Бино бар хабари Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, раисиҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзҳои 12-14 сентябр дар сафар ба Душанбе на танҳо дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат мекунад, балки як боздиди расмӣ аз Тоҷикистон низ хоҳад кард.
Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 7-уми август зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "омодагӣ ба сафари расмии қарибулвуқӯи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури исломии Эрон дар дидори Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Исмоили Маҳсулӣ, муовини вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе матраҳ шудааст."
Ин нахустин сафари расмии Ҳасан Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон аз замони раисиҷумҳур интихоб шуданаш хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки наздик ба як сол боз Эрон дар Тоҷикистон сафир надорад ва муносибати Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон аз бархӯрди пешиниёнаш ба монанди Маҳмуди Аҳмадинажод ва Муҳаммади Хотамӣ, ки дар фосилаи кӯтоҳ ба Тоҷикистон сафар мекарданд ё аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Терҳон пазироӣ мекарданд, фарқ мекунад.
Ба андешаи соҳибназарон сабаб дар он аст, ки аз замони раисиҷумҳур интихоб шуданаш Ҳасанип Рӯҳонӣ саргарми ҳалли баҳси ҳастаии Ҷумҳурри Исломӣ бо қудратҳои ғарбист ва дар ин ришта то ҷое комёб низ гашта, шиддати равобити Эронро бо Ғарб коҳиш додааст.
Рашид Исломӣ, мушовири сиёсии сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, бо тағйири давлатдар Эрон масъалаҳои бартаридоштаи он низ иваз шуданд ва ин кишвар на танҳо дар Тоҷикистон, балки кишварҳои зиоёде ҳанӯз сафирони нави худро таъин накардааст: «На фақат Тоҷикистон, балки ҳудуди 25 то 30 кишвар дар ҷаҳон ҳастанд, ки Эрон сафирҳояшро нафиристодааст.»
Эҳтимол меравад, дар ҷараёни сафари расмии Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон сафири нави ин кишвар иниз муаррифӣ шавад. Ҳанӯз дар моҳи марти соли равон расонаҳои Эрон ва Тоҷикистон навишта буданд, ки номзадии Сайид Алӣ Мунҷонӣ, дипломати 45-солаи эронӣ дар миён аст. Мунҷонӣ ҳоло дар сафорати Эрон дар Фаронса кор мекунад, забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва арабиро медонад ва муаллифи беш аз 15 китоб, аз ҷумла “Суруди аҳли Бухоро”, “Паймони миллат” ва “Мероси исломии мо” аст. Зимнан сафирони қаблии Эрон дар Тоҷикистон низ даст ба кори илму адабу фарҳанг доштанд.
Аз расми савганди Ҳасани Рӯҳонӣ ба ҳайси президенти Эрон беш аз як сол мегузарад, ки ба назари кошиносон, ин баҳонаи норӯшаниҳо дар муносибатҳои ин кишвар бо Тоҷикистон буда наметавонад. Онҳо мегӯянд, сардии муносибатҳои ду кишвар мумкин аст ба қазияи Занҷонӣ, сипас, қарзи «Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳи “Сангтӯда 2” ва ҳам нақби “нотамом”-и “Истиқлол” бастагӣ дошта бошад.
Аммо оқои Рашид Исломӣ мегӯяд, қазияи Занҷонӣ дар қисмати Тоҷикистон такмил шуда, қарзи «Барқи тоҷик» ҳам ҳал шудааст. Вай афзуд, барои ду кишвари бародар ин ҳарфҳо наметавонанд сарнавиштсоз бошанд.
То сафари расмияш ба Тоҷикистон Ҳасани Рӯҳонӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27-уми марти соли равон дар Наврӯзи байнулмилалӣ дар Кобул ва сипас 13-уми сентябр дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек дидор ва гуфтушунид доштаанд.
Эрон бо наздик ба 300 миллион доллар ҳаҷми солонаи табодули молу коло аз ҳамкорони умда дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, аз сармоягузорони муҳими иқтисоди ин кишвари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Эрон нахустин кишвари хориҷист, ки ҳанӯз дар таърихи 9 январи соли 1992 сафораташро дар Душанбе боз кард. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъолият дошта, байни ду кишвар тайи 22 соли равобит беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Умдатарин тарҳҳое ки бо сармоягузории Эрон дар Тоҷикистон иҷро шудаанд, яке бунёди нақби Истиқлол(Анзоби собиқ) бо 40 миллион доллар таъмини молии Теҳрон аст ва якеи дигар – тарҳи нирӯгоҳи дувуми Сангтӯда, ки бо 180 миллион доллар сармоягузории Эрон сохта мешавад.
Равобити Теҳрону Душанбе бахусус дар аҳди Маҳмуди Аҳмадинажод, ки тавонист бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон равобити хеле наздик ва ба таъбири худи - "бародарона"-ро ба роҳ монад, таҳким ёфт. Ба ҳадде ки дар тӯли 8 соли раёсаташ, бино ба ҳисобҳо, Маҳмуди Аҳмадинажод бо раҳбари ҳеҷ як кишвари дигаре ин қадар мулоқоти рӯбарӯ надоштааст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон. Раҳбари Тоҷикистон низ аз соли 2006 ба ин тараф бештар аз ҳама ва бо майли бештарин ба дидори “дӯсти теҳронӣ”-аш мешитофт.
Тоҷикистон дар ивази кӯмакҳои зиёди иқтисодии Теҳрон, аз Ҷумҳурии Исломӣ дар истодагариаш дар баҳси барномаҳои ҳастаӣ бо Ғарб ҳимоят мекард ва ҳамеша ба ҳаққи Эрон барои таъқиби барномаи ҳастаӣ ва зарурати ҳалли ин баҳс аз роҳҳои дипломатӣ исрор меварзид.