобот пас аз такмили раванди тафтиши оро аз сӯи ҳар ду тими интихоботӣ мавриди қабул хоҳад буд ва ҳар ду тим бо ҳамкории ҳамдигар ҳукумат ташкил хоҳанд дод.
Аз сӯи дигар Ашрафғанӣ Аҳмадзай гуфт, ҳадаф аз тавофуқи ба дастомада дар бораи эҷоди ҳукумати ваҳдати миллӣ, таъмини субот дар Афғонистон аст ва мардум мутмаин бошанд, ки ҳар ду номзад мутобиқи Қонуни асосии Афғонистон кор хоҳанд кард.
Ҷон Керри вазири умури хориҷии Амрико аз созиш миёни ду номзад истиқбол карда ва гуфт, бунбасти интихобот бар мардуми Афғонистон таъсири манфӣ гузошта ва ба ҳадафи вусъат бахшидани раванди тафтиши оро, ниёз ба афзоиши нозирони хориҷӣ дар ин раванд аст.
Дар даври якуми интихоботи президентии Афғонистон дар таърихи 5 апрел доктор Абдуллоҳ 45 дарсад ва Аҳмадзай 31 дарсад раъй оварданд ва дар натиҷа ин ду номзад, ки дар гузашта дар ҳукумати раисиҷумҳури феълӣ Ҳомиди Карзай яке вазири хориҷа ва дувумӣ вазири молия буд, ба даври дувум роҳ ёфтанд.
Вале бар асоси натиҷаҳои муқаддамотии даври дуюм, ки Кумиссиюни мустақили интихобот рӯзи 7 июл эълон кард, дар ин навбат Ашрафғанӣ Аҳмадзай 56,44 дарсад ва Абдуллоҳи Абдуллоҳ 43,56 дарсад овоз гирифтаанд. Абдуллоҳ ва тарафдоронаш ин рақамҳоро “эълони натиҷаҳои тақаллуб” унвон карда, гуфтаанд, ки ин натиҷаҳоро “ҳеҷ гоҳ – на имрӯз ва на фардо”эътироф нахоҳанд кард.