Масъулони ҷашнвораи театрии ҷавонон - "Нигоҳи нав" – мегӯянд, ин ҷашнвора бе сарпараст, бе толор ва ҳатто бе пул ҳам аз 12 то 22 май доир хоҳад шуд.
Далери Имомалӣ, масъули барномаҳои фарҳангии ҷашнвора рӯзи 11 май ба Радиои Озодӣ гуфт, "Нигоҳи нав" рӯзи 12 май бо мастер-классҳо шурӯъ мешавад ва аз 16 то 20 май ҳамаи 7 гурӯҳи ҳунармандони ҷавон, ки дар он ширкат мекунанд, намоишҳои тайёркардаашонро ба маърази тамошо мегузоранд: “Аммо мо то ҳол бемаконем. Рӯзи 16 май қисмати асосии ҷашнвора бояд оғоз шавад, вале мо то ҳол толори аниқ надорем.”
Қаблан вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов хоста буд, то барои “Нигоҳи нав” толорашро ҷудо кунад. Вале мудири театри ҷавонон гуфтааст, толорро бепул дода наметавонад.
Далели Имомалӣ мегӯяд, онҳо ҳатто дар мавриди таъмини макони дарс барои мастер-классҳо мушкил доранд: “Вазорати фарҳанг, албатта, ба Донишкадаи санъат супориш дод, ки барои мо синфхонаҳо ҷудо кунанд. Вале дар донишкада ба мо ҷадвали дарсҳояшонро нишон доданд ва гуфтанд, ки синфхонаашон дар рӯз ҳамагӣ ду соат холӣ мешавад. Хушбахтона, Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки мо метавонем мастер-классҳоямонро дар яке аз ҳуҷраҳои Кохи синамо гузаронем.”
Далери Имомалӣ мегӯяд, мастер-классҳо барои ҳунармандони ҷавони тоҷикро имсол ду коргардони театр аз Норвегия – Клиф аз театри сиёҳпӯстони ин кишвари аврупоӣ ва Амир Мирзоӣ, раҳбари ҷашнвораи байналмилалии Румӣ дар Осло – хоҳанд бурд: “Мо солҳои гузашта устодони театри тоҷикро барои тадрис даъват мекардем. Имсол хостем, то ба ҳунармандони ҷавони тоҷик сабкҳои ҷадиди театриро биомӯзонем ва ба ҳамин далел аз Норвегия даъват кардем ин ду устодро барои бурдани мастер-классҳо.”
Ҷашнвораи театрии ҷавонон – “Нигоҳи нав” ду сол боз доир мешавад. Аммо дар ин ҳафта масъулони бонги изтироб заданд, ки бо онки то ифтитоҳи “Нигоҳи нав” чанд рӯзи дигар мондааст, то ҳол ягон дирам аз спонсорҳо барои баргузории он ҷамъ нашудааст ва ҳатто макони баргузориаш ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Ба гуфтаи масъулони “Нигоҳи нав”, имсол ба ҷашнвора 4 гурӯҳи ҳунармандони ҷавон, ки Донишкадаи санъатро хатм карда ваё ҳанӯз донишҷӯянд, вале гурӯҳҳои мустақили театриашонро таъсис додаанд, ширкат хоҳанд кард. Дар ҷашнвораи соли гузашта 9 гурӯҳи театрӣ ширкат дошт. Ба гуфтаи Далери Имомалӣ, як сабаби коҳиши шумори гурӯҳҳои ширкаткунанда дар соли ҷорӣ ҳам камбуди молист.
Ҷашнвораи соли гузашта як шоҳҷоиза бо 500 доллар ва чанд ҷоизаи хурд бо иловаи 200-долларӣ дошт. Имсол, ба гуфтаи масъулонаш, “Нигоҳи нав” боз ҳам ба далели камбуди молӣ танҳо бо тақдими ифтихорномаҳо ва ҷомҳое, ки ширкати “Рухом” сохтааст, иктифо хоҳад кард ва ҷоизаҳои пулӣ надорад.