Гуфтаҳои ахири раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ки “ин қадар ба умури хусуии мардум дахолат накунед, мардумро намешавад бо зарби шаллоқ ба биҳишт бурд”, рӯҳониёни саршиноси Эронро хашмгин кардааст.
Агар танқидгарони дохилии давлати Ҳасани Рӯҳониро, ки умдатан аз ҷараёнҳои тундрав ва муҳофизакори усулгаро ҳастанд, як сӯ гузорем, чандест, ки бархе аз рӯҳониёни баландпояи муҳофизакор низ ба интиқоди амалкардҳои давлати Ҳасан Руҳонӣ ва ё шахси раиси ҷумҳури Эрон оғоз кардаанд.
Дар тозатарин танқидҳо, ки хабаргузории “Форс” рӯзи сешанбе нашр кард, Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ, узви Маҷлиси Хубрагон дар ҷамъи Сипоҳи Посдорон дар Қум аз дипломатияи гуфтугӯ бо Ғарб барои лағви таҳримҳо ба шиддат интиқод кард ва бидуни ном бурда аз нафаре гуфт, касоне имрӯз дар болотарин мақомҳо дар садади лағви таҳримҳо ҳастанд, ки бо аҳдофи Оятулло Хомайнӣ ва ба гуфтаи ӯ шаҳидон мухолифат мекунад.
Чанде пеш низ Оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ дар изҳороти монанд ба шеваи гуфтугӯҳои ҳастаӣ дар заминаи бардоштани таҳримҳо эрод гирифта буд. “Фиреби Амрикоро нахӯред, дурӯғ аст, иззати мардумро мефурӯшед, хунҳои ҳазор шаҳидро дар тули ин сиючанд сол ба бод медиҳед, то ин ки чанд доллар аз пулатон ба шумо баргардонанд? Бадтараш ин аст, ки мо аз баҳри имому раҳбарӣ ҳам бигзарем”- гуфт Оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ.
Дар интиқоди дигар Аҳмади Аламулҳудо, имоми намози ҷумъа дар Машҳад рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо сайти интернетии “Субҳи Тус” гуфт, “бадбахтии мо дар он ҷоест, ки Ҳасани Рӯҳонӣ ҳарфҳои даврони фитнаи соли 1988-ро мезанад.”
Аламулҳудо изҳороти ахири Рӯҳонӣ дар бораи таҳаммулпазирӣ дар умури диниро кори иштибоҳ хонд ва онро ба пуштибони аз ҷараёни секуляр ё дунявӣ ва бедин нисбат дод.
Тақии Раҳмонӣ, фаъоли миллӣ- мазҳабии муқими Порис мегӯяд, ҳарфҳои ахири Ҳасан Рӯҳонӣ, ки мардумро намешавад ба зӯр ба биҳишт бурд, як навъ ба чолиш кашидани ҳукумати динӣ ҳам ҳаст.
Ӯ барномаи аслии интиқодҳоро, ки ҳоло аз забони рӯҳониёни бонуфуз садо медиҳад, талоши суннатӣ кардани оқои Рӯҳонӣ ва эҷоди хати машши ягона дар ҳукумат унвон кард. Тақиии Раҳмонӣ мегӯяд, “ин рӯҳониёни тундрав одат доштанд, ки дар тӯли ҳашт соли гузашта ҳарчӣ хостаанд, гуфтанд ва карданд, вале дастовардҳои бисёр манфӣ насиби ҷомеа шуд ва ҳатто ҷиноҳи ростро дар сиёсат дучори мушкил кард.”
Дар намози ҷумъаи ҳафтаи пеши Теҳрон, бо имомати Аҳмади Хотамӣ, узви Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ, ӯ низ интиқодоте ба гуфтаҳо ва амалкарди Ҳасани Руҳонӣ дошт. Ҳамчунин Аббоси Каъбӣ, як узви дигари Маҷлиси Хубрагони раҳбарӣ, рӯзи душанбе дар сӯҳбат бо хабаргузории “Расо” аз Ҳасани Рӯҳонӣ хост, ки шеваи гуфторашро тағйир диҳад то ба гуфтаи ӯ ҷомеа дучори ташвиш ва илтиҳоб нашавад.